• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Маҳфилҳои мубоҳисавӣ давом доранд

Тавре дар шумораи гузашта итилоъ дода будем, дар донишгоҳ моҳе ду маротиба маҳфили мубоҳисавӣ доир карда мешавад. Ин навбат маҳфил дар мавзӯи терроризм, экстремизм ва роҳҳои пешгирии ин ҳодисаҳои номатлуб баргузор шуд.

Маҳфилро муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Р.Бобокалонова оғоз бахшида, зикр кард, ки ташкили чунин маҳфилҳо амали хеле муассир ва муфид аст.

 

Баъдан мудири кафедраи фалсафа Ҳ.Зикиров роҷеъ ба терроризм ва экстремизм нутқ ироа карда, ҳамагонро ба обод намудани Ватани хеш даъват кард. Мавсуф донишҷӯёнро ба зиракиву ҳушёрӣ даъват намуд, то ба суханони таблиғгарони гурӯҳҳои ифротгаро бовар накунанд ва фирефта нашаванд.

Сипас, мубоҳиса доир ба ин мавзӯъҳо байни донишҷӯён, ки аз ҳамаи факултаҳо ба миқдори муайян ҷалб гардида буданд, сурат гирифт.

Саидаброр Саидӣ, донишҷӯ

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj