• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Бахшида ба 75-солагии факултети забони англисӣ

Дар 25-ум ва 26-уми ноябри соли хониши 2015-2016 конференсияи илмӣ-ҷумҳуриявии дар мавзӯи «Масъалаҳои муҳими забоншиносӣ ва тадриси забонҳои хориҷӣ: таҷриба, рушд ва дурнамо» бахшида ба 75-солагии факултети забони англисӣ баргузор гардид. Дар он конференсия унвонҷӯён, омӯзгорону муҳаққиқони Донишгоҳ ва берун аз он, яъне тамоми донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ иштирок карданд ва бо фишурдаи маърӯзаҳои худ баромад намуданд.

 

Бояд қайд кард, ки конференсияи илмӣ-ҷумҳуриявиро ректори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ доктори илмҳои филологӣ, академик Салимӣ Н.Ю бо маърӯзаи худ оғоз намуд. Баъдан декани факултети забони англисӣ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Байдуллоев А.И бо таърихи факултет ба иштирокчиёни конфренсия шинос намуд. Баъд аз ин дар бахши музокирот собиқадорони факултет ва меҳмонони конфренсия ба монанди  профессорон Ҷамшедов П, Алиев С, дотсентон Ҳайбатов Н, Саидова Л, Атоев С ва дигарон таъасуроти хешро аз давраҳои донишҷӯиву фаъолияти омӯзгории худ ироа намуданд.

Конференсияи илмӣ-ҷумҳуриявӣ аз ду бахши калон иборат буд.

  1. Бахши якум – «Омадагии касбии донишӯён ва магистҳо дар шароити низоми кредитии таҳсилот».
  2. Бахши дуюм – «Муаммоҳои тарҷума ва таҳлили лингвистии матн».

Қайд кардан зарур аст, ки раиси бахши якум д.и.п., профессор Алиев С ва котиб н.и.п., дотсент Утаев М ба уҳда гирифтанд. Бахши дуюмро раиси бахш н.и.ф., дотсент Ҷоматов С ва котиб н.и.ф., дотсент Каримов Ш ба бардоши худ гирифтанд.

  1. Дар бахши якум ҳамагӣ 43-мақолаи илмӣ
  2. Дар бахши дуюм ҳамагӣ 25-мақолаи илмӣ барраси гардид.

Дар факултети забони англисӣ се кафедраи тахассуси фаъолият менамоянд: кафедраи методикаи таълими забони англисӣ, кафедраи забони англисӣ ва типологияи муқоисавӣ, кафедраи услубшиносӣ ва назарияи тарҷума.

Дар конференсия ҳайати кормандон, омӯзгорон ва профессорони кафедраҳои факултети забони англисӣ ба бахшҳо фаъолона иштирок карда, қайд карданд, ки онҳо бо факултети худашон фахр мекунанд, чунки факултети забони англисии ДДОТ ба номи С. Айнӣ яке аз машҳуртарини факултетҳои ҷумҳуриамон мебошад.

 

Муовини декани факултети

забони англисӣ оид ба илм:                                     Ё. Бекчаев

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj