• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Риояи қонун барои ҳамагон ҳатмист

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба пешрафти илму маориф ҳамчун пойдевори рушду тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа диққати махсус зоҳир намуда, маҳз дар ҳамин давра барномаю консепсияҳои муҳими давлатиро қабул кардаанд, ки онҳо барои беҳтар намудани шароити кори олимон, омӯзгорон ва сатҳи таълиму тарбия дар ҳама зинаҳои таҳсилот такони ҷиддӣ бахшидаанд.

Масоили умдаи ин соҳа зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарвари давлат қарор доранд.

Соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» қабул гардид, ки он асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва принсипҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф муайян намуд.

Сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф дар асоси дурнамо, консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатии рушди соҳаи маориф тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, он ба принсипҳои баробарҳуқуқии шаҳрвандон дар гирифтани таҳсилоти босифат, қонуният, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, бартарии соҳаи маориф дар ҳама сатҳҳои идоракунии давлатӣ,  ҳатмӣ будани таълими умумии асосӣ, дастрасии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва идомаи таҳсил дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот дар асоси озмун, бартарии арзишҳои миллию умумибашарӣ, моҳияти башардӯстонаи мазмуни таҳсилот, рушди озодонаи шахс, муҳаббат ба Ватан ва принсипҳои дигар  асос ёфта, барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот стандартҳои давлатии таҳсилот муқаррар карда шудааст.

Бояд қайд кард, ки яке аз муҳимтарин барномаҳои таълимӣ-таълиму тарбияи томактабӣ мебошад, ки он бо мақсади инкишофи қобилият, шавқу рағбат, хусусиятҳои ҷисмонӣ, равонӣ, зеҳнӣ ва фарҳангии кӯдакони синни томактабӣ ва ёрии амалӣ ба падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) дар таълиму тарбияи кӯдакон, инчунин, омода намудани онҳо ба таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ба роҳ монда шудааст.

Барои дар оила ва муассисаҳои томактабӣ таълиму тарбияи шоиста гирифтани фарзандон падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) баробар бо муассисаҳои томактабӣ масъул мебошанд ва барои таъмини инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва зеҳнии давраи аввали кӯдакӣ ва минбаъд барои ба таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ омода намудани онҳо уҳдадоранд.

Дар Паёми Президенти мамлакат (23 апрели соли 2014) вобаста ба сиёсати иҷтимоии кишвар соҳаи илму маориф дар оянда низ ҳамчун яке аз самтҳои калидӣ ва омили муҳимтарини амнияти миллӣ ҳисобида шуда, дар замони муосир аз сатҳи фаъолият ва дараҷаи кадрҳо дар мактаби олӣ вобаста будани пешрафти иқтисодии ҳар як кишвар баён гардид ва зарурати дар мактабҳои олӣ дар ҷараёни таълим ба роҳ мондани истифодаи васеи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва то соли 2020 гузаштан ба меъёрҳои ҷаҳонии таҳсилот таъкид шуд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид, ки “бо сабаби ба низоми кредитӣ гузаштани муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар роҳбарони ин муассисаҳоро зарур аст, ки меъёрҳои дар сатҳи байналмилалӣ эътирофшударо пурра татбиқ намоянд ва доир ба масъалаи омӯзиши технологияҳои инноватсионӣ, ворид намудани таҷҳизоти ҳозиразамон ва ба ин восита самаранок гардонидани сифати таълим тадбирҳои ҷиддӣ андешида, ба забономӯзии донишҷӯён ва ба ҷойи кор ҳозир шудани хатмкунандагон диққати махсус диҳанд.”

Сарвари давлат тавассути Маркази миллии тестӣ роҳандозӣ гардидани қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро, ки ба коҳишёбии шиддати кирдорҳои коррупсионӣ дар ин соҳа ва кам гардидани шикоятҳо (аз 52 ҳазор нафар довталаб танҳо 400 нафар шикоят намуданд, ки ин рақам як фоизро ҳам ташкил намедиҳад) боис гардидааст, ҳамчун омили хуб, вале он ҳолатро, ки аксари падару модарон танҳо дар давраи имтиҳоноти хатми мактаб ва озмоишҳои тестӣ огоҳ мешаванд, ки фарзандашон бояд соҳиби касбу ихтисосе шавад, боиси таассуф арзёбӣ намуд. Оқилона бар он таъкид карда шуд, ки “Падару модарон бояд на дар як рӯзи имтиҳон, балки аз рӯзи таваллуди фарзандашон ба таълиму тарбияи ӯ диққати ҷиддӣ диҳанд, барои дуруст ба камол расидани ӯ шароит фароҳам оваранд, асбобу ашёи таълимашро таъмин намоянд ва завқи ӯро барои интихоби дурусти касб бедор созанд”.

Дар суханронии Президенти мамалакат дар баробари таълим доир ба масъалаҳои тарбияи наврасону ҷавонон ва дар рӯҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ ва худогоҳиву худшиносӣ ба воя расонидани онҳо, таҳкими робита миёни ҷомеа, муассисаи таълимӣ ва падару модарон, ки бо як қатор қонунҳо, аз ҷумла, Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба танзим дароварда шудаанд, баён ва иброз гардид, ки «ҷиҳати ба роҳ мондани назорати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдор дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар воҳиди нави сохторӣ таъсис дода шавад».

Вақте ки мо дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд сухан мегӯем, пеш аз ҳама, оиларо пеши назар меоварем. Чунки фарзанд тарбияи нахустини худро аз оила мегирад.

Тибқи талаботи моддаи 33-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  оила таҳти ғамхории давлат ва ҳимояи он қарор дорад ва аз ҷониби Президенти кишвар соли 2015  Соли оила эълон гардидан гувоҳи ин гуфтаҳо мебошад.

Маҳз дар оила инсон чун узви комилҳуқуқ ва ташабускору фаъоли ҷомеа тавлид ва ташаккул меёбад. Дар ҳақиқат, оила зуҳуроти иҷтимоию ҳуқуқист.

Воқеан, дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзими муносибатҳои оилавӣ дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ будани ақди никоҳи марду зан, баробарҳуқуқии зану шавҳар, афзалияти тарбияи кӯдакон дар оила, ғамхорӣ нисбат ба рушду камоли онҳо, таъмини ҳамаҷонибаи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои ноболиғи оила сурат мегирад.

Фарзанд бояд дар иҳотаи меҳру муҳаббати падару модар, муҳити бахту саодат ва ҳусни тафоҳум ба пояи камолот расида, ҳамчун шахсият дар ҷомеа шинохта гардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро оид ба ҳуқуқи инсон, бахусус, Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқи кӯдакро эътироф кардааст.

Бояд қайд кард,  ки конвенсияи мазкур масъулияти падару модарро баҳри тарбия ва инкишофи кӯдак дақиқан пешбинӣ намудааст. Аз ин рӯ, манфиатҳои кӯдак мавриди таваҷҷуҳи асосии падару модар бояд қарор гиранд.

Маълум аст, ки бузургони мо осори хуби маънавию ахлоқиро бобати одоби оиладорӣ, таълиму тарбияи фарзандон, ҳурмату эҳтироми падару модар, инсон ва расидан ба қадри заҳмати ҳалол ва дигар паҳлуҳои мухталифи тарбияи фарзанд ҳамчун рисолати оиладорӣ боқӣ гузоштаанд.

Ҳуқуқу уҳдадории аввалдараҷаи падару модар дар оила ва ҷомеа таълиму тарбияи фарзандон мебошад.

Дар меъёрҳои Кодекси ҷиноятӣ ҷавобгарӣ барои кӯдаки навзоди худро куштани модар, монеъ шудан барои гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии асосӣ, ҷалби ноболиғон ба содир намудани ҷиноят, хариду фурӯши ноболиғон, ба шавҳар додани духтари ба синни никоҳ нарасида, иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба тарбияи ноболиғ, бадқасдона саркашӣ намудани падару модар аз таъминоти фарзандон ё саркашӣ намудани фарзандон аз таъминоти падару модари ғайри қобили меҳнат ва дигарҳо пешбинӣ шудааст.

Бояд зикр кард, ки таи солҳои охир   судҳои ҷумҳурӣ парвандаҳоро вобаста ба содир кардани як қатор ҷиноятҳои гуногун, ки аз тарафи ноболиғон содир шудаанд, баррасӣ намудаанд. Дар иртибот бо ин, бояд таъкид кард, ки дар таҷрибаи судӣ ҳолатҳои нангин бобати кӯдаки навзоди худро куштани модар ҳангоми таваллуд ё бевосита пас аз он низ ба чашм мерасанд.

Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки ин зуҳуроти номатлуб дар натиҷаи барҳам хӯрдани муносибатҳои оилавӣ, бе никоҳ таваллуд кардани кӯдаки навзод,  ки боиси куштори кӯдаки навзод мегардад, аз ҷониби зан - модар содир мешавад. Тавре аз маълумотҳои оморӣ дида мешавад, барои содир намудани ин амали ғайриқонунӣ, яъне аз ҷониби модар ба қатл расонидани кӯдаки навзод дар зиёда аз 40 ҳолат гунаҳгорон маҳкум карда шудаанд.

Бояд ёдовар шуд, ки шахсони алоҳида ва гурӯҳҳои гуногуни ҷиноятпеша аз беназоратии падару модарон ва роҳбарону кормандони муассисаҳои таълимӣ истифода карда, ҷавононро бо роҳи фиреб, таҳдид ё бо дигар тарз ба содир кардани ҷиноят ҷалб менамоянд.

Вақтҳои охир қисме аз падару модар нисбат ба тақдир ва ояндаи фарзандони худ бепарвоӣ зоҳир намуда, бо ҳар тарзу усул ба онҳо барои гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии асосӣ (нуҳсола) монеъ мешаванд. Маҳз дар пояи ҳамин амали нанговар зиёда аз 100 нафар падару модар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, аз тарафи судҳо маҳкум шудаанд.

Бо ин восита падару модарон фарзандони худро, пеш аз ҳама, духтаронро аз таҳсилоти умумии ҳатмӣ дур сохта, бармаҳал фарзандони ба синни никоҳи нарасидаро ба шавҳар додаанд, ки дар натиҷа ҳангоми баррасии ин гуна парвандаҳои ҷиноятӣ зиёда аз 200 нафар падару модар аз ҷониби судҳо маҳкум гардидаанд.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар аксар ҳолатҳо маҳз тайёр  набудани  ҷавонон  ба зиндагии якҷояи оилавӣ боиси барҳам хурдани оилаҳои ҷавон гардидааст.

Ақди никоҳи хешутаборӣ, бе муоинаи тиббӣ зану шавҳар шудан низ омилҳои бекоршавии оилаҳо шуда истодааст. Тавре илми тиб муайян кардааст ва ин ҳолат аз таҷрибаи судӣ низ шаҳодат медиҳад, аз никоҳи хешутаборӣ кӯдакони маъюбу носолим ба дунё меоянд ва ин сабаби бекор гардидани ақди никоҳ мешавад.

Рисолати бузургтарине, ки ҷомеа дар назди насли наврас дорад, баланд бардоштани сатҳи маънавиёт, ташаккули маданияти муомилаву муошират, беҳбудии сифати таълиму тарбия, роҳҳои пешгирии унсурҳои ахлоқи зишт ва амали ғайриқонунии ҷавонон, баланд бардоштани масъулияти ҳар як оила ва падару модар дар тарбияи фарзанд мебошад.

Канораҷӯи намудани падару модар аз таълиму тарбияи фарзандон, нотифоқии падару модарон, аз меъёр зиёд ҳавасмандгардонии фарзанд аз қабили хариди ашёи қимат, дар ҳолати беназоратӣ қарор додани онҳо, ба гурӯҳҳои экстремистӣ шомил шудан ва дар ҳайати гурӯҳ содир кардани ҷиноят, сӯиистифода аз истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ ва моддаҳои нашъаовар боиси рух додани муноқишаҳои оилавӣ ва содир кардани ҷиноятҳо мегарданд.

Барои ҷалби ноболиғон ба истеъмоли машрубот ё моддаҳои мадҳушкунанда, аз ҷумла, маводи нашъадор ва барои аз тарафи волидон ё шахсони дигар ҷалб кардани ноболиғон ба гадоӣ, фоҳишагарӣ, истеъмоли модда ё воситаҳое, ки маводи нашъадор маҳсуб намеёбанд, вале метавонанд ба фаъолияти зеҳнии онҳо таъсири манфӣ расонанд,  ё ба ҳолати мастӣ расонидани ноболиғон ва ба ноболиғон фурӯхтани машруботи спиртӣ ё сигор ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ карда шудааст.

Саркашӣ намудани волидайн аз таъминоти фарзандон шароити ҳаёти онҳоро бад намуда, ба вазъи саломатиашон таъсир расонида, инкишофи муқаррарии ноболиғонро вайрон месозад.

Ҳамзамон, бояд қайд кард, ки мувофиқи талаботи моддаҳои 88 ва 90 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фарзандони болиғи қобили меҳнат низ уҳдадоранд, ки волидони  ғайри қобили меҳнати  ба кумак муҳтоҷи  худро нигоҳубин намоянд ва нисбат ба онҳо ғамхор бошанд.

Бузургони мо оиларо оинаи кӯдак ном бурдаанд. Кӯдак дар ин «оина» ояндаи худро мебинад, барои муносибатҳои шахсии худ дар оянда замина  месозад. Дар он  кӯдак тамоми хислатҳо, рафтору гуфтори манфию мусбии волидайнашро мебинад. Рафтору муносибатҳои калонсолон метавонанд барои кӯдак чун намуна хизмат кунанд. Албатта, ба рафтори кӯдак рафтору амали мардуми атроф низ таъсир мерасонад.

Бовар дорем, ки донишҷӯён, аҳли ҷомеаи ҷумҳурӣ дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, талаботи қонунҳои номбаршуда ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқиро, ки барои зиндагии орому осоишта, пешравии ҷомеа ва рӯзгори нек равона шудаанд, қотеъона риоя менамоянд.

Т.Қодирзода

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj