• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Сипари боэътимоди Ватан

Бо ташаббуси Кумитаи иттифоқи касаба ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иттифоқи касабаи устодон ва кормандони донишгоҳ 19-уми феврал бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ конфронс баргузор гардид. Дар он ректори донишгоҳ, академик Н.Салимӣ, раиси Кумитаи Иттифоқи касабаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Одинаев, муовини раиси федератсияи Иттифоқи касабаи мустақили Тоҷикистон Б.Абдуллоев, муовини раиси Иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Қурбонов, раиси Кумитаи Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи энергетика А.Назарзода, муовини сардори кафедраи ҳарбии ДМТ А.Назиров, ҷанговар-интернатсионалист Анвар Исобоев, намояндаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати шаҳри Душанбе Дилошӯб Розиқов ва раиси Кумитаи иттифоқи касабаи устодон ва кормандони донишгоҳи мо М.Бӯриев ширкат доштанд.

Р.Одинаев конфронсро оғоз бахшид. Н.Салимӣ дар бораи таъсиси Артиши миллӣ чанд сухан гуфта, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ табрик гуфт.

Дар идома маърӯзаи М.Бӯриев дар мавзӯи «Артиши миллӣ сипари боэътимоди Ватан»  шунида шуд. Мавсуф аз таърихи таъсиси Артиши миллӣ ба ҳозирин маълумот дод. Ӯ қайд кард, ки дар замони таъсисёбии Артиши миллӣ Тоҷикистон ягон техникаи ҳарбӣ надошт. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ техникаҳои ҳарбии онро ҷумҳуриҳои истиқлолият бадастоварда миллӣ кунонданд. Вале Ҷумҳурии Тоҷикистон банди даргириҳои дохилӣ натавонист, ки дивизияи 201-уми тирандозро, ки дар Тоҷикистон буд, миллӣ намояд. Тоҷикистон таъсиси артиши худро аз сифр оғоз намуда, то ба дараҷаи ҳозира расонид.

Назарзода Аслиддин, Носирҷон Бӯриев, Д.Розиқов, А.Назиров, А.Исобоев низ дар бораи моҳияту аҳамият ва нақши Артиши миллӣ суханронӣ карданд.

Илҳоми Абдулло

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj