• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Мақоми илм дар рушди устувор ва пешгирии тафаккури ифротгаро

Дар ҳама давру замон ва қавну макон мақоми илм ва ба амал татбиқ гардонидани он нерӯи тавоно, офаранда, пуриқтидор ва наҷотбахши иҷтимоъ мебошад.  Ҳастии инсон бо ниҳоди офаридагорӣ ва  ғановатманди сиришти  ботинӣ ва таҷаллии симои ибратомӯз тавассути илму дониш ва ақлу хирад зебу зиннат ёфта, ба ин васила нишоти зиндагӣ ва саодати рӯзгорро  комёб шудааст. Аз ин ҷост ки низому пешрафти иҷтимоъ, бунёдкорву созандагӣ, арзишҳои маънавӣ ва фарҳангии башар  ба  шахсияти инсон алоқаманд мебошанд.

Пӯшида нест, ки аз аҳди бостон инсоният  ҳамеша дар ҷустуҷӯи илм ва маърифат буда, рози илму ҳикмат мекушоду саодату хушбахтиро ҷӯён мешуд, ки он дар тӯли    ҳаёт  мояи  ҷуръату сарчашмаи шуҷоат  қарор мегирифт.  Дар ин робита ба манзалат ва мақоми шоиста расидану сохибилм шудани инсон  захмати зиёдро талаб мекард. Тавассути илму дониш ақли инсон ғанӣ гашта,  аҷсоми олам намои ободӣ ва созандагӣ мегирад. Илм маҳсули хиради инсонӣ ва ғояи ҳаёти одамӣ ҳамчун роҳи расидани инсон ба саодати ҷовидон аст ва маҷмӯи донишҳоест, ки дорои ҷаҳонбиниву  ғояи муайян  дар бораи олам, табиат ва ҷамъият буда,  ба маърифати наву тоза ақли инсонро  ғанӣ мегардонад ва чун чароғи равшан ба шинохти ҳақиқат раҳнамун месозад.

Пӯшида нест, ки дар ҷаҳони пуртуғёну зудтағирёбандаи муосир хатари тафаккури ифротгароӣ ба давлатдории навин ва соҳибистиқлолии миллии мо   таъсири манфӣ  гузошта истодааст. Ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ба зиндагии озодона ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон таҳдид намуда, боиси шиканҷаи мардум, ихтилофи ҷомеа ва ниҳоят хунрезӣ, ҷабру зулм ва куштори одамони бегуноҳ мегарданд. Воқеияти ҷаҳони муосир тоқазо менамояд, ки  нерӯи илм, ташаббусу созандагӣ, ғояи таҳаммулпазирӣ ва  ҳусни тафоҳум дар таъмини сулҳу суббот ва муомилаву муносибати халқҳои сайёра нақши созанда гузошта,  ба дарки худогоҳию хештаншиносӣ ва устувории ҳаёти маънавию иҷтимоии башарият мусоидат карда,  зиндагии шоистаи лоиқ ба инсонро таъмин намояд.

Шинохти манфиати миллат ва хидмати содиқона дар роҳи пешрафт ва ободии диёр масъулияти ҳар як шаҳрвандро дар таъмини рушди устувори кишвар, сулҳу суббот ва осоиштагии ҷомеа  зиёд месозад. Мусаллам аст, ки инсони худогоҳу озод ва ватандӯст ситампазиру бандаи бегонагон намешавад. Ҳар чиро мебинад, мешунавад ва мехонад, кӯркӯрона намепазирад, бо таҳаммул ва тадбирҷуӣ мағзашро ба кор мегирад ва пеш аз он ки ҳарфи касеро бипазирад, андеша мекунад. Бояд донист, ки агар таҳсил ва таълим судманд наафтад,  дастҳои фарзандонамон кӯтоҳ, мағзҳо ва андешаҳояшон баста, ақлро зиндониву ҷаҳлро майдонӣ месозем. Агар моҳияти аслии илму дониш ва таҳсилоти асилро ба шахс  расонда тавонем, ӯро инсони комилан дигар месозем. Дигар ӯ асири хурофот намешавад, мо ӯро олим сохта, бо аслиҳаи илм, мантиқ ва имон мусаллаҳ месозем. Вақте инсоне ба силоҳи илму мантиқ мусаллаҳ шуд, дар бораи ҳама чиз дуруст ва саҳеҳ ҳукм мекунад, бо шуҷоат ва шаҳомот аз ҳақ дифоъ ва бебокона дар зиндагӣ роҳи рост ва дурустро интихоб менамояд. Агар тарбияти хонаводагӣ ва таҳсилот ба натиҷаи дилхоҳ муваффақ нашавад, яқин донем,  ки инсон ба банди нодонӣ гирифтор мегардад ва на танҳо ӯро аз чанголи хурофот ва равияҳои бади ахлоқӣ наҷот намедиҳад, балки ӯро аз илму мантиқ дур сохта, оташи таассуб ва ҷаҳолатро дар ботини ӯ меафрӯзад.

Дар ҷомеаи муосир мебояд инсонеро  ба воя расонем, ки аз мазҳари муҳаббат ва одамият саршор бошад, дар паймони худ вафодор ва  душмани золим ва ёри ситамдида бошад, қалбаш барои озодӣ ва адолат тапад, аз дурӯғгӯву фиребкор нафрат кунад, ба ҳуқуқи дигарон таҷовуз нанамояд ва монанди беҳтарин симо ва шахсияти инсонҳои комил зиста, ба вижагиҳои ахлоқи онон пайравӣ намояд.

Дар ҳар қавну маконе, ки бунёди илму донишу ҳунар устувор нест, ҷомеаро  ба таассубу ҷаҳолат, тундравӣ, ҷангу бадбахтиҳо ва нобудшавӣ         меорад.  Дар раванди ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироии тамаддунҳо ба истиқболи арзандаи ҳамкориҳои мутақобила баромада, ба фаъолияти ҳаракату ҷараёнҳо ва  масъалаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, динӣ ва иқтисодӣ  бар асоси бунёди ақидаи солиму  саҳеҳ , ҷанбаи амиқи илмӣ ва маърифатӣ  ва ба ҳодиса аз диди воқеӣ баҳо додан муносибати мутавозин дошта бошем.

Дар робита ба ин маъниҳо Пайғамбар Муҳаммад (с) дар симои Салмони Форс ва Абӯҳанифа форснажодонро  миёни дигар ақвом ҳамчун мардуми донишманд, закӣ ва ҳунарманд мешиносад ва таъкид мекунад : «Агар чунончӣ илм дар ситораи Сурайё ҳам бошад, қатъан мардоне аз фарзандони форс онро ба чанг меоранд»….

Бо ифодаи дигар  беҳтарини Аҷамро Форс  дониста чунин таъкид менамояд:  «Агар,  эй араб, шумо аз ин дин руй бигардонед, қавме пайдо хоҳад шуд, ки кори ин динро пеш хоҳад бурд. Асҳоб аз ӯ суол карданд, ки он кадом қавм аст? Дар ин асно Салмони Форс дар паҳлӯи вай нишаста буд. Паёмбар гуфт: қавми Салмони Форс кори ин динро ба шоистагӣ пеш хоҳад бурд».

Мавлоно Ҷалолиддинӣ Балхӣ дар хотимаи достони «Донишманди забондон ва киштибон» таъкид менамояд:

«Ҳар кӣ худро доно ҳисоб карду дигаронро нодон, дар рӯзи воқеа ба гил дармемонад ва чун ин донишманди нодону мағрур дар гирдоби фаною нестӣ гирифтор мешавад».

Таҳсилу таълим ва тарбияте, ки ба фарҳанг ва ормонҳои ҷомеаи миллӣ беэътино бошад,  ба вайронӣ ва гусехтани дастгоҳи иҷтимоии он ҷомеъа мусоидат карда, инҳитоти маънавиёти як миллатро боис мешавад. Агар таҳсилу тарбият фарҳанги миллатро дар заминаи кашфиёти илмӣ таҷассум накунад, ба рифоҳи иҷтимоӣ ва пешрафти миллат мусоидат нахоҳад кард. Мутассифона, на ҳамеша таҳсил ва тарбият аз мероси бегонапарастӣ, иртиҷоӣ, таассубу хурофот ва шаклпарастӣ фосила гирифта,  унсури кофӣ ва муфидеро барои бунёд ва устувории пояҳои арзишманди  ахлоқию маънавии ниёгонро муҳайё насохт.  Пӯшида нест, ки дастурҳо ва усулҳои  таълим  ва тарбият дар ҳеҷ замон маҳдуд набуду маҳдуд нахоҳад монд. Ин равиш бо пешрафти зиндагиву инсонҳо ҳамеша мутағаййир аст ва онро ба таври қотеъ дар ҳеҷ чорчӯбае наметавон маҳдуд сохт. Тарбиятгар ва омӯзгор дар эҷод ва кашфи тарзи таълиму тарбия ҳамеша бояд озод бошад. Ин озодӣ, пеш аз ҳама, ба соҳибилм, дониш ва таҷрибаи ӯ такя мекунад. Ба ин маънӣ, Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар боби мақоми илм ва таълиму тарбият возеҳу сареҳ мегӯяд:

Илм аз сомони ҳифзи зиндагист,

Илм аз асбоби тақвими худист.

Илму фан аз пешхезони ҳаёт,

Илму фан аз хоназодони ҳаёт.

Дар ташреҳи ин абёт бо сароҳат таъкид мегардад, ки «илм абзоре аст барои ҳифзи ҳаёт ва сару сомон додан ба зиндагӣ ва ҳамчунин барои қивом додан тасбияти зоти башар. Илм яке аз васоил ва асбоби кор аст».

Хулосаи ин ташреҳ ҳақиқатест, ки таҷрибаи зиндагии башар собит сохтааст, яъне таҳсилу таълим ва тарбият бояд ба инсон зиндагии шарофатмандона, одилона ва маънавиро ато намуда, барои эҳёи зарурати иқтисодӣ, илмӣ ва техникии миллат василае бошад. Дар таҳсилу таълим ва тарбият бояд амалан шӯру шавқе нуҳуфта бошад, то ҳар фарде тавонад суботи иқтисодӣ ва истиқлоли иҷтимоию фарҳангии худро ба даст оварад. Равиши таълим ва тарбияте, ки дар асоси чунин мақсаду ҳадафҳо поягузорӣ шудааст, ба суди инсон ва ҷомеа хоҳад буд.

Рушди босуботи соҳаи илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ ва таъминкунандаи пешрафти ҷомеа ва давлат маҳсуб меёбад. Ба ин васила истиқлоли кишвар тадриҷан истиқлоли фарҳангии моро фароҳам меоварад ва мо рӯзафзун аз таҳсилу тарбияти сиёсатзада канор рафта, ба омӯзиш ва дарёфти арзишҳои маънавии худиву башарӣ рӯ меоварем.

Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ дар айёми фараҳбахше баргузор мегардад, ки бо иродат ва ҳамраъйии мардуми сарафрози кишвари маҳбубамон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдат- Пешвои миллат»- ро якдилона қабул кард.  Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо рисолати бузурги пуршавқату шукӯҳманд,  меъмори қасри тамаддун, бунёдгузори тафаккури навини давлатсозии миллӣ ва соҳибқирони самои даврон бо тамоми азму ирода ва нерӯи созанда ба халқу Ватани маҳбубамон хизмати шоиста кард ва  эътимоди мардуми кишварро соҳиб гардид.  Бешак, танҳо халқи бузург вориси чунин инсони бузург аст ва мо шахсияти нерӯманд ва мӯътабарро шинохта, мақому мартабаи халқро эҳсос мекунем. Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли фаъолияти давлатдориаш баҳри ҳифзи истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту оромии давлату ҷомеа ва ободиву пешрафти кишвари азизамон ҳамеша талошу ҷонбозиҳо кард ва муҷассамаи халқ ва бақои  миллати тоҷикро бунёд сохт.  Воқеан, халқи куҳанбунёд ва  тамаддунофари тоҷик ба истиқболи ҷовидонӣ гардонидани чунин симои фарзонафарзанд ҳамеша  саодату пирӯзӣ дорад.

Бузургӣ ва шаҳомати  Пешвои миллат   Эмомалӣ Раҳмон дар он зоҳир мегардад, ки рушди босуботи илму маорифро самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ ва дар таъмини амнияти миллии кишвар масъул ва вазифадор меҳисобад.  Бинобар ин, соли 2016 ба вуҷуди таъсири шадиди бурҳонҳои молиявӣ, иқтисодӣ ва сиёсии ҷаҳон ба пешрафти соҳаи илму маориф беш аз се миллиарду   150 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Ин ташаббус ва амалҳои созанда некфарҷом ва амри воҷиб буда,  бо арҷгузорӣ ва эътибор ба пешрафти илму рушди маориф муяссар гардида, аз башорати нек ва мунаввар дарак медиҳад.  Дар хақиқат,  тавассути соҳибистиқлолу соҳибихтиёрӣ  ва пешрафти илму маориф ормонҳои зубдаву  ҳадафҳои наҷиби созандагӣ насибамон гардид.   Ҳамзамон, дар замони зудтағйирёбандаву бесуботи ҷаҳони муосир мушкилот ва норасоиҳо низ мавҷуданд ва пайгирона ҷиҳати ҳалли онҳо ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ бетараф буда наметавонад. Мебояд, ки ҳамагон садоқатмандона ба хотири ободиву осиштагӣ ва пешрафти Ватани азизамон ҷидду ҷаҳд намоем ва фардои ҷомеаро, ки аз дониш ва фарҳангу маънавиёти насли наврас вобастагӣ дорад, шукуфотар гардонем.

Эмомалӣ Раҳмон бо нуру сафои  эзидӣ  ва башорати покизагӣ соҳибқирони самои даврон гашта,  бо раҳнамоиву роҳкушоӣ, пойдории бақои миллатро устувор сохт ва дар раҳи илму амал   Пешвои миллат гардид.  Бинобар ин, дар ин сафҳаи сарнавиштсози таърихии миллат ва  айёми фархундаву фирӯз бо мақсади пайгирӣ намудани вазифаҳои дар паёмҳои Президенти кишвар муайяншуда ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва бо дарназардошти вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, таҳдиду хатарҳои торафт афзояндаи глобаливу минтақавӣ бо муҳаббату  иродатмандӣ ҳар як афроди ҷомеаро мебояд,  ки кишвари азизамонро  сидқан ва баробари ҷон дӯст дошта, ватандӯсту меҳанпарасти асил бошем, шукронаи неъмати бузурги соҳибистиқлолӣ ва  соҳибватанӣ карда, барои шукуфоӣ ва ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ҳамеша талош варзем.

Абдусамад Муллоев

доктори илмҳои филологӣ, ноиби ректори ДДОТ

ба номи С. Айнӣ оид ба илм

 

 

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj