• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Як пиёла чойи донишҷӯён

Дар кафедраи методикаи таълими физикаи факултаи физика бо иштироки донишҷӯёни бахши 4-уми ихтисоси физика-метематика таҳти роҳбарии куратори гурӯҳ Г.Бобониёзова дар мавзӯи «Физика ва як пиёла чой» чорабинии тарбиявӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ, инчунин, декани факулта Ш.Раҳмонов ва донишҷӯёни фаъоли курсҳои 1-уму 4-ум ширкат варзиданд.

Ҷамъомадро куратори гурӯҳ Г.Бобониёзова оғоз кард ва сардори гурӯҳ Ф.Самадзода идома бахшид. Чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯён бо маҳорати баланд гузаронида шуд.

Боиси тазаккур аст, ки дар маҳфил муҳассилин тариқи ҷӯшонидани обро ташреҳ бахшиданд. Таъкид гардид, ки дар раванди ба ҷӯш омадани об чанд марҳилаи физикӣ вуҷуд дорад. Яъне, дар чӣ қадар ҳарорат об меҷӯшад, ҳавл аз куҷо падид меояд, чӣ гуна молейкулаҳо пайдо мешаванд ва ғайра. То муддате ки об барои чой дам кардан ба ҷӯш омад, донишҷӯён барномаеро амалӣ карданд, ки аз қироати шеърҳои маънои физикидошта, саволу ҷавоб, таҷрибаҳои физикӣ ва викторинаҳо иборат буд. Чорабинӣ аз ҷониби ширкаткунандагон хуб пазируфта шуд.

Нурулло САЛИМОВ, донишҷӯи соли 4-уми факултаи физика

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj