• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Мубоҳиса омили такмили дониш

Бо ташаббус ва назорати бевоситаи муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Р.Бобокалонова аз 3-юми январи соли равон сар карда моҳе ду маротиба маҳфили мубоҳисавӣ байни донишҷӯёни донишгоҳ доир мегардад. Дар маҳфили аввалинро, ки 3-юми январ баргузор шуд, Р.Бобокалонова оғоз бахшида, иштирокчиёнро бо низоми гузаронидани маҳфил ошно намуд.

Ҳамзамон, ақидаҳои худро оид ба мавзӯи «Масъулияти ватандорӣ» иброз намуд.

 

Мудири кафедраи фалсафа Ҳ.Зикиров низ дар иртибот ба ин мавзӯъ чанд сухан гуфта, омилҳои гаравиши ҷавононро ба гурӯҳҳои тундраву ифротгаро тавзеҳ бахшид.

Омӯзгори кафедраи таърихи халқи тоҷик Д.Маҳмудов аз таърихи пайдоиши халқи тоҷик ва қаҳрамониҳои онҳо барои мудофиаи Ватан сухан карда, ҷавононро ба софдилона хизмат намудан барои миллату Ватан даъват намуд. Дар идома донишҷӯёни факултаҳои таърих, география, романӣ-германӣ, математика ва педагогика атрофи мавзӯи «Масъулияти ватандорӣ» баҳсу мунозираҳо намуданд. Гарчанде чунин маҳфил  бори аввал буд, вале аз тарафи донишҷӯён хуш пазируфта шуд. Ташкили чунин маҳфилҳо дар қалби донишҷӯён ҳисси ватандӯстиро бештар намуда, ҳувияти миллии онҳоро баланд мебардорад.

Абдусамад ҲАМРОЕВ, мутахассиси шуъбаи тарбия

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj