• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Посух ба изҳороти беасосу бепояи ҳизби ба ном вуҷуддоштаи наҳзати исломӣ

Таърих ҳанӯз  ёд надорад, ки дар кутоҳтарин фосила ҳокимияти ҳаматарафа фалаҷгаштаро эҳё намуда, тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, бардавомии давлат, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории  миллиро барқарор намудан барои зиндагии арзанда шароити мусоид фароҳам оварда шуда бошад. Ин бешубҳа яке аз хизматҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои халқу миллати тоҷик дар даҳсолаи охир мебошад. Ва дар ин ҷода ҳақ ба ҷониби пайғамбари ислом аст, ки гуфтааст: «Ҳамаи корҳо аз ният аст». Нияти ӯ, мароми ӯ нек буд, ки ҳама ба некӣ анҷомид. Мутаассифона, баъзе аз бадхоҳону нодидабинони миллату давлат, ҳасадхӯрон, ки  нияти нопоку ғаразнок доранд бо ҳар роҳу васила мехоҳанд, дастоварду созандагии миллатро нодида гиранд ва вазъи ороми сиёсии кишварро халалдор созанд. Ин тоифа каждумонеро мемонанд, ки дар тинати онҳо ба ғайр аз неш задан коре дигар нест, зеро ҳикмате ҳаст, неши каждум, на аз рӯи кин аст, балки муқтазои табиаташ ин аст.

 

Таърих гувоҳ аст, ки фарди алоҳидае дар раҳоӣ ёфтан аз нестиву нобудшавӣ ва баровардан аз буҳрони сиёсиву иқтисодии миллату кишвар нақши бориз гузошта метавонад. Ва чунин афрод дар байни сиёсатмадорони касбӣ ва бомаҳоратро таърих ба сифати пешвои халқу  миллат меофарад ва онҳо  дар рушди ҷомеа, ҳалли масъалаҳои муҳими сиёсиву иқтисодӣ,  иҷтимоӣ, муттаҳидсозии омма, ҳалли тақдири миллат  нақши босазо гузошта, дар дили дидаи мардум ҳамчун шахсият, ҳомии манфиатҳои давлату ҷомеа ҷой мегиранд.

Имрӯз дар саҳифаҳои баъзе аз васоити ахбор, расонаҳои интернетӣ баъзе аз ашхос  гила аз он мекунанд, ки  Сарвари давлат, Қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тибқи қонун соҳиби унвони «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» дода шуд.

Набояд фаромӯш сохт, ки маҳз Эмомалӣ Раҳмон дар он замоне, ки ҷанги шаҳрвандӣ боло рафта буду, боиси хисороти зиёди молию  ҷонӣ гардид, ба ягонагии марзӣ ва бақои миллат хатари нестшавӣ таҳдид мекард, хизмати бузурги таърихӣ намуда, миллатро аз парокандагӣ, нестшавӣ ва давлатро аз байн рафтан наҷот бахшид. Дар иҷлосияи XVI – Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон таъкид бар он карда буд, ки: «Ман ба Тоҷикистон сулҳ меоварам ва то даме, ки охирин муҳоҷири иҷборӣ берун аз кишвар, ман худро орому осуда ҳис карда наметавонам».

Воқеан, Эмомалӣ Раҳмон- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саъю талоши зиёд тавонист дар муддати кӯтоҳ ҳазорон мардуми парешонгаштаву берун аз марзи ҷумҳурӣ бехонаву дар шуда, ба вартаи гуруснагиву бенавоӣ афтодаро, ба Ватан баргардонд.

Мақсади муаллифи мақола ва тарсаш низ аз он аст, ки  «ҳадаф аз референдум ва тағйирот ба Сарқонун фароҳам овардани замина барои иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи навбатӣ будааст». Боиси таассуф аст, ки Шӯрои сиёсии  ҲНИТ, ҳизби айни ҳол арзи вуҷуд надошта бо нияту ғарази нопокаш нигаронӣ аз он дорад, ки Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи оянда низ шояд номзадии худро ба ҳайси Президент хоҳад гузошт.

Дар интихобот касе сади роҳи номзадии ягон шахс ва намояндаи ҳизбҳои сиёсӣ нахоҳад шуд. Аммо бояд фаромӯш накард, ки дар равандҳои пуртаззоди ҷаҳони муосир, ҳалли мушкилоти масъалаҳои минтақавӣ, устуворӣ ва нигоҳ доштани  давлатдорӣ барои миллати тоҷик аз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  сиёсатмадори дигаре дар шароити вазнини буҳронӣ бори роҳбарии ҷомеъаро бар дӯш бардошта тавонад, ба чашм намерасад.

Бояд дарк кард, ки  ҲНИТ ва пайравони он аз рӯзи аввали таъсисёбӣ барои  ҷомеаи Тоҷикистон чун дарди саре беш набуд. Маҳз ҳамин ҳизб ва хоҷагони он Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд, ки боиси ба ҳалокат расидани ҳазорҳо ҳамватанон ва фирорӣ шудани садҳо ҳазор  гардид. Аз байн рафтани ҳизби ҲНИТ боиси мотам гирифтанатон нагардад, будани он ба ҷомеаи Тоҷикистон манфиате надошт, зеро ҷомеаи мо аз ин ҳизб то имрӯз ғайр аз фитнаю дасисабозӣ кори неке ба анҷом нарасондааст, ки боиси ранҷуриатон гардад. Роҳбари ҲНИТ М.Кабирӣ ва аъзоёни он 4 сентябри соли 2015 бори дигар исбот намуданд, ки зархаридони хориҷӣ буда, ба ҳеҷ ваҷҳ оромии Тоҷикистонро намехоҳанд.

Ҳукумати Тоҷикистон танҳо ба хотири якпорчагии кишвар ва оромии диёр ҷиноятҳои зидиинсонии шумо, зархаридони хориҷиро як маротиб  бахшида паси мизи гуфтушунид нишаст. Бо шумоён сулҳу салоҳ кард ва барои фаъолият шароит фароҳам овард. Аммо ин амалро қадр накардед ва боз даст ба дасиса задед. Дар изҳоротатон  гила аз масҷид кардед. Айни замон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди умумии 8,2 миллион нафар аҳолӣ, 3930 масҷид расман ба қайд гирифта шудааст,  225 масҷиди дигари қайди расмӣ надошта низ фаъолият мекунад.

Барои муқоиса, дар ҷумҳуриҳои Қазоқистон бо шумораи 17 миллион аҳолӣ-2320 масҷид, Ӯзбекистон бо 30 миллион аҳолӣ-2050, Қирғизистон бо 5,7 миллион аҳолӣ-2200 ва Туркманистон бо 5,2 миллион аҳолӣ ҳамагӣ 400 масҷид фаъолият менамояд. Оё ин озодии виҷдон нест.

Худ қазоват кунед боз чигуна қонунвайронкунӣ дар ин ҷо ба чашм мерасад.  Чун рӯз равшан аст, ки қариб дар тамоми масҷидҳо ба ҷойи мардумро бо роҳи рост ҳидоят намудан, ҷойи муқаддасро ба макони тайёр кардани гуруҳҳои ифротӣ мубаддал сохтед.

Тӯли чанд соле, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ кардед, натавонистед як мутахассиси ба дарди ҷомеъа дархӯрро омода созед. Ягона хизмате, ки ба ҷомеъа кардед, теъдоди масҷид ва ҷалби ҷавонони гумроҳро ба сафи ҳизбатон ва омода кардани гурӯҳҳои террористӣ чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷӣ кишвар буд.

Имрӯз низ ба амсоли солҳои 1992-1997 аз хориҷи кишвар ҳамон нақшаи нопоки хоҷагони дилу нияти нопок ва ғаразнок нисбати Тоҷикистон доштаро, бо дасти худ амалӣ созед. Фаромӯш набояд кард, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дассисаҳои навбатии шуморо ки берун аз кишвар тарҳезӣ мешаванд доред, қобили қабул надоранд. Он  далелҳое, ки дар изҳоротатон овардаед, асоси воқеъӣ ва заминӣ  надорад.

А.Муродов, декани факултаи таърихи ДДОТ ба номи С.Айнӣ

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj