• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Сиёсати миллӣ чӣ гуна бошад?

Сиёсати миллӣ системаи чорабиниҳои ҳамаҷониба асосноккардашудаест, ки давлат дар соҳаи муносибатҳои миллӣ ба амал мебарорад. Мақсад аз он ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳалли зиддиятҳо байни умумиятҳои миллию этникӣ мебошад. Принсипҳои сиёсати миллӣ таҳлили илмӣ аз фаҳми эҷодии амалӣ гардонидани сиёсати миллӣ; муътадилии сарҳадоти ҳудудии умумиятҳои миллию давлатӣ; баҳисобгирии  баҳамалоқамандӣ ва ба ҳамтаъсиррасони ислоҳот дар соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, маданӣ ва миллӣ; ягонагии сиёсати миллӣ ва ба ҳисоб гирифтани баҳамалоқамандии ҳамаи унсурони он, ёрӣ ба миллатҳои хурд; ташаккули ахлоқи ҳамидаи муносибатҳои байни халқҳо мебошанд.

Самтҳои асосии сиёсати миллиро омилҳои зерин ташкил медиҳанд:

1.  Таъмини баробарҳуқуқии тамоми шаҳрвандони мамлакат новобаста аз мансубиятҳои иҷтимоӣ;

2.  Такмил ва таҳкими ҳамаҷонибаи давлати миллӣ, ки талаботу манфиатҳои тамоми умумиятҳои миллию этникии дар кишвар маскунбударо ҳимоя менамояд;

3.  Васеъ гаштани ҳуқуқ ва озодиҳои намояндагони тамоми умумиятҳои миллию этникӣ;

4.  Кафолати ҳуқуқҳои шаҳрвандоне, ки берун аз воҳидҳои миллию ҳудудиашон зиндагӣ менамоянд;

5.  Таъмини шароити мусоид барои инкишофи озоди фарҳанг ва забонҳои миллӣ;

6.  Бо назардошти сифатҳои корию касбии одамон таносуби намояндагони умумиятҳои миллию этникӣ дар сиёсат оид ба кадрҳо мақоми заруриро соҳиб гарданд.

7.  Ташхиси дурусти роҳҳо ва методҳои самарабахши ҳалли моҷароҳо ва муқовиматҳои байнимиллӣ;

8.  Баҳисобгирӣ ва таъмини таносуби дурусти манфиатҳои миллию интернатсионалӣ (башардӯстӣ);

Дар раванди амалигардии сиёсати миллӣ нақши созанда ва мавзунгари муносибатҳои ҷамъиятиро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо меорад. Он асоси сиёсию ҳуқуқии инкишофи муносибатҳои  миллӣ мебошад. Дар заминаи он бояд консепсияи сиёсати миллӣ ва роҳу воситаҳои амалӣ гаштани он баррасӣ гарданд. Стратегияи инкишофи муносибатҳои миллӣ чун дар тамоми олами мутамаддин бояд ба принсипҳои демократияи комил ва гуманизм асос ёбад.

Дар давраи Шӯравӣ мақсади сиёсати миллӣ инкишоф ва баҳамназдикшавии миллату халқиятҳо ва дар пешомади дур ба ҳам як шудани онҳо амиқ таҳрезӣ гардида буд. Ҳоло вазъият ранги дигар гирифтааст.

Ғояи марказии консепсияи сиёсати миллӣ чӣ гуна бошад?

Мақсади стратегияи сиёсати миллиро нигоҳ доштан ва мустаҳкам намудани давлати унитарии Тоҷикистон ҳамчун Ватани ҳамаи миллату халқиятҳои маскуни он ташкил диҳад. Таъмини баробарӣ, ҳуқуқ ва озодии ҳамаи шаҳрвандон новобаста аз мансубияти миллӣ дар мадди аввал гузошта шаванд.

Сиёсати миллии давлатӣ бояд ба принсипи афзалияти ҳалли асоиштаи сиёсии мухолифат, муқовимат ва моҷароҳо асос ёбад. Чунон ки таҷрибаи кишварҳои гуногун нишон медиҳанд, давлат бояд ҳуқуқи истифодаи зӯриро низ аз рӯи зарурият мавриди истифода қарор диҳад. Истифодаи зӯрӣ, ки асоси ҳуқуқӣ дорад, дар хомӯш намудани задухӯрдҳои ҳарбӣ, ҳалли силоҳи дастаҳои ҳарбии ғайриқонунӣ, пешгирии фаъолияти созмонҳо ва шахсоне, ки даст ба зӯрии ғайриқонунӣ задаанд, нақши саривақтӣ ва мусбат мебозад.

Ҳуқуқи истифодаи зӯрӣ барои давлат аз боиси назорат намудан, ихтиёрдорӣ кардани майдони геополитики кишвар зарур мегардад. Зеро дар сурати ғайр неруҳои гуногуни ҷудоиандоз, минтақагароён мекӯшанд, ки ба зоти худ мустақил бошанд. Чунин муносибат ва амалҳо пояҳои давлатро хароб намуда, онро нотавону заиф мегардонанд. Аз ин хотир, сиёсати фаъоли ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва амнияти кишвар бояд яке аз рукнҳои асосии консепсияи инкишофи стратегии муносибатҳои миллиро ташкил намояд.

Саидаҳтам Давлатов, дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ,

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj