• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

ИСЛОҲОТИ ҲУҚУҚИИ КОНСТИТУСИОНӢ

ЗАМИНАИ МУҲИМИ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯИ ДАВЛАТӢ

Имсолмардуми Тоҷикистон 25 солагии  истиқлолияти давлатии худро ҷашн мегиранд. Ин ҷашни бузург мазмунан ва моҳиятан баёнгари таърихи ҳазорсолаҳои дури тоҷикон буда, ба сифати рӯйдоди сиёсиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангӣ бо раванди дуру дарози ташаккули фарҳанги давлатдорӣ, роҳи пуршебу фарози расидан ба истиқлолият ва густариш ёфтани ҳуввияти миллӣ пайванди ногусастанӣ дорад ва мазҳари орзуву ормонҳои чандинасраи миллати тоҷик мебошад.

Эълон доштани истиқлолияти давлатӣҳалли якқатор проблемаҳоро ба миён овард. Дар ин раванд, пеш аз ҳама, гузаронидани ислоҳоти ҳуқуқӣ, яъне зарурати гузаштан ба низоми нави ҳуқуқӣ ба вуҷуд омад. Зеро танзими муносибатҳои нав ба воситаи меъёрҳои ҳуқуқӣ амалӣ мегарданд. Дар низоми ҳуқуқии ҳар  давлат, аз он ҷумла  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи кишвар ҷойи марказиро ишғол мекунад ва ба ҳаёти давлатию ҷамъиятӣ таъсири доимии худро мерасонад. Бинобар ин чавобгу будани он ба талаботи давру замон асоси он ба ҳисоб меравад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва шакли давлатдории Тоҷикистон, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, асосҳои иқтисодиву фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон эълон шудаанд.

Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия дар таҷрибаи давлатдории ҳамаи кишварҳои ҷаҳони мутамаддин ҷой дорад. Ба замми ҳамаи ин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мисли конститутсияҳои давлатҳои пасошӯравӣ дар давраи гузариш ба давлати ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, иқтисоди бозорӣ ва шаклҳои гуногуни моликият қабул шудааст. Дар чунин шароит зарурат ба тағйиру иловаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун амри табиӣ эҳсос мешавад. Аз ин ҷост, ки 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ду маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Ин тағйиру иловаҳо бо назардошти дигаргуниҳои куллии ҳаёти ҷомеа, инкишоф ва тағйир ёфтани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, зарурати такмили сохтори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ба талаботи муносибатҳои нави ҷамъиятӣ мувофиқ гардонидани меъёрҳои конститутсионӣ ва таъмини пешрафти минбаъдаи ҷомеа ба вуқуъ пайвастанд.

Аз ин ҷост, ки Тоҷикистони соҳиистиқол давраи нави инкишофи худро паси сар менамояд, бинобар ин барои расидан ба ҳадафхои олии кишвар, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, гузаронидани ислоҳоти ҳуқуқӣ аз ҷумла такмили меъёрҳои Конститусия амри воқеи мебошад.

Бо дар назардошти ин метавон таъғйиру иловаҳои пешниҳод гардидаро аз чанд лиҳоз зарур ва мувофиқи матлаб арзёбӣ намуд.

Якум, таъғйиру иловаҳои, ки имрӯз ҷиҳати қабул гардидан ба тариқи овоздихии умумихалқи пешниҳод гардидааст, метавонад баҳри рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мусодит кунад. Аз ин хотир муҳаё намудани шорити хуби рушд дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, ки  яке аз ҳадафҳои олитарини давлат ва ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, амри зарури аст.

Дуюм, самти дигари тағйироту иловаҳоро метавонад,  ба мустаҳкам намудани сохтори конститутсионии Тоҷикистон  мусоидат намояд. Аз ин ру он баҳри таҳкими асосҳои сохтори конститусионӣ ва самаранок гардидани низоми мақомоти давлатӣ имконият ба вучуд меорад. Масалан дақиқан муайян  гардидани сохти идоракунии Тоҷикистон ба ин мисол шуда метавонад (тибқи тағйиротҳои пешниҳодгардида «шакли идоракунии Тоҷикистон президенти мебошад», ки  ба кадом шакли идоракунии ҷумҳуриявӣ шомил будани Тоҷикистонро мушахас намудааст).

Сеюм, самти тағйироту иловаҳоро метавон ба мушахасгардонии мафҳуму имлоҳо дохил намуд.  Дар ин миён баъзе аз мафҳуму вожаҳо иваз ё гирифта шудаанд, ки он  бо дарназардошти рушди забони тоҷикӣ  тағйир дода шудааст (масалан калимаи Сарқонун аз ном ва матни Конститутсия гирифта шудааст, ё ин ки ба ҷои калиами «ташкилотҳо» «иттиҳодияҳо» пешниход гардидааст).

Чорум, самти   тағйиру иловахоро  ба пурзур намудани масъулияти шахсоне, ки мансабҳои баланди давлатиро (аъзои Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, аъзои Ҳукуамт) ишғол менамоянд, равона шудааст. Дар ин самт пешниҳод мегардад, ки ин шахсон  баъди интихоб ё таин гардиданашон дар мансабҳои номбурда, бояд бо тартиби муқараргардида савганд ёд кунанд.

Панҷум, самти тағйироту иловаҳоро метавон дастгирии ҷавонон ва ҳарчи бештар иштироки онҳоро дар идоракунии давлатӣ  арзёби намуд. Дар ин раванд то ба ба синни 30 солаги поён овардани ишғоли вазифаи Президенти Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси милли кобили дастгирист. Бояд қайд намуд, ки барои ишғоли вазифаҳои муҳими давлатӣ (Президенти Тоҷикистон, узви Маҷлиси милли, вакили Маҷлиси намояндагон, судяҳои Суди конститусионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иктисодӣ, судҳои вилоятҳо, шаҳри Душанбе) синни соли ягона, 30 солагӣ муайян гардидааст.  Дар ин самт имконият ба вуҷуд меояд, ки иштироки васеи шаҳрвандони ҷумҳурӣ, аз ҷумла чавонон дар  идоракунии давлатӣ (ишғоли мансабҳои муҳими давлатӣ) таъмин карда шавад.

Ба ин тартиб, таъғйиру иловаҳои пешниходгардида метавонад ҷиҳати боз ҳам таҳким намудани истиқлолияти давлатӣ, устувор намудани низоми сохтори конститутсионӣ, ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон хизмат намояд.

Ф.Давлатов,

Д.Назаров,

устодони ДДОТ ба номи С.Айнӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj