• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Аз падидаҳои номатлуб дур бояд буд

Доир ба масоили тундравӣ ва ифротгароӣ дар матбуоти илмӣ ва оммавӣ баҳсу мунозараҳо идома доранд. Баъд аз ба даст овардани истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ин мафҳумҳо диду назарҳои гуногун пайдо гардиданд. Ифротгароӣ маънои тундравӣ, моҷароҷӯӣ, зӯровариро дошта, дар ниҳояти кор бо мафҳуми терроризм муродиф аст. Вақте ки мо дар бораи ифротгароӣ сухан меронем, дар назар дошта мешавад ҳамон калимаи тундравӣ. Ин мафҳум аз рӯи моҳияти худ маънои ҳодисаҳои хатарнок, даҳшатангезро дошта, чун одамон онро мешунаванд, дар онҳо ҳамон замон ҳисси хатар, эҳтиёт ва инкор зоҳир мешавад.

Дар ҳамаи давру замонҳо гурӯҳҳои ифротгаро вуҷуд доштанд, бо ин ё он тарз фаъолияти мафкуравию амалӣ зоҳир мекарданд ва аксар вақт нодурустию арзиш надоштани ақидаҳои онҳоро худи таъриху фарҳанги башарият тасдиқ намудааст. Хусусан, дар ҷараёни пайдоиш, таҳаввул ва паҳншавии динҳои ҷаҳонӣ (буддоия, насрония, ислом) ақидаҳои гуногуни динию мазҳабӣ, иҷтимоию сиёсӣ ва фалсафию ахлоқӣ эҷод шуданд, ки боиси сар задани низою муноқишаҳо гардиданд.

Истифодаи истилоҳи «ифротгароии динӣ» ё ки ба ин ё он дин мансуб донистани ин зуҳурот сабаби пайдоиши норозигӣ ва тундравӣ шуданаш мумкин аст. Ислом ё дигар динро манбаи ифротгароӣ эътироф кардан комилан хатост.

Аслан, ягон дин одамонро ба тундгароӣ, золимӣ, бераҳмӣ, куштани одамони бегуноҳ ва фаҳш даъват намекунад.

Баръакс динҳо одамонро ба рафтори парҳезкорона, олиҳимматӣ, риояи қонунҳо, эътироз ба зӯроварӣ ва дигар сифатҳои баланди инсонӣ даъват менамоянд. Аз рӯи адолат нест, ки ба дини инсонпарвар тунгароӣ, золимӣ ва намудҳои гуногуни  зӯроварӣ нисбат дода шавад.

Одамон (яҳудӣ, мусулмон, насронӣ ё бутпараст...) метавонанд, бо ин ё он тарз ифротгаро  ва террорист бошанд, вале дар ҳеҷ ҳолат ин баёнгари он нест, ки масъулияти корҳои онҳо ба ҳамон дине нисбат дода шавад, ки онҳо пайравӣ мекунанд.

Аксаран ҳаракатҳои ноодилона, рафтору муносибати бераҳмона ва дастгирӣ аз ҷониби абарқудратҳо бар он меоварад, ки баъзе ҷавонон ба эҳсос дода шуда, ба корҳои ношоистаи гуногун даст зада, ҳатто, худкушӣ мекунанд, худро метарконанд, гумон мекунанд, ки бо ин роҳ қасос мегиранд. Қисми зиёди чунин рафторҳои ифротгароёна чун таассуб маҳкум карда мешавад.

Дар бораи ифротгароӣ ва хатарҳои он сухан ронда, ба ҳамаи навъҳои он диққат додан лозим аст. Масалан, ифротгароёни сиёсӣ низ хатари ҷиддӣ доранд, чунки онҳо бавуҷудорандаи дигар тамоюлҳои ифротгароӣ мебошанд, аз ҷумла, онҳо динро барои манфиатҳои сиёсии худ истифода бурда метавонанд. Барои пайдо шудани ифротгароӣ сабабҳо ва омили муайян вуҷуд доранд. Бо роҳи зӯрӣ, бо усули бераҳмона бо ифротгароӣ мубориза бурдан хеле мушкил аст. Баръакс, рафтори боадолатона ва хирадмандона дар омӯзиши сабабҳои ба вуҷуд омадани ифротгароӣ имкон медиҳанд, ки чунин ҳодисаҳо пешгирӣ карда шаванд. Дар бисёр ҳолатҳо сабабҳои муносибати одамон ба ҳаракатҳои тундрав ва ифротӣ боиси вайрон  кардани ҳуқуқҳои онҳо, ноуҳдабароӣ дар таъмини тариқи муколама ва дарёфти ҳамдигарфаҳмӣ мешавад.

Байни гурӯҳҳои ҷинояткори ифротӣ, дастаҳои террористӣ ва дигар унсурҳои мафиозӣ аксар вақт ягон мақсади сиёсӣ ё миллӣ вуҷуд надорад. Онҳо фақат кӯшиш мекунанд, ки сарчашмаҳои калони молӣ ва иқтисодиро ба даст оранд ва байни ташкилот ва ҳаракатҳое, ки барои мақсад ва ҳуқуқҳои худ мубориза мебаранд, тафриқа гузоранд.

Омили дигари пайдоиши ифротгароӣ баланд шудани таъсири нуфузи хориҷӣ ба масъалаҳои дохилии кишвар аст. Ба воситаи паҳн намудани таълимоти ҳизбҳои гуногун, ки хилофи таълимоти анъанавии ислом аст, мехоҳанд нооромӣ ва норизогиро байни ташкилотҳои динӣ ва мусулмонон ба вуҷуд оваранд. Чунин ҳаракату ҳизбҳо, ба мисли «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҷамоати таблиғ», «Салафия», «Аҳмадия», ки фаъолияташон дар қаламрави Тоҷикистон манъ шудааст, метавонанд, на танҳо вазъи динӣ, балки вазъи сиёсиро дар мамлакат халалдор намоянд. Барои пешгирӣ кардани ифротгароӣ ва терроризм манбаъҳои молӣ ва иқтисодии фаъолияти ғайрирасмии чунин ташкилотҳои динӣ бояд муайян карда шаванд.

Омили дигари пайдоиши ифротгароии динӣ вазъи иқтисодӣ дар мамлакат мебошад. Ба ҳама маълум аст, ки дар ҳолатҳои вазнини иқтисодӣ бештар назар ба сӯи Худованд медӯзанд ва аз ӯ ёрӣ металабанд. Агар ҳолаташон беҳтар нашавад, онҳо ба сӯи ифротгароӣ майл мекунанд, то ки ба ҳар навъе таваҷҷуҳи ҷомеаро ба худ ҷалб намоянд. Айни замон нафарони зиёде аз бошандагони Тоҷикистон, асосан ҷавонон, бо сабаби набудани ҷойи кор, ба хотири таъмини рузқу рӯзии аҳли оилаи худ ватанро тарк намуда, дар Русия ва дигар кишварҳо кор мекунанд. Дар байни онҳо шахсоне ҳастанд, ки барои таъмини молиявии оилаи худ ба ҳама кор, аз ҷумла, содир кардани ҷиноят омодаанд. Ҳамин тавр, то вазъи иқтисодӣ беҳтар нашавад, то ҷавонон дар ҳудуди Ватани худ бо кори сермаош таъмин карда нашаванд, таҳдиди хатари табдилёбии исломӣ муътадил ба тундрав боқӣ мемонад.

Шамсиддин Файзалиев, магистри соли 2-юми кафедраи сиёсатшиносӣ

 

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj