• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Коррупсия ноадолатӣ ба бор меорад

Коррупсия падидаест, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст ва то ҳол ягон мамлакат ба пурра решакан кардани он муваффақ нашудааст. Дар асоси дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ин мавзӯъ 24-уми октябр вохӯрии донишҷӯён бо муовини якуми сардори раёсати Агентии молиявии мубориза бо коррупсия Шодком Турсунзода баргузор гардид.

Нахуст ректори донишгоҳ, академик Носирҷон Салимӣ аз халал ворид кардани ин падидаи номатлуб ба ҷомеа сухан гуфта, таъкид кард, ки барои пешгирии амалҳои коррупсионӣ ҳар яки мо масъулем. Танҳо дар ҳамин ҳолат метавонем ба решакан шудани он муваффақ гардем.

Шодком Турсунзода аъмоли коррупсиониро дар қатори амалҳои террористиву экстремистӣ барои ҷомеа хатарнок арзёбӣ намуд. Дар тамоми кишварҳо барои поён бурдани сатҳи ин падидаи номатлуб чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Аз ҷумла, дар ҷумҳурии мо низ таъсиси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади кам кардани амалҳои коррупсионӣ роҳандозӣ карда шуд, ки натиҷаи хуб ба бор овард. Чанд соли охир дар Донишгоҳи омӯзгорӣ амалҳои коррупсионӣ ба қайд гирифта нашудаанд. Ин гувоҳи он аст, ки мо дар кам кардани сатҳи коррупсия муваффақ шудаем. Дастгир ва ҳабс кардани шахсони ба ин амалҳо дастзананда натиҷаи дилхоҳ надод. Аз ин рӯ, самти пешгириро тақвият бояд дод, то кор ба ҳабсу ҷарима нарасад. Минбаъд барои амалҳои коррупсионии зердастон роҳбарон низ ҷавобгаранд, зеро онҳо медонанд, ки дар корхона кӣ ба ин аъмол даст мезанад. Дар низоми кредитӣ, ки имтиҳон тариқи компютер сурат мегирад, ноадолатиҳо дида мешаванд. Донишҷӯе, ки дар ҳама дарсҳо иштирок мекунад, баҳои паст ва донишҷӯи дарсгурез баҳои баланд мегирад. Ин ба рӯҳияи донишҷӯёну устодон бетаъсир намемонад. Дар бисёр ҳолат устодон маблағи пораро туҳфа унвон мекунанд. Ҳол он ки туҳфа бояд рамзӣ бошад, на пул. Тибқи тағйироти ба қонун иловагардида ҳаҷми пора муҳим нест, агар дар он аломатҳои коррупсия тасдиқ гардад. Ҷинояткорон аз 1 то 3 сол аз озодӣ маҳрум карда мешаванд. Нафаре, ки аз рӯи ғараз дигареро ба порагирӣ туҳмат мекунад, ӯ низ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Масъалаи муҳими дигар, ки моро бетараф гузошта наметавонад,  терроризм ва шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни ифротгароӣ мебошад. Айни ҳол дар Тоҷикистон 16 ҳизбу ҳаракати ғайриқонунӣ, ки амнияти моро халалдор карданианд, ба қайд гирифта шудаанд, ки яке аз онҳо бо номи «Тоҷикистони озод» амал мекунад. Ватани моро ҳеҷ каси дигар ғайри мо обод намекунад, барои ҳамин, худи мо бояд камари ҳиммат баста барои ободии он бикӯшем. Нахуст тарбияро аз оилаи худ оғоз намоем. Ҷавонони мо интихоби роҳи дурустро бояд ёд гиранд, то дар навбати худ роҳнамои дигарон бошанд.

И.Қосимов

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj