• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Худкушӣ далели беиродагист

Дар донишгоҳ вохӯрии раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо донишҷӯён баргузор гардид. А.Абдуллозода чанде аз қисматҳои Паёми имсолаи Сарвари давлатро ташреҳ бахшида, оид ба илмомӯзии донишҷӯён ва тарбияи дурусти онҳо нуктаҳои ҷолиберо қайд кард. Ӯ зикр кард, ки таълиму тарбияи имрӯза ба ояндаи мо таъсиргузор аст. Масъалаи дигаре, ки ҷомеаи имрӯзаро ба ташвиш овардааст, худкушист. Тавре ҳамагон иттилоъ доред,чанде пеш  зани 25-солае бо 4 кӯдакаш худро ба дарё партофтааст. Чунин ҳодисаҳо аз бепарвоии мо сар мезананд. Имрӯз мо якдигарро намепурсем, аз аҳволи ҳамдигар воқиф нестем, ба мусибати якдигар бетафовут гаштаем. Худкушӣ роҳи ҳал набуд ва нахоҳад гашт. Худованд худкуширо дар «Қурон» маҳкум кардааст ва таъкид менамояд, ки инсон бояд ҳар гуна мушкилотро бо неруи ақли худ бартараф кунад. Дар ҷумҳурӣ 3 миллиону 200 ҳазор нафарро ҷавонон ташкил мекунанд, ки ин 70 фоизи аҳолӣ мебошад. Ҷавонони имрӯз бояд аз вазъи сиёсиву иҷтимоии ҷаҳон огоҳ бошанд, то ба гурӯҳҳои бегона роҳ надиҳанд, ки дар байни мо низоъ андозанд. Ҷудошавии оилаҳои ҷавон ҳам масъалаи доғи рӯз аст. Ҷавондухтарон аз уҳдаи пухтани хӯрок, шустану дарзмол кардан ва муошират бо шавҳар намебароянд. Мо, тасмим гирифтаем, ки курсҳои кӯтоҳмуддати кулинарӣ кушоем, то духтарон ҳунар омӯзанду оилаи мустаҳкам бунёд намоянд.

Ҷаҳони имрӯза пуртазод аст ва дар ин ҷаҳон роҳи дурустро ёфтан басо мушкил аст. Гурӯҳҳое зери ниқоби ислом фаъолият карда истодаанд, ки мафкураи ҷавонони моро заҳролуд месозанд. Огоҳ бошед, ки исломе, ки онҳо тарғиб мекунанд, ислом нест. Зеро дар ислом қатлу куштори бегуноҳон, терроризм ва экстремизм амалҳои нобахшиданианд. Ҷанги шаҳрвандие, ки солҳои 1991-1997 шуда гузашт ва 150 ҳазор кушта бар ҷой гузошт, ҳанӯз аз лавҳи хотир дур нагаштааст. Як миллион тоҷик гуреза шуда буд, ки ҳамаи онҳо бо кӯшишҳои Сарвари давлат ба Ватан баргаштанд. Ҷавонон бояд бедору ҳушёр бошанд, то бори дигар Тоҷикистони моро ба гирдоби ҷанг накашанд. Моро мебояд шукронаи ин давлати ободу осуда кунем ва ба қадри он расем.

Муовини ректор оид ба илм А.Муллоев низ дар ҳамоҳангӣ бо суханони А.Абдуллозода ақидаҳои хешро иброз дошт.

Илҳоми Абдулло

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj