• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Ифротгароӣ хатари ҷаҳонӣ дорад

11-уми октябри соли равон дар факултаи таърих ба ифтихори 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ дар мавзӯи «Ифротгароӣ ва омилҳои хатарафзои он дар ҷомеаи муосири ҷаҳон» конфронс баргузор гардид. Дар ҷамъомад олими шинохтаи ҷумҳурӣ, файласуфи тоҷик Комил Бекзода ширкат варзид. Омӯзгори кафедраи таърихи халқи тоҷик Давлатшоҳ Маҳмудов ҳамоишро ҳусни оғоз бахшид.

Комил Бекзода атрофи мавзӯи зикршуда суханронӣ намуда, ба суолҳои донишҷӯён посух гуфт. Мавсуф, аз ҷумла, қайд кард, ки имрӯз ифротгароӣ мусибати сартосарии ҷомеаи ҷаҳонӣ шудааст. Барои ин, ҳамаи моро мебояд, ки дастаҷамъона алайҳи он мубориза барем. Сабабҳои аслии пайдоиши ин падидаи номатлуби аср, пеш аз ҳама, камсаводӣ ва паст будани фарҳанги инсонию динии як зумра афрод мебошад.

Дар охир муовини декан оид ба тарбияи факултаи мазкур Т.Наҷмуддинов зикр намуд, ки барои пешгирии ифротгароӣ бояд чунин маҳфилҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бештар ба роҳ монда шаванд.

Ҳоҷиакбар Ҳайдаров, донишҷӯи соли

3-юми факултаи

филологияи тоҷик

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj