• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Мамлакат рушд меёбад

Бо ташаббуси Кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандон ва Созмони ҷавонон 10-уми феврал дар донишгоҳ мизи мудаввар дар мавриди баррасии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ доир гардид. Ҳамоишро раиси Кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандони донишгоҳ М.Буриев оғоз бахшида, назари хешро оид ба Паём иброз дошт. Мавсуф қайд кард, ки бо ҷаҳду талошҳои Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аҳволи мардум

рӯз то рӯз беҳтар мегардад ва бояд мо низ барои ободии Ватан камари ҳиммат бандем. Яке аз пояҳои устувори давлат соҳаи маориф аст, ки Пешвои миллат ҳамеша барои рушду нумӯи он чораҳо меандешанд. Шурӯъ аз 1-уми июли соли 2016 маоши омӯзгорон 20% баланд бардошта мешавад, ки дар шароити буҳрони иқтисодӣ ҳиммати ҳотамона аст. Сарвари давлат ба ҷавонон низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Сӣ фоиз зиёд намудани идрорпулии донишҷӯён аз он шаҳодат медиҳад, ки Президент нисбат ба ҷавонон ҳамеша ғамхоранд ва умеди калон доранд. Ҷавонон бояд ба ин боварӣ сазовор бошанд.

 

Дар қисмати дуюми мизи мудаввар перомуни Паёми Сарвари давлат суолу ҷавоб сурат гирифт.

Саидаброр Саидӣ, раиси Иттифоқи касабаи донишҷӯёни факултаи педагогика

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj