• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Ҳақ ба ҳақдор расид

Ростӣ, ба он ки иддае аз рӯзноманигорони ҳангоматалабу моҷароҷӯ сафедро сиёҳу сиёҳро сафед ва рӯзро шабу шабро рӯз мегӯянд, одат кардаем. Бо вуҷуди ин, баъзан маворид виҷдон, нангу номуси тоҷикона ва эҳсосоти ватандӯстона намегузорад, ки дар баробари иттилооти носаҳеҳ, носанҷида ва бепоя муҳри хомӯшӣ ба лаб гузорем. Хоса, нисбат ба ахборе, ки пиромуни донишгоҳи азизу куҳансоли мо бошад. Бисёр дар таҳайюрем, ки чаро солиёни охир зумрае аз қаламбадастон ва соҳибминбарон рисолати аслии хешро, ки ҳақиқатнигорӣ ва созандагӣ мебошад, ба гӯшаи торики фаромӯшӣ афкандаанд. Танқиди беасос ва ё фактеро носанҷидаю тадқиқнокарда пешкаши ҷомеа намудан «муқтазои табиат»-и ин қабил журналистон гардидааст.

Возеҳтар карда гӯем, сухан дар мавриди бинои хобгоҳи рақами 8-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ меравад, ки чанде қабл баъд аз муддати мадид дар асоси ҳалномаи судӣ аз ихтиёри соҳибони қалбакӣ ба молики аслӣ баргардонида шуд. Агар ба таърихи начандон дури донишгоҳ дида андӯзем, баръало маълум мегардад, ки бинои мазкур дар тобеияти маърифатгоҳи мо буд ва дар он ҷо муҳассилини факултети математика иқомат мекарданд. Бо сабабҳои ба ҳамагон маълум солҳои нобасомониҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки қариб кулли муассисаҳои давлатӣ фалаҷ шуда буданд, Донишгоҳи омӯзгорӣ низ имкони молӣ надошт, ки бинои хобгоҳро таъмир намояд ва аз ин вазъ манфиатҷӯён истифода намуда, бо сарфи назарнамоии як қатор қавонини амалкунанда биноро хусусӣ карданд.

Тавре аз асноди расмӣ маълум гардид, моҳи июни соли 1998 бинои хобгоҳ ба Корхонаи фаръии Корпоратсияи «SADR Ink» ИМА дар ҶТ ғайриқонунӣ фурӯхта шуд ва Гимназияи исломӣ онро ба иҷора гирифтаю фаъолият мекардааст.

Ҳадаф аз гуфтани ин суханон дар он аст, ки бо пахши хабари ба Донишгоҳи омӯзгорӣ бозпас додани бино шуморе аз рӯзноманигорони каҷфаҳму манфиатхоҳ дарзамон бе дарки моҳияти масъала навиштанд, ки «ягона Гимназияи исломиро бастанд». Ба назар чунин менамояд, ки гӯё вазифаи ҷонии ин тоифа журналистон тобиши манфӣ додан ба ҳар иқдом ва ибтикори Ҳукумати мамлакат мебошад. Гӯё онҳо «дирижер»-е доранду бо як ишораи ӯ ҳамагон ба «навохтан» медароянд. Ҳадафи Вазорати маориф ва илм ҳаргиз барҳам додани Гимназияи исломӣ нест ва мо, аҳли Донишгоҳи омӯзгорӣ, низ ҳеҷ намехоҳем, ки ягон муассисаи таълимӣ баста шавад. Асли қазия ҳам марбут ба гимназияи мазкур нест, балки ҳақиқат пирӯз гардиду бинои мутааллиқ ба донишгоҳ, ки ғайриқонунӣ фурӯхта шуда буд, аз чанголи соҳибони қалбакии бурунмарзӣ бозпас гирифта шуд.

Ростӣ, баъзан аъмолу гуфтори як гурӯҳ рӯзноманигорони ба андешаи худашон, «ватандӯст»-у «миллатпараст» ва «ҳақиқатҷӯ»-ю «ростқавл» моро ба шигифт меорад. Манзури мо ин аст, ки агар ин зумра журналистон ба қазияи бинои хобгоҳи Донишгоҳи омӯзгорӣ назари воқеъбинона медоштанд, нек дарк менамуданд, ки ҳар моҳе маблағи ҳангуфт аз ҳисоби иҷораи бино ба хориҷи ҷумҳурӣ интиқол меёфт. Дар муддате, ки бинои мазкур дар ихтиёри Корхонаи фаръии Корпоратсияи «SADR Ink» ИМА буд, соҳиби ғайриқонунии он беш аз якуним миллион доллар (!) фоидаи соф ба даст овардааст. Куҷост нангу номуси миллӣ ва ҳисси ватандӯстии рӯзноманигорони арҷманди мо, ки «аз пашша фил месозанд?!» Магар ба ҷои он ки маблағи гӯшношунид берун аз мамлакат бурда шавад, беҳтар нест, ки ҳақ ба ҳақдор расаду донишҷӯёни камбизоати дурдасти кишвар бо ҷои зист таъмин гарданд?!

Мебояд гуфт, ки алъон хобгоҳҳои донишгоҳи мо иқтидори таъмини 1029 донишҷӯ бо ҷои истиқоматро доранду халос. Ҳол он ки ҳамасола дар оғози соли таҳсил беш аз ду ҳазор донишҷӯи ниёзманд барои гирифтани хобгоҳ ариза пешниҳод менамоянд. Пӯшида нест, ки аксар муҳассили таълимгоҳи мо аз табақаи миёна ва камбизоати ҷомеа ҳастанд ва вазъи иқтисодии оилаашон имкон намедиҳад, ки бо нархи гарон хонаеро бо шароити хуб ба иҷора гиранд. Аз ин рӯ, ногузир дар манзилҳои барои таҳсил номувофиқ иҷора менишинанд. Бо барқарор гардидани адолати таърихӣ, яъне, бозпас гирифтани хобгоҳи рақами 8 имкон фароҳам мешавад, ки боз 800 нафари дигар бо ҷои зист таъмин гарданд.

Боиси таассуф аст, ки дар хабарҳои пахшгардида рӯзноманигорон манфиати миллиро ба инобат нагирифтаанд. Бароямон бисёр шигифтовар мебошад, ки дар сомонаҳои иттилоотӣ дар поёни гузоришҳо аз мавзӯи мазкур ашхоси бекору ҳангоматалаб ва дилсиёҳу кинаварз андешаҳои ғаразноку таҳқиромези хешро дарҷ менамоянд. Баръало маълум аст, ки онҳо на ба соҳаи маорифу илм коре доранду на ба раванди таълим, вазифаи онҳо якест: танқид, таҳқир ва нодида гирифтани ибтикороти наҷибона.

Мехоҳем таъкид кунем, ки мо ба рӯзноманигорон, шарҳнависон ва умуман, онҳое, ки андешаҳои хешро нисбат ба фаъолияти донишгоҳ иброз медоранд, эҳтироми зиёдро қоилем, вале бисёр мехоҳем, ки нигоштаҳояшон орӣ аз ҳар гуна ғаразу таҳқир ва адовату кина бошад.

Дар фарҷом ба Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти Вазорати маориф ва илм ва дигар сохтору ашхосе, ки дар баргардонидани хобгоҳи рақами 8 талош варзиданду саҳми беандоза гузоштанд, самимонаю сидқан изҳори сипос менамоем.

Омӯзгорони собиқадори Донишгоҳи давлатии

омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ

М.Нуъмонов, академик,

С.Алиев, доктори илми педагогика,

Қ.Норов, С.Латипов, М.Саидов, А.Худойдодов, Б.Ҳасанов, У.Чориев, дотсентон


 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj