• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
менюхо

Собиқ ректорони донишгоҳ

1. ПӮЛОТОВ Абдуҳамид (тав. соли 1903, деҳаи Ҷӯи Даштаки вилояти Самарқанд – ваф. соли 1991, ш. Самарқанд), ходими давлатӣ ва ҷамъиятии шӯравӣ. Солҳои 1920–1921 дар мактаби шӯравӣ ва ҳизбӣ таҳсил кардааст. Солҳои 1924–1925 дар шӯъбаи маорифи ш. Самарқанд кор кардааст. Солҳои 1925–1931 дар Донишгоҳи Коммунистии Осиёи Миёна ба номи В. И. Ленин таҳсил намудааст. Солҳои 1931–1932 ҳамчун аввалин директори Донишкадаи  омӯзгории ш. Сталинорбод кор кардааст. Солҳои 1932–1934 котиби кумитаи ҳизби коммунистии ноҳияи Заҳматобод (ҳозира ноҳияи Айнӣ), 1934–1935 директори Донишкадаи омӯзгории ш. Сталинобод буд.

Барои хизматҳояш бо унвони фахрии «Ходими шоистаи маданияти ӯзбекистон» (1977) ва ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии ҶШС ӯзбекистон сарфароз гардидааст.

2.КЕНҶАЕВ Тоҳир (тав. соли 1907, ноҳияи Конибодом – ваф. маълум нест), ходими давлативу ҷамъиятӣ. Солҳои 1925–1930 аъзои комсомол ва аз соли 1930 аъзои Ҳизби Коммунистии ИҶШС буд. Солҳои 1927–1930 ҳамчун муаллим ва мудири мактаби миёна дар ш. Конибодом кор кардааст. Пас аз таҳсил дар мактаби коммунистии ш. Самарқанд солҳои 1931–1933 мудири шӯъбаи маорифи шаҳри Конибодом, 1933–1934 сардори шӯъбаи кадрҳои Вазорати маорифи ҶШС Тоҷикистон ва директори Донишкадаи омӯзгории ш. Сталинобод буд.

Барои хизматҳояш бо ордени «Нишони фахрӣ» ва бисёр медалҳои Иттифоқи Шӯравӣ мукофотонида шуда буд.

3. АТОЕВ Маҳмуд (тав. соли 1896, ноҳияи Файзободи Афғонистон – ваф. маълум нест), ходими давлативу ҷамъиятӣ. Солҳои 1917–1920  коргари заводи пахтаи ноҳияи Тирмиз, 1920–1926 афсари ихтиёрии Армияи Сурх буд. Солҳои 1926–1927 ҳамчун ҷонишини сардори Бонки хоҷагии қишлоқ, 1927–1928 ҷонишини раиси Комиҷроияи ш. Сталинобод, 1928–1931 котиби Комитети ҳизби коммунистии ноҳияи Арал, 1931–1932 ҷонишини Вазири маорифи ҶШС Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 1932–1935 дар Донишгоҳи коммунистии ш. Москва таҳсил кардааст. Солҳои 1935–1936 вазифаи сардори шӯъбаи сиёсии маркази мошин ва трактори (МТС) ноҳияи ӯротеппа, 1936–1937 котиби Комитети ҳизби коммунистии ноҳияи Шаҳритус, 1937–1938 директори Донишкадаи омӯзгории ш. Сталинободро ба ӯҳда дошт.

Барои хизматҳояш бо ордени «Ситораи Сурх» ва 8 медалҳои Иттифоқи Шӯравӣ, инчунин бо 4 ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Соли 1931 аъзои КМ Ҳизби Комунисти Тоҷикистон ва се маротиба аъзои КИМ ҶШС Тоҷикистон интихоб гардидааст.

4. ҲАҚБЕРДИЕВ Абдукарим (тав. 1894, ш. Самарқанд – ваф. маълум нест), ходими давлативу ҷамъиятӣ. Соли 1919 курси муаллимтайёркуниро хатм намуда, муаллими мактаби миёна  шуд. Соли 1921 ҳамчун мудири курсҳои  муаллимтайёркунӣ дар ш. Шаҳрисабз кор кардааст. Солҳои 1923–1924 дар факултети коргарии ш. Москва дар шӯъбаи тарбияи коммунистӣ таҳсил намудааст. Солҳои 1924–1926 дар корҳои комсомолии ш. Самарқанд ва вилояти Душанбе адои вазифа намудааст. Солҳои 1927–1929 дар вазифаи котиби масъули кумитаи Ҳизби Коммунистии вилояти Ғарм, 1929–1930 директори мактаби миёна дар ш. Самарқанд кор кардааст. Солҳои 1930–1932 дар Академияи Коммунистии ш. Москва ба номи Н.К. Крупски таҳсил намуд. Пас аз хатми ин донишкада якчанд солҳо дар вазифаи директори истгоҳи мошин ва тракторҳои (МТС) ноҳияи Файзобод адои вазифа намуд. Солҳои 1935–1937 директори Донишкадаи омӯзгории ш. Сталинобод буд.

5. СОДИҚОВ Ҳошим Умарович (тав. соли 1911, ш. Самарқанд – ваф. маълум нест), физик, номзади илмҳои физика-математика (1951), дотсент. Соли 1931 факултети коргарии ш. Тошкентро хатм намуда, дар мактаби миёнаи ш. Самарқанд аз фанни физика ва математика дарс додааст. Солҳои 1932–1937 дар факултети физикаи Донишгоҳи давлатии ш. Москва таҳсил намудааст. Якчанд солҳо дар шӯъбаи шабонаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко ҳамчун муаллим кор кардааст. Солҳои 1939–1940 дар вазифаи сардори шӯъбаи мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси Вазорати маорифи ҶШС Тоҷикистон, 1940–1943 директори Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко фаъолият намудааст. Барои хизматҳояш сазовори унвони фахрии «Муаллими хизматнишондодаи мактаби ҶШС Тоҷикистон», ордени «Нишони фахрӣ» ва бисёр медалҳои ИҶШС гаштааст.

6.ШУКУРОВ Ориф Шукурович (тав. 9. 04. 1908, ш. Конибодом – ваф. 27.01.1989, ш. Душанбе), биологи маъруфи тоҷик, Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон. Соли 1929 Донишкадаи муаллимтайёркунии кишваршиносии ӯзбекистон ва соли 1940 факултети биологияи Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёнаро  хатм намудааст. Солҳои 1931–1932 директори омӯзишгоҳи омӯзгории мардона, баъд мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Қурғонтеппа, соли 1940 директори Институти илмӣ-тадқиқотии мактаби Комиссариати халқии маорифи ҶШС Тоҷикистон буд. Солҳои 1953–1957 ба ҳайси ректори Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон,  1943–1953 ва 1961–1970 ректори Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Шевченко кор кардааст.

Барои хизматҳои шоистааш дар рушди илм ва маорифи ҷумҳурӣ бо ифтихорномаҳои КМ ҲКИШ, ҲК ҶШС Тоҷикистон, Совети Вазирони ИҶШС ва ҶШС Тоҷикистон, Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, ВЛКСМ, бо медалҳои «Барои меҳнати шоён дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ», бо 2 медали биринҷӣ ва 3 медали иштирокчии НКХҚ-и ИҶШС, 2 ордени «Нишони фахрӣ», нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи ИҶШС» ва унвони фахрии «Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.

7. МИРМУЛЛОЕВ Мақсудҷон (тав. 1913, ш. Ленинобод – ваф. маълум нест), муаррих, номзади илмҳои таърих, дотсент, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Солҳои 1934–1936 курсанти командирони хурд, 1936–1939 тарҷумони фанҳои алоҳида дар Донишкадаи омӯзгории Ленинобод, 1939–1941 муаллими фанни таърихи Донишкадаи омӯзгории ш. Ленинобод, 1941–1942 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 1942–1944 мудири шӯъбаи ташвиқотии Комитети ҳизбии ш. Ленинобод, 1944–1946 директори Донишкадаи омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров, 1946–1947 котиби Комитети ҳизбии вилояти Ленинобод, 1951–1953 раиси Комитети радиошунавоии назди Шӯрои Вазирони ҶШС  Тоҷикистон, 1953–1957 директори Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Сталинобод ба номи Т.Г.Шевченко фаъолият кардааст.

Барои хизматҳояш бо орденҳои «Байрақи Сурхи Меҳнат», «Нишони Фахрӣ», «Шараф» дараҷаи II ва бисёр медалу ифтихорномаҳои ИҶШС мукофотонида шудааст.

8. СОЛЕҲБОЕВ Ҳотам Ҳакимбоевич (тав. 1910, ш. Хуҷанд – ваф. 29. 01. 1987, ш. Душанбе), ходими маъруфи давлатӣ ва ҷамъиятӣ. Солҳои 1931–1935 дар вазифаи директори Техникуми хоҷагии қишлоқ, 1935–1937 директори омӯзишгоҳи омӯзгорӣ, 1937–1939 мудири қисми таълимии мактаби тиббӣ, 1939–1940 мудири маорифи вилояти Ленинобод, ҷонишини раиси Комиҷроияи шӯрои депутатҳои меҳнаткашони хамин вилоят, 1940–1942 Раиси Госплани Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, 1942–1943 вазири маорифи Тоҷикистон, 1943–1945 ҷонишини Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, 1947–1951 раиси Комитети иҷроияи Шӯрои депутатҳои меҳнаткашони вилояти Сталинобод, 1951–1953 вазири хоҷагии коммуналӣ кор кардааст. Солҳои 1953–1956 дар мактаби олии ҳизбии назди КМ ҲКИШ таҳсил намуда, солҳои 1956–1957 раиси Комиҷроияи шӯрои депутатҳои меҳнаткашони ш. Душанбе буд. Солҳои 1957–1961 вазифаи директори Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе  ба номи Т.Г. Шевченкоро ба ӯҳда дошт.

9. ҶӮРАЕВ Қандил Шарифович (тав. 9. 05. 1927, ноҳияи Ғарм (имрӯза Рашт) – ваф. 29. 08. 1990, ш. Душанбе), географ ва иқтисоддони маъруфи тоҷик, доктори илмҳои география (1972), профессор (1979), узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1973). Солҳои 1943–1948 дар факултети географияи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Сталинобод ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил кардааст. Солҳои 1948–1957 аспирант ва муаллими кафедраи географияи донишкадаи мазкур буд. Солҳои 1957–1967 декани факултети география ва табиатшиносии донишкадаи омӯзгории пойтахт, 1967–1970 ҷонишин вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1970–1979 ректори Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко, 1979–1984 профессори кафедраи географияи иқтисодӣ, 1984–1988 мудири кафедраи номбурда дар донишкадаи омӯзгории пойтахт буд. Аз соли 1988 то охири ҳаёташ вазифаи ректори Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкоро ба ӯҳда дошт.

Барои хизматҳои шоёнаш дар соҳаи илм ва таълиму тарбия бо унвони «Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон» (1977), орденҳои «Нишони фахрӣ», «Байрақи сурхи меҳнат», медали «Барои меҳнати шоён», ба муносибати 100-солагии В.И. Ленин ва ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

10. ҒАФФОРОВА Мунзифа Қаҳҳоровна (тав. 04. 10. 1924, ш. Хуҷанд), файласуфи маъруфи тоҷик, доктори илмҳои фалсафа (1968), профессор (1988). Солҳои 1940–1943 дар бахши табиатшиносии Донишкадаи омӯзгории ш. Хуҷанд таҳсил кардааст. Соли 1943 ба ҳайси муаллими фанни биологияи Селхозтехникуми Ленинобод ва муншии Кумитаи комсомолӣ дар назди Донишкадаи омӯзгории вилояти Ленинобод фаъолият кардааст. Cолҳои 1944–1946 котиби Кумитаи комсомолии вилояти Ленинобод оид ба ташвиқот ва тарғибот, 1946–1948 котиби Кумитаи комсомолии Тоҷикистон оид ба ташвиқот ва тарғибот, 1948–1952 мудири шӯъбаи КМ ҲК Тоҷикистон оид ба кор байни занон буд. Солҳои 1952–1955 дар аспирантураи АИ ҶШС Тоҷикистон таҳсил кардааст. Солҳои 1955–1957 ба ҳайси муаллими калони кафедраи марксизм-ленинизми Донишкадаи занонаи ш. Душанбе, 1957–1962 дотсенти кафедраи марксизм-ленинизми Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко, 1962–1973 мудири кафедраи фалсафаи донишкадаи мазкур кор кардааст. Солҳои 1966–1968 докторанти Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов буд. Солҳои 1974–1979 дар вазифаи ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон, 1979–1988 ректори Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко кор кардааст.

Бо ҷоизаҳои «Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон» (1974), ду ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат» (1948, 1949), ордени  «Дӯстии халқҳо» (1984), ордени «Дӯстӣ» (1999), медалҳо, ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Инчунин бо нишонҳои сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1971), «Аълочии маорифи халқи ИҶШС» (1982), «Аълочии фарҳанги ҷумҳурӣ» (1997), нишони «Наставник молодёжи» (1991), медали «Барои меҳнати шоён дар солҳои 1941–1945» (1945) сарфароз карда шудааст.

11. ЯМОҚОВ Эргаш Ямоқович (тав. 1. 01. 1930, деҳаи Бешкенти ноҳияи Шаҳритус – ваф. 5. 08. 2004, ш. Душанбе), иқтисоддони тоҷик,  номзади илмҳои иқтисод (1968), профессор (1990), Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. Солҳои 1949–1953 дар Омӯзишгоҳи омӯзгории ш. Қурғонтеппа, 1953–1958 дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи  давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин таҳсил кардааст. Солҳои 1958–1964 дар кафедраи иқтисоди сиёсии донишгоҳи номбурда ба сифати муаллим кор кардааст. Солҳои 1964–1966 дар аспирантураи Донишгоҳи ш. Ленинград таҳсил кардааст. Солҳои 1967–1975 дотсенти кафедраи иқтисоди сиёсии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон  ба номи В. И. Ленин, 1976–1980 мудири кафедраи иқтисоди сиёсии Донишкадаи политехникии Тоҷикистон, 1980–1990 муовини ректори Донишкадаи давлатии омӯзгории  ш. Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко оид ба таълим, 1991–1995 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев буд.

Бо унвони «Ходими хизматнишондодаи илму техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», медали «40-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ» (1985), нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» ва ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз карда шудааст.

12.РАСУЛОВ Қурбон (тав. 19. 01. 1947, деҳаи Дошманди ноҳияи Восеъ – ваф.  9. 10. 2009, ш. Душанбе), файласуф ва сиёсатшиноси тоҷик, доктори илмҳои фалсафа (1990), профессор (1991). Солҳои 1964–1969 дар факултети биологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин таҳсил кардааст. Солҳои 1970–1972 муаллими кафедраи фалсафаи Донишгоҳи омӯзгории ш. Кӯлоб, 1972–1975 аспиранти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии ш. Москва ба номи М.В.Ломоносов, 1976–1985 муаллим, дотсенти  кафедраи коммунизми илмии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, 1985–1993  мудири кафедраи коммунизми илмӣ, баъдан фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, 1987–1990 ходими калони илмии Институти фалсафаи Академияи илмҳои ИҶШС, 1993–1995 сармушовир ва мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои муносибат бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва муносибати миллатҳо буд. Солҳои 1995–2005 ҳамчун ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ҷӯраев фаъолият дошт.

Бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1997)  ва ифтихорномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

13.АСОЗОДА Худойназар (тав. 25. 12. 1941, деҳаи Момайии ноҳияи Балҷувон), адабиётшиноси маъруфи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ (1989), профессор (1992). Солҳои 1956–1960 дар Омӯзишгоҳи омӯзгории ш. Кӯлоб таҳсил намудааст. Солҳои 1960–1963 муаллими синфҳои ибтидоии мактаб-интернати шаҳрчаи Ворошилободи ноҳияи Колхозобод, 1963–1968 донишҷӯи факултети таърих ва филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин, 1968–1970 ассистенти кафедраи забони тоҷикии донишгоҳи мазкур буд. Солҳои 1971–1973 тарҷумони Вазорати геологияи Афғонистон, 1973–1976 аспирант, 1976–1978 ассистент, муаллими калон ва дотсенти кафедраи адабиёти советии тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд. Солҳои 1978–1981 бо сафари хизматӣ дар Афғонистон қарор дошт. Солҳои 1981–1985 дотсенти кафедраи адабиёти советии тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, 1985–1988 докторанти Институти шарқшиносии АИ ИҶШС, 1989–1992 дотсент ва профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ, 1992–1993 муовини аввали ректори Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон, 1993–1996 мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ, 1996–1999 декани факултети филологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, 1999–2005 мудири кафедраи забонҳои Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон буд. Солҳои 2005–2008 ҳамчун ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ фаъолият намуд.

Муаллифи зиёда аз 150 мақолаву рисолаҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ ва васоиту дастурҳои таълимӣ мебошад.

14.САИДОВ Нуриддин Саидович (тав. 25. 11. 1956, ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон), файласуфи тоҷик, доктори илмҳои фалсафа (2009), профессор (2010). Солҳои 1975–1978 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хизмат намудааст. Солҳои 1983–1984 донишҷӯи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко, 1983–1984 ассистенти кафедраи педагогика ва психологияи филиали донишкадаи номбурда дар ш. Қурғонтеппа, 1984–1988 ассистенти кафедраи фанҳои ҷамъиятшиносии Донишкадаи давлатии ш. Қурғонтеппа ба номи Н. Хисрав, 1988–1991 аспиранти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин, 1991–1993 муаллими кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии ш. Қурғонтеппа ба номи Н. Хисрав буд. Солҳои 1993–2006 ҳамчун дотсенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, 2006–2007 сардори Раёсати таҳсилоти миёна, олии касбӣ ва баъди муассисаи олии касбӣ, 2007–2008 сардори Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъди дипломии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, январ-октябри 2008 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ кор кардааст.

Хизматҳояш бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2001) қадр карда шудааст.

15.ШАРИФОВ Зариф Раҳмонович (тав. 15. 12. 1949, деҳаи Саръёзии Миёнаи ноҳияи Кӯлоб), иқтисоддони тоҷик, доктори илмҳои иқтисодӣ (2009), профессор (2010), академики Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ (2009), аъзои вобастаи  Академияи байналхалқии илмҳои ташкилӣ (2010). Солҳои 1966–1968 дар Техникуми хоҷагии қишлоқи ба номи В.И. Ленини ноҳияи Мастчоҳ, 1968–1972 дар факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин таҳсил намуда, онро бо дипломи аъло хатм кардааст.

Аз соли 2008 то 10.01.2012 вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айниро ба ӯҳда дошт Муаллифи 5 рисолаи илмӣ, беш аз 30 китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методӣ, зиёда аз 140 мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ ва оммавӣ мебошад. Мавзӯи тадқиқотҳояш сариштакорӣ ва тақсимоти даромад дар хоҷагиҳо, муносибатҳои бозоргонии комплекси агросаноатӣ, ташаккули механизмҳои хоҷагидорӣ дар шароити иқтисодиёти бозаргонӣ, иқтисодиёти давраи гузариш, ислоҳоти соҳаи маориф ва дигар масъалаҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоиро дар бар мегирад.

Барои хизматҳояш дар рушди илму маориф бо ордени «Шараф» (1999) ва нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1998) сарфароз карда шудааст.

16.Раҳмонов Абдуҷаббор 15 – уми марти соли 1959 дар деҳаи Андароби  ноҳияи Кӯлоби вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1978 ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии ба номи В.И. Ленин (ҳоло - Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, соли 1983 онро бо баҳои аъло хатм намуда, ба сифати ассисенти кафедраи адабиёти муосири тоҷик ба кор оғоз кардааст.

Соли 2000-ум ба сифати мудири шуъбаи тарҷумаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор намудааст.

Соли 2004 ба сифати Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисмтон фаъолият кардааст.

Аз моҳи марти соли 2005 то моҳи январи соли 2012 ба сифати Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолияти пурсамар намудааст. Аз январи соли 2012 то соли 2014 Ректори Донишгоҳи  давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи С.Айни фаъолият кардасст.

Раҳмонов Абдуҷаббор ба сифати адабиётшинос ва мунаққиди тоҷик шинохта шуда, доктори илми филология, профессор  академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ мебошад.

Мақолаҳои Раҳмонов А. А., бо забони русӣ ва англисӣ низ ба чоп расидааст. Рисолааш бо номи « Назария ва сайри таърихии устура ва устурапардозиҳо дар адабиёти форсӣ- тоҷикӣ» соли 2009 бо хатти форсӣ дар нашриёти  « Мадраса» - и Ҷумҳурии Исломи Эрон аз чоп баромад. Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон рисолаи номбурдаро бо унвони «Пиндорҳои асотирӣ дар адабиёти тоҷикӣ» ба хатти форсӣ бо таҳриру иловаҳо соли 2011 аз чоп баровада, пешниҳоди форсизабон намуд.

Раҳмонов А. А., бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1977), ордени «Шараф», (2006), « Ифтихорнома»-и Кумитаи иҷроияи кишварҳои аъзои ИДМ (2012) мукофотонида шудааст.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj