• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Ба пешвози 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ

ИСТИҚЛОЛИЯТИ АДАБӢВА РАҲОӢ АЗ ЧАҲОРЧӮБАИ ИДЕОЛОГӢ

Тӯли 25 соли соҳибистиқлолӣ адабиёти тоҷик ба тадриҷ аз чаҳорчӯбаи сиёсии методи реализми сотсиалистӣ берун шуда, рӯ ба асолати азалӣ оварда истодааст. Методи реализми сотсиалистӣ ягона методе буд, ки соли 1934 дар анҷумани нахустини нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Маскав барои тамоми адабиёт ва санъати сохтори Шӯравӣқабул карда шуда, то барҳамхӯрии сохтор меъёри санҷиши осори аҳли адаб қарор гирифта буд. Агар дуруст назар андозем, адабиёт ва санъати Шӯравӣ аз рӯи се меъёри собит: партиявият, синфият ва халқият ҳам эҷод мегардид ва ҳам санҷидаву баҳо дода мешуд. Дар маҷмӯъ метавон ин усули санҷидани каломи бадеъро нақди сиёсиву иҷтимоӣ ва ахлоқӣ номид. Баъд аз солҳои шастуми садаи бистум адабиёт ва санъати Шӯравӣ то як андоза истиқлолият пайдо кард, ки ин пеш аз ҳама дар рӯ овардани адибон ба арзишҳои миллӣ, аз қабили Ватан, забон, ифтихор аз гузашта ва амсоли ин зоҳир мешуд. Ҷанбаи лафзии адабиёт ҳам то андозае обу ранги бадеӣ гирифт.Асарҳои зиёде навишта шуданд, ки арзиши баланди ахлоқию тарбиявӣ доранд.

Пас аз пошхӯрии ҷомеаи Шӯравӣ то чанд муддат аз ҷониби як идда муҳаққиқон кулли арзишҳои идеологии ҷомеаи Шӯравӣ инкор шуданд ва адабиёу санъати он рӯзгор ҳам мавриди накӯҳиш қарор гирифт. Як зумра адибони дигар мавқеи иҷтимоию сиёсиашонро дигар накарданд ва аз он идеология пуштибонӣ мекарданду то ба имрӯз мекунанд. Воқеан, то кунун моҳият ва арзиши ахлоқии адабиёти Шӯравӣ аз ҷониби муҳаққиқон ҳаматарафа мавриди пажуҳиши илмӣқарор нагирифтааст. Дар замони соҳибистиқлолии давлатӣ тадқиқоти шодравон Маъруфи Раҷабӣ зери унвони «Адабиётшиносӣ ва танқиди адабӣ» мунташир гардид, ки нақди адабии Шӯравии тоҷикро дар солҳои 1920-1950 маврид қарор додааст. Мавсуф нақди адабии ин давраро комилан беарзиш шуморида, онро як навъ сиёсатгароӣ ва аз арзишҳои аслии адабиётшиносӣдур гуфтааст.

Бо вуҷуди ҳамаи ин адабиёт комилан тобеаи методологияи замон буд ва адиб наметавонист аз чаҳорчӯбаи идеологии сохтор берун барояд.Одитарин саҳв метавонист боиси маҳкум гардидани адиб шавад. Чунонки инро дар мисоли романи «Гузашти айём»-и Ҷумъа Одина мебинем. Дар ин роман, ки тибқи методи реализми сотсиалистӣ иншо гардидааст, зоҳиран ягон хатои идеологии фоҳиш вуҷуд надорад, аммо аз он ҷо, ки нависанда дар мисоли образи коммунист баъзе рафторҳои аз ахлоқӣ коммунистӣ берунро инъикос кардааст, асар маҳкум гардид ва аз фурӯш боздошта шуд.

Ва ё романи «Се рӯзи як баҳор»-и Саттор Турсун, ки дар замони бозсозӣ мунташир гашта буд. Ин ҷо нависанда хостааст дар мисоли образи Усмон Азиз, ки босмачӣ шудааст, инсонеро тасвир кунад, ки мисли дигар инсонҳо дил дорад, андеша меронад. Аммо дар он рӯзгор методи реализм тақозо мекард, ки сиёҳсиёҳ асту сафед сафед ва дар сафедӣ набояд сиёҳӣ бошаду дар сиёҳӣ сафедӣ. Ин усул як навъ нависандаро дар қолаб гирифтор менамуд ва ӯ наметавонист, ки дар офариниш соҳибистиқлол бошад.

Пас аз пош хӯрдани ҷомеаи Шӯравӣ чанд муддат бинобар сабабҳои иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодӣ адабиёти навини тоҷик марҳилаи сукутро паси сар кард. Аҳли адаб низ вобаста ба мавқеи иҷтимоӣ ва сиёсии худ ба эҷод машғул буданд ва ба истиқлолияти давлатии тоҷикон ба тарзи гуногун баҳо медоданд. Аз он ҷо ки дар замони Шӯравӣ аҳли адаб нисбат ба дигар табақаҳои ҷомеа зиндагии беҳтаре доштанд, бештар аз барҳам хӯрдани он афсӯс мехӯрданд ва бо ёди замони пешин мезистанд. Аз дигар тараф нобасомониҳои рӯзгори солҳои навадуми тоҷик аксарияти адибонро дилмондаву ноумед сохта буд. Мавзӯи ноумедиву дилмондагӣ аз миллату ояндаи нек яке аз мавзӯотест, ки адабиёти солҳои навадуми садаи бистро фаро гирифтааст. Аз солҳои дуҳазорум инҷониб ба тадриҷ давлати соҳибистиқлоли тоҷикон рӯ ба рушду нумӯ овард ва ин падида дили мардум, аз он ҷумла аҳли адабро ба ояндаи дурахшон гарм кард. Мунташир шудани маҷаллаву рӯзнома, китобҳо ва сохтаву ба истифода дода шудани мактабу дигар иншоотҳо гувоҳӣ аз он медоданд, ки истиқлолият неъмати бебаҳо аст.

Имрӯз адибон дар баёни андеша ва афкор соҳибистиқлоланд ва тобеи ягон методология нестанд. Ин падида дар ташаккули маънавию лафзии адабиёт то кадом андоза мусоидат кардааст, тадқиқоти алоҳидаро талаб дорад.

Истиқлолияти давлатӣ барои қаламбадастон ва ҳамаи онҳое, ки чизе эҷод мекунанд имконияти бештаре муҳайё намуд. Агар дар замони пешин на ҳар кас имкони чоп кардани осори худро дошт, дар замони нав ҳар кас метавонад маҳсули эҷодиашро новобаста ба чигунагии муҳтаво ва шакл нашр созад. Адибони касбӣҳам дигар сари масъалаи ғояи асари худ аз рӯйи меъёрҳои чаҳорчӯбаи методи реализми сотсиалистӣ амал намекунанд ва ва вобаста ба тамойюли ғоявию мавқеи иҷтимою сиёсии худ асар эҷод мекунанд.  Ба вуҷуд омадани асарҳои аз нигоҳи мавзуъ ирфонӣ, зуҳду тақво, мавъиза, ҳаҷномаҳо ва амсоли ин гувоҳи ин қазия мебошанд. То кадом андоза муҳим ва ё нолозим будани чунин асарҳо тадқиқоти алоҳидаи илмиро тақозо дорад.

Бо вуҷуди ҳамаи ин адабиёти навини тоҷик марҳилаи таҳаввулу ташаккулро паси сар карда истодааст. Тӯли 25 соли истиқлолият дар радифи суханварони собиқадор ба майдони адабиёт шоирону нависандагони зиёде ворид шуда, мероси адабии худро ба хонандагон пешниҳод карда истодаанд. Ҷойи тассуф аст, ки имрӯз нақди адабӣ мисли замони Шӯравӣ фаъол нест ва маҳсули эҷодии суханварони замони истиқлол нақду баррасӣ гардида, ба хонандагон муаррифӣ нашудааст.

Агар аз равзанаи нақди иҷтимоӣ ба адабиёти замони истиқлол назар андозем, мебинем, ки суханварон ҳар кадом вобаста баҷаҳонбинӣ ва муносибат ба ҷомеа мавқеи иҷимоию сиёсии худро доранд. Дар замони Шӯравӣҳамаи адибон як мавқеи иҷтимоӣ доштанд, яъне тарғибгари идеологияи сохтори сотсиалистӣ буданд. Тамоми  комёбиҳои сохтор пеш аз ҳама дар адабиёт инъикос меёфт. Хосса, адабиёти солҳои 1930-1940 уми тоҷик хусусияти сирф публитсистӣ дошт. Аз ҳамин ҷост, ки муҳаққиқон аз нигоҳи ҳунар арзиши осори ин давраи адабиёти тоҷикро беарзиш шумурдаанд. Шеъри шиори солҳои чилуму панҷоҳуми адабиёти садаи бист дар заминаи дастури ҳизбии шакл тобеи мундариҷа сурат гирифтааст.Дар китобҳои назарияи адабиёти замони Шӯравӣ низ омадааст, ки мундариҷа аввалиндараҷа ва шакл дуюмдараҷа мебошад, ки ин назария комилан ғалат буда, ба хотири оммавӣ гардонидани адабиёт ва санъат лозим дониста шудааст. Адабиёти аз иҷтимоъ берун арзиш надорад, аммо агар мавзӯъҳои иҷтимоӣ хушку холӣ ва бе тахайюл нигошта шаванд, моли адабиёт буда наметавонанд.

Имрӯз адибон дар баёни андеша ва афкору ғояҳои худ пойбанди ягон чаҳорчӯбаи идеологӣ нестанд. Тибқи талаботи ҷомеаи демократӣ онҳо метавонанд мавқеи иҷтимоию сиёсии гуногун дошта бошанд. Аммо барои пояндагии ваҳдати миллӣ, ободию рушди кишвар, амнияту сулҳу салоҳ лозим аст, ки ҳама гирди як сиёсат ҷамъ шаванд ва тарғибгару талқингари сиёсате бошанд, ки Тоҷикистонро ба ояндаи дурахшон мебарад. Ҳамин масъаларо Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи баромадҳояшон пайваста таъкид мекунанд. Дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат, ки дар арафаи Наврӯзи соли 2015 сурат гирифта буд, Пешвои миллат даврони истиқлолиятро барои адабиёти муосири тоҷик марҳилаи кулан нав ҳисобида, барои рушду такомули он ба дӯши адибон масъулияти азиме гузоштанд. Аз ҷумла қайд гардид, ки «Инъикоси дурусти ғояҳои истиқлолияти давлатӣ бояд муҳимтарин вазифаи адабиёт дар даврони истиқлолият бошад.
Вобаста ба ин, бояд таблиғи ғояҳои истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, таҳкими суботи сиёсӣ, инъикоси дурусти зиндагии мардум ва рушди рӯзафзуни Тоҷикистон вазифаи муқаддасу меҳварии адабиёт ва адибони тоҷик қарор гирад. Баробари ин, бисёр муҳим аст, ки адибони мо мавзӯи Ватан ва ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллиро асоси эҷодиёти худ қарор диҳанд.
Адибони моро зарур аст, ки наврасону ҷавононро дар ин рӯҳия тарбия намоянд, то ки онҳо дар оянда парчами озодӣ ва истиқлолиятро ҳамеша парафшон нигоҳ доранд.»

Дар баробари ин, Пешвои миллат бо таассуф зикр карданд, ки адабиёти мо аз замона қафо монда, ҳамаи комёбиҳои даврони истиқлолият ҳанӯз пурра дар заминаи манфиатҳои имрӯзу фардои миллат ва давлат инъикос наёфтаанд. Ин ишораи Сарвари давлат ба ҷанбаи иҷтимоӣ ва маънавии осори адибони муосир аст, ки онҳо дар таълифоташон ба мавзӯъҳои сохтмони иншооти бузургу тақдирсози кишвар ва умуман раванди ободкориву созандагӣкам аҳамият медиҳанд.

Дар идомаи ин мулоҳиза Пешвои миллат аҳли адабро барои аз як гиребон сар баровардан ва барои таблиғу ташвиқи сиёсати ободкориву сулҳпарварӣ даъват намуда, афзуданд, ки «Вақти он расидааст, ки адибони тоҷик бештар ба таҳияи мақолаҳои публисистӣ ва очеркҳои проблемавӣ даст зада, мардумро аз рӯйдодҳои кишвар, дастовардҳои диёри азизамон, масъалаҳои рӯз ва хатарҳои даҳшатбори замонаи ноором огоҳ созанд. Ҳамчунин, фаъолияти адибон дар инъикоси заҳмати содиқонаву софдилонаи сокинони деҳот, аз ҷумла кишоварзон кам ба мушоҳида мерасад.
Бинобар ин, ба адибон муроҷиат менамоям, ки аз зиндагии имрӯза қаҳрамонҳои худро дарёфт намуда, симои шахсиятҳои барҷастаи иҷтимоиеро, ки дар ҳаёти муосир нақши фаъол доранд, дар асарҳои худ тасвир созанд ва дастовардҳои Ватани маҳбубамонро ҳарчи бештар таҷассум гардонанд.»

Ғояти адабиёти асил ҳамеша хушояндиву ҳидояти инсон ба роҳи рост аст. Адиб дар ҷомеа зиндагӣ карда, наметавонад худро аз ҳодисаву воқеаҳои замони канор гирад. Ва ё дар муқобили разолату гумроҳӣхомӯширо интихоб намояд. Имрӯз натанҳо аҳли адаб, балки кулли зиёиёнро лозим аст, ки аз як гиребон сар бароварда, роҳнамои мардум барои фардои дурахшон бошанд. Насли ҷавони имрӯз, ки аз воситаҳои навини технология огоҳӣдоранд, зери таъсири таҳоҷуми фарҳангии ғайр қарор гирифтаанд. Таъсир гузоштан ба афкор ва тамойюли завқии онҳо кори саҳл нест. Бо як насиҳати хушку холӣ онҳоро аз ин гирдоб бадар кардан ғайриимкон аст. Танҳо бо такя аз хиради азалӣ ва ба кор гирифтани дастовардҳои маънавии ҳазорсолаамон дар баёни муассир метавонем ба сайри тамойюлизавқӣ ва ҷаҳонбинии онҳо таъсиррасон бошем.

 

Боймурод Шарифзода, декани факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи С.Айнӣ

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj