• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Лоиҳаи тағйиру иловаҳои воридшаванда ба Конститутсияи (Сарқонуни)

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санади олии ҳуқуқӣ буда, халқи Точикистонро қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон инъикос намуда, таъмини соҳибихтиёрии давлат ва рушду камоли онро вазифаи асоси гузошта, озодӣ ва ҳуқуқӣ шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор додааст.

Ҳамчунин, ин санади мақоми олӣ дошта барои мустақилияти сиёсию иқтисодӣ, пешбурди сиёсати сулҷӯёна, боло рафтани эътибори давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ ва таъмини суботи сиёсию иҷтимоии ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва инчунин инкишофи плюрализми сиёсӣ дар байни ҳизбҳои сиёсӣ равона гардида, шароити мусоиди ташкилию ҳуқуқӣ  фароҳам овардааст.

Ба ҳамин тартиб, санаи 10 феврали соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъини райъпурсии умумихалқӣ оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуданд.

Пешниҳоди мазкур бо мақсади муайян ва мушаххс намудани роҳу равиши ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ҷомеа ва давлат ва инчунин самтҳои асосии инкишофи мафкураи миллӣ ва такмили минбаъдаи Қонуни асосӣ бо назардошти меъёрҳои байналмилалӣ саривақти буда, аз нуқтаи назари илмию амалия танҳо ба нафъи ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.

«Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар маҷмуъ арзишҳои волои Конститутсияро таҳким бахшида, инъикоси минбаъдаи раванди демократикунонии ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон, тақвияти ҳифзи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, фарогири идомаи ислоҳоти таҷзияи ҳокимияти давлатӣ дар кишвар мебошад.

Мувофиқи тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда, ном ва матн ва 28 моддаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил дода мешаванд, ки асосан онҳо ба мукаммал гардонидани меъёрҳои Конститутсия равона гардида, дар самти ҳифзи ҳукуқу озодии инсон ва шаҳрванд ва эътироф намудани онҳо ба сифати арзиши олӣ, фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва мақомоти идоракунӣ минбаъд такони ҷиддӣ бахшида, ба арзишҳо ва принсипҳои асосии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи мебошанд.

Масалан, аз ном ва матни Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда мешавад, бинобар сабаби вожа ва дорои хусусияти байналмилалӣ дошта хориҷ карда мешавад.

Ба ҳамин тартиб ҳуқуқи асосии мамлакатҳои хориҷӣ истилоҳи Конститутсияро ба маънои «таъсис медиҳам», «созмон медиҳам»-ро инъикос намуда, ба сифати Қонуни асосӣ хусусиятҳои давлатдориро ба монанди давлати соҳибихтиёр, демократи, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, инчунин давлати иҷтимоӣ муайян карда, асосҳои сохтори конститутисиониро ба таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла ҳокимияти иҷроия, қонунгузорӣ ва судӣ тақсим менамояд.

Ба ибораи дигар, Конститутсия ба сифати «сарқонун», «қонуни қонунҳо» аз роҳҳои мухталиф самтҳои асосии рушду такомули ҳуқуқи миллиро муайян мекунад, доираи салоҳият ва фаъолияти мақоми қонунгузор ва дигар мақомоти давлатиро дар мавридиҳуқуқэҷодкунӣ муқаррар намуда, чаҳорчубаи равобити иҷтимоиеро, ки зарурат ба танзими ҳуқуқӣ дорад, муайян менамояд.

Тибқи моддаи 100 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идораи ҷумҳурӣ, ба истиснои шакли идораи президентӣ муайян карда шудааст.

Ба ҳамин тартиб, дар моддаи 1 шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президенти мебошад, пешбинӣ карда мешавад, барои он, ки таҷрибаи идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз қабули Қонуни асосӣ то ҳол собит сохт, ки шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ буда, президент ба муддати муайян аз ҷониби интихобкунандагон ё ба таври мустақим ва ё ба таври ғайри мустақим интихоб мешавад.

Ғайр аз ин, дар моддаи 8 меъёри танзимкунанда бо мақсади пешгирӣ аз ҳар гуна ташкили гуруҳҳои хусусияти экстримистӣ дошта, таъсиси ҳизбҳои сиёсии алоқаманд ба ташкилотҳои террористию ифродгароӣ ва халалдор намудани асосҳои сохтори конститутсионӣ илова карда мешавад, ки минбаъд фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсис ҳизбҳои сиёсии хусусияти миллӣ ва динидоштаро дар Тоҷикистон, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсиро аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ менамояд.

Ҳамчунин, қисми зиёди тағйиру иловаҳои пешниҳодшаванда ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳавасмандгардонии ҷавонон дар мавриди интирок намудани дар чорпбиниҳои сиёсӣ ва интихоб шудани онҳо ба мансаби гуногуни таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти қонунгузор ва судӣ бахшида шудааст. Зеро, ҷавонон нерӯи пешбарандаи давлату ҷомеа буда, дар таҳкими иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангу тамаддунӣ ва сиёсию ҳуқуқии ҳайти ҷамъият ва давлат нақши колези мебозанд.

Гузашта аз ин, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти забони давлатӣ ва миллӣ дошта, ислоҳоти имлоиро ҷиҳати тақвияти забони давлатӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва муарифи он дар арсаи байналмилалӣ талаб менамояд. Аз ин лиҳоз, тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда такмили баъзе истилоҳу ибораҳо ва ҷумлаҳои мураккаб пешбинӣ намудааст.

Барои баланд бардоштани боварӣ ва эътимоди комили ҷомеаи Тоҷикистон нисбат ба фаъолияти мақомотҳои давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо, ба баъд аз эътибори ҳуқуқӣ пайдо кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Ҳукумат бо тартиби муқаррарнамудаи Конститутсия ва қонунҳои конститутсионӣ дар назди мардум ва давлат савганд ёд мекунанд.

Мувофиқи қисми 3 моддаи 61 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, тафсири Конститутсия аз ҷониби Маҷлиси Олӣ тибқи тартиби мазкур барраси гардида, дар шакли қонуни конститутсионӣ қабул карда мешавад.

Вобаста ба ин, бояд тазаккур дод, ки меъёри мазкур дар шакли умум пешбинӣ гардида, татбиқи мафҳуми «худдорӣ ва муқовиммат»-ро дар таҳия ва қабули тафсири Конститутсия қонуни конститутсионӣ сарфи назар менамояд. Зеро «худдорӣ ва муқовиммат» дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ имконият медиҳад, ки ҳангоми тафсири Конститутсия ворид намудани тафсири гуногуро пешгири мекунад.

Ба ҳамин хотир, дар моддаи 61 қисми 3-юм дар таҳрири нав ифода гардида, қабули тафсири Конститутсияро ба салоҳияти Маҷлиси намояндагон ва ҷонибдории онро ба салоҳияти Маҷлиси миллӣ пешбинӣ менамояд.

Ва дигар масъалаҳое низ мавҷуданд, ки танзим ва муқммалгардонии онҳо тавассути Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди масъалаҳои дар боло зикргардида, зарур ва тақозои мубрам мебошанд.

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj