• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Истиқлолият кафили ободии Ватан аст

Тоҷикон аз қадимулайём миллати озодпарасту озодихоҳ буданд. Солҳои сол дар дил орзуи озодиро мепарвариданд. Бо амри тақдир ва бар асари таҳаввулоти фарогирии сиёсиву иҷтимоии ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта халқи тоҷик баъди ҳазор сол аз нав ба эҳё ва ба эъмори давлати миллии худ ноил гардид. Истиқлолият дар таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик воқеаи хеле бузург буд.

 

Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои истиқлолияти худ дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар бо мушкилоту монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардид. Халқи тоҷик аз ҷумлаи он миллатҳоест, ки марзу буми худро хеле дӯст медорад ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунад. Дастоварди бузургтарини мо дар тӯли солҳои истиқлолият барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдату пойдории миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардид.

Пас аз ба даст овардани истиқлолият Тоҷикистон  фавран ба гузаронидани ислоҳоти иқтисоди шурӯъ намуд. Пеш аз ҳама, дар ҷумҳурӣ базаи ҳуқуқии ислоҳоти иқтисодӣ дида баромада шуд. Дар ин бора қабули қонунҳо оид ба моликият, кооперативҳо, соҳибкорӣ, дар бораи андози даромад, буҷети давлатӣ, пардохти истифодаи замин ва ғайраҳо шаҳодат медиҳанд.

Бо фаро расидани давраи осоишта дар мамлакат барномаи ислоҳоти иқтисодӣ қабул гардид, ки он роҳи иқтисодиёти бозоргониро интихоб намуд. Ҳангоми тартиб додани барнома таҷрибаи байналхалқӣ истифода гардида, хусусиятҳои хоси инкишофи иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба назар гирифта шуд.

Мо, ҷавонон, ба хотири эътибори бештар пайдо намудани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аз дастовардҳои муҳимтарини технологияи муосир ва арзишҳои умумибашарӣ ба хубӣ огоҳ ва бархӯрдор бошем. Маҳз мо, ҷавонон, бо дониши комил зиракии сиёсӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ монеаҳои мавҷударо паси сар намуда, дар пешрафти рӯзафзуни кишвари соҳибистиқлоламон саҳми арзанда хоҳем гузошт.

Дар солҳои истиқлолият барои эҳё намудан ва инкишоф додани забони давлатиамон, ки забони шевою шоирона ва ширину шаҳдбори тоҷикӣ мебошад, ҷойгоҳи арзанда ва мақоми шоиста муҳайё сохтем.

Забонҳои хориҷӣ (махсусан, забонҳои русӣ ва англисӣ) бошанд, омили муҳими ворид шудани ҳар як фард ба фазои тамаддуни муосир мансуб меёбанд. Забондонӣ имконияти бевосита сару кор доштани шаҳрвандонро бо техникаву технологияи нав васеъ гардонида, дастрасии маводи иттилоотӣ, техникаро, ки аксаран бо ин забонҳо таълиф мешаванд, осон месозад.

Истиқлолият шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст. Истиқлолият рамзи миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдориву бақои он мебошад, зеро дар дунёи пуртазоди муосир миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили худро дошта бошад.

Ваҳдати миллӣ барои халқи тоҷик чун обу ҳаво зарур аст. Танҳо мо бо ваҳдат ва меҳнати якдилона метавонем истиқлолияти худро ҳифз намоему ватани азизамонро ободу зебо гардонем. Бешубҳа, оромию шукӯҳи ҳар як давлату миллат бар дӯши ҳар як шаҳрванди он вобаста аст, махсусан, насли ояндасози миллат ҷавонон. Вале мо, ҷавонон, бояд хуб дарк намоем, ки оянда тақдири халқу давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол бар дӯши мо гузошта мешавад.

Соҷида Назармамадова, магистри факултаи

филологияи тоҷик

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj