• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Тавзеҳи иловаҳо дар Конститутсия

Барои тавзеҳи тағйиру иловаҳои дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда 22-юми феврали соли ҷорӣ дар донишгоҳ ҷамъомад баргузор гардид.

Нахуст ректори донишгоҳ, академик Носирҷон Салимӣ оид ба тағйиру иловаҳо сухан гуфта, қайд намуд, ки Конститутсия кафили зиндагии осоиштаи мардум аст. Аз ин рӯ, барои беҳдошти ҳаёти мардум ба он тағйиру иловаҳо дохил карда мешавад.

Шумо, донишҷӯён, ки зиёиёни ҷомеа ҳастед, бояд нисбат ба раъйпурсӣ, ки 22-юми май баргузор мешавад, бетараф набошед, фикру андешаҳои хешро баён намоед.

 

Сипас, муовини ректор оид ба илм А.Муллоев аз тағйироте, ки ба забони таҳрири Конститутсия дахл доранд, мисолҳо оварда, зарурати тағйир додани ин калимаҳоро шарҳ дод.

Мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик Н.Убайдуллоев ва доктори илми фалсафа Б.Самиев паҳлуҳои дигари Конститутсияро баррасӣ намуданд.

И.Қосимов

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj