• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Чаро чанд факулта бетаваҷҷуҳӣ карданд?

Бо ташаббуси Маркази дастгирии донишҷӯён 22-юми апрел бахшида ба Рӯзи Замин дар боғи Ирам тренинги омӯзишӣ дар мавзӯи «Мушкилоти муосири экологӣ» гузаронида шуд.

Сараввал роҳбари маркази мазкур Баҳодури Абдулло дар бораи Замин ва мушкилиҳои глобалии экологӣ маълумот дод. Сипас, бо донишҷӯён дар мавзӯъҳои «Обшавии пиряхҳо ва сабабҳои он», «Зиёдшавии нақлиёту корхонаҳо ва таъсири онҳо ба муҳити зист» ва «Партовҳоро дар куҷо бояд партофт» суолу посух доир гардид.

 

Дар рафти тренинг бозиҳои шавқовар, ки ба қобилияти фикрронии донишҷӯён ёрӣ мерасонданд, ба табъи иштирокдорон шодӣ зам мекарданд. Баҳодури Абдулло қайд намуд, ки ташкили чунин тренингҳо пас аз дарс ба болидарӯҳии донишҷӯён мусоидат мекунад ва баъдан, таваҷҷуҳи онҳоро ба мушкилоти имрӯзаи ҷаҳонӣ ҷалб менамояд. Мутаассифона, аз факултаҳои забони англисӣ, педагогика, забонҳои романӣ-германӣ, иқтисодиёт ва идоракунӣ дар соҳаи маориф дар ин омӯзиш ягон нафар иштирок накард, дар ҳоле, ки аз ҳар факулта раиси созмони ҷавонон бо панҷ нафар донишҷӯ даъват шуда буданд.

Илҳоми АБДУЛЛО

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj