• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Шумораи ҷадиди «Навруста» ба табъ расид

Шумораи сеюми маҷаллаи «Навруста» интишор гардид. Мебояд гуфт, ки дар ин шумора ҳайати эҷодӣ кӯшидаанд, то аз ҷиҳати фарогирии мавзӯот ва банду басту ороишот маҷалларо боз ҳам такмил бидиҳанд. Чуноне аз варақгардонӣ ва мутолеаи он бармеояд, воқеан ҳам, шумораи сеюм боз ҳам беҳтар шудааст.

Мақолоти ин шумора ба шаш қисмат тақсим шудаанд: «Таҳқиқ ва таҳлил», «Суҳбати ихтисосӣ», «Паҳнои назар», «Қиссаҳои дилангез», «Афсонаи ҷаҳон» ва «Мактаби тарҷума». Дар бахши аввал маводҳое гирд оварда шудаанд, ки тарҷумаи мақолаанд. Дар қисмати дувум зери сарлавҳаи «Дар ҳарду забон доно бошад» мусоҳибаи судманде бо нависанда ва тарҷумони маъруфи тоҷик Ӯрун Кӯҳзод интишор шуда, ки ба куллӣ пиромуни фаъолияти тарҷумонист. Унвонаҳои бахши сеюм «Ду тарҷумаи як манзума» ва «Шеърҳо» мебошанд. Қиссаву ҳикоёти «Бепарастор» аз Гектор Мало, «Ҳуҷра» аз Жан Пол Сартр, «Самарқанд» аз Амин Маълуф, «Муаллими мактаб» аз Пиер Гамарра, «Корней Василев» аз Лев Толстой, «Муҳаббат» аз Сергей Воронин, «Дар фронти ғарбӣ тағйироте нест» аз Эрих Мария Ремарк, «Санъат барои дарди дил» аз Руд  Голдберг ҳамагӣ аз ҷониби донишҷӯён тарҷума шуда, дар бахши чорум ҷой гирифтаанд. Дар қисмати панҷум афсонаҳои халқии ҷаҳон таҳти номҳои «Моҳ ва Хуршед», «Лаку Пак» «Маркаб, миз ва чӯб» ба табъ расидаанд. Дар  бахши охир, ки «Мактаби тарҷума» ном дорад, ҳикоятҳо аз «Ҳазору як шаб» дар таҳияи академик Носирҷон Салимӣ интишор гардидаанд.

 

Итминони комил дорем, ки шумораи ҷадиди маҷаллаи тозатаъсиси «Навруста» писанди доираи васеи хонандагон мешавад.

Бахтиёри Абдураҳим

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj