• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Артиши миллӣ 23-сола шуд

Садорати факултаи таърих 20-уми феврали соли равон бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ чорабинии фарҳангӣ доир намуд.

Сараввал декани факулта А.Муродов аз таърихи ташкилёбии Артиши миллӣ ва мушкилоти дар ин роҳ ҷойдошта чанд сухан гуфт. Ҳамчунин, донишҷӯёни фаъоли факултаро, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил ва интизоми намунавӣ доранд, бо ифтихорнома қадр кард.

Сипас, маърӯзаи омӯзгори ҳамин факулта Фарҳод Мирзоев дар мавзӯи «Ситоди боэътимоди миллат» ва маърӯзаи донишҷӯи соли 1-уми факулта Зуҳал Абдуллоева дар мавзӯи «Дастовардҳои Артиши миллӣ» шунида шуд. Қироати шеърҳо дар бораи Ватан, рақси якка, навозиши скрипка, хондани суруд ва намоиши саҳначаи тарбиявӣ қисмати фарҳангии чорабиниро пуршукӯҳ намуданд.

И.Қосимов

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj