• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Факултетҳо

ФАКУЛТЕТИ БИОЛОГИЯ

Аз 1 сентябри соли 1957 дар заминаи факултети табиатшиносӣ-география  шӯъбаҳои «география-биология», «химия-биология» ва «география» кушода шуд.

Дар соли 1964 бо иқдоми собиқ ректори донишгоҳ профессор Шукуров О.Ш. барои  факулта бо саҳми донишҷӯён ва омӯзгорон  дар  дараи зебоманзараи Ромит маркази таҷрибаомӯзии саҳроӣ, ташкил карда шудааст. Ин лаборатория на фақат ҷои гузаронидани таҷрибаи саҳроӣ, балки  маркази асосии тадқиқоти илмӣ доир ба иҷрои корҳои курсӣ,  рисолаҳои дипломӣ ва номзадӣ ба ҳисоб меравад. Дар кори ободонии ин маркази тадқиқотии илмӣ хизмати донишҷӯён ва устодони факултаи биология Олимов Ғ.Я., Ширяева Н.Г., Қаюмов Ю.Б., Валиев А.И., Ивантсова Л.В. ва дигарон хеле калон аст.

Аз 12 .08.1976 бо фармони вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон   №112 бо мақсади баланд бардоштани сифати тайёр кардани мутахасисҳо  факултети табиатшиносӣ-география  ба факултетҳои «биология-химия» ва «география-биология» ҷудо карда шуданд.

Аз 1 сентябри соли 1976 то моҳи июли 1979 вазифаи декани факултетро н.и.б., дотсент Зубайдов У.З. иҷро карда, дар соҳаи ҷо ба ҷо кардан ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар факултет саҳми босазо гузоштааст.

Аз 26 июни соли 1980 то 1 апрели 1994 вазифаи декани факултетро н.и.б., дотсент Маҳмадзиёев А.М. ба ӯҳда дошт. Дар ин давра дар факултет 6 кафедра: химияи умумӣ, химияи органикӣ ва биологӣ, ботаника, зоология, физиология ва гигиена, методикаи таълимӣ биология ва химия амал мекардаанд. Аз моҳи сентябри соли 1980 то сентябри соли 1990 факултети биология-химия  базаи гузаронидани олимпиадаи умумиитифоқии донишгоҳҳои омӯзгорӣ оид ба ихтисоси биология ва химия интихоб шуда буд. Дар ин олимпиада донишҷуёни факултет фаъолона иштирок карда, дар байни дастаҳои Ҷумҳуриҳои Иттифоқи Шуравӣ ва дастаҳои Масква ва Ленинград, ҷойҳои  якум ва сейюмро ишғол кардаанд. Ба ғайр аз ин, донишҷӯён дар озмунҳои ҷамъиятҳои илмии  донишҷӯёни  Иттифоқи Шӯравӣ иштирок карда, сазовори дипломҳои дараҷаҳои гуногун гардиданд. Масалан, донишҷӯи соли 4-ум Ҷунайдов Ш. бо роҳбарии дотсент Маҳмадзиёев А.М. дар ш. Новосибирск иштирок карда, соҳиби дипломи дараҷаи 2 гардид.

Аз моҳи апрели соли 1994 то моҳи октябри 1997 вазифаи декани факултет ба зиммаи н.и.б., дотсент, Тураев А.К. ва аз моҳи ноябри соли 1997 то декабри соли 1998 ба ӯҳдаи д.и.х., профессор Солиев Л.С. буд.

Бо фармони  Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4.01.1998 таҳти №02-02  ва  фармони ректори ДДОТ №4а _ ОД аз 20  январи  соли 1998 дар заминаи факултети «биология ва химия»  факултетҳои  мустақили «Химия» ва «Биология» кушода шуд.

Вазифаи декани факултети биологияро аз 20 январи соли 1998  то 19 январи соли 2009 д.и.б. Сатторов Т.С., аз  20 январи соли 2009 то 12-уми январи 2013 д.и.б. Раҳимов С., аз 13-уми январи соли 2013 то 6-уми июни соли 2017 н.и.п., дотсент Баротов К.А., аз 7-уми июни соли 2017 то 19-уми ноябри соли 2018 н.и.п., дотсент Шарипов М., ва аз 20-уми ноябри соли 2018 то ҳоло  бошад, ин вазифаро н.и.б., дотсент Ғайратов М.Х.  иҷро карда истодааст.

Факултет шӯъбаҳои  рӯзона бо ихтисосҳои биология, биология-химия, биология-экология ва биохимияи тиббӣ ва ғоибона бо ихтисоси биология ва биология-химия дошта, дар он 4 кафедра:  зоология, ботаника, анатомия ва физология ва методикаи таълимӣ биология   фаъолият мекунанд.

Ҳоло дар факултет (дар шӯъбаи рӯзона ва ғоибона) зиёда аз 1200 нафар толибилмон аз ҷумҳурӣ ва берун аз он ба 3 забон (точикӣ ва русӣ) таҳсил мекунанд.

Дар факултет 2 доктор, 10 дотсент, 7 муаллими калон, 18 нафа ассиситентон,  4 лаборант,   1 мутахассиси пешбари музей, 1 коргузори факултет  ва 1 танзимгари шӯъбаи ғоибона  бо таълиму тарбия донишҷӯён  машғуланд. Барои бо кадрҳои баландихтисос таъмин кардани факултет АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Украина  ва  Донишгоҳҳои шаҳрҳои Санкт-Петербург, Москва, Томск, Бошқирдистон, Киев ва ғайра ҳиссаи арзандаи худро гузоштаанд.

Хатмкунандагони факултет дар мактабҳои миёна, олӣ ва дигар муасиссаҳои  ҷумҳурӣ бомуваффақият кор мекунанд. Дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ зиёда аз 35 нафар хатмкунандагони факулта ба фаъолияти илмию омӯзгорӣ машғуланд.

Дар факултет ба иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ таваҷҷӯҳи зиёд дода мешавад. Мавзӯи корҳои илмии устодон ба хоҷагии халқ ва истеҳсолот вобаста буда, якҷоя бо пажӯҳишгоҳҳои АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта мешаванд. Дар факултет корҳои илмӣ-тадқиқотии шартномавӣ ва супоришӣ иҷро карда мешавад. Дар иҷрои мавзӯи шартномавӣ докторони илми биология С. Раҳимов ва Сатторов Т., дотсентон Ғайратов М.Х., Савлатов С., Баротов К., Шарипов М., Қурбонов А. ва дигарон фаъолона ширкат меварзанд.

Аз соли 2000 -ум сар карда то ҳозир  донишуёни факултет дар олимпиада. ҷомҳои академия ва озмуни «Донишҷӯй ва прогрессии илмӣ-техникӣ» иштирок намуда, дар ҷумҳурӣ пайиҳам ҷои аввал ва ифтихориро  ишғол менамоянд. Дар соли 2018 донишҷӯи курси 4-ум Шарипов С. дар озмуни ҷумҳуриявӣ ва ҷоми академия иштирок карда, ба гирифтани ҷойи аввал дар ҳар ду озмун  сазовор шуд.

Дар факултет осорхонаи зоологӣ ташкил карда шудааст, ки яке аз осорхонаи беҳтарин дар байни донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Дар осорхона баъзе ҳайвоноти Тоҷикистон ва дунё мавҷуд буда, дар ҷараёни таълим истифода мешаванд. Осорхонаи зоологӣ яке  ҷойҳои  дӯстдоштаи хонандагони мактабҳои ш. Душанбе мебошад.

Устодони факултет Сатторов Т.С., Маҳмадзиё­ев А., Султонов С., Савлатов С., Қосимова X.Н., Баротов К., Шарипов М., Ғайратов М.Х., Раҳмадов С., ва дигарон муаллифи китобҳои дарсӣ (аз фанҳои зоология, ботаника, микробиология, генетика,  биологияи умумӣ, ҷаниншиносӣ) барои донишҷу­ён ва мактабҳои миёна ба шумор мераванд. Барои баланд бардоштани сифати таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ бо мактаб-гимназияи №9 ва мактаби №25 ва №53-и ш. Душанбе шартнома баста шудааст, онҳо мактаби базавии факултет ба шумор мераванд ва дар назди онҳо  бо роҳбарии дотсент Баротов К. кабинети методикаи таълимӣ биология ташкил гардидааст.

Бояд қайд кард, ки дар ташкилу баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, дар факултет ва тайёр кардани омӯзгорони биология устодони  варзида профессорон Шукуров О.Ш., Мелникова Т.Г., Бобохоҷаев З., Ахмедова С.А., Сатторов Т.С., Раҳимов С., дотсентон: Ахмедов К.Р., Расулова М.Р., Муқимова Х.М., Станюкович М.Б., Колесникова М.Р., Султонов С., Маҳмадзиёев А.М., Савлатов С.Х., Муродов Ш.Х., Шукронаев С., Қосимова Х.Н.,  Бобораҷабов Б., Абдуллозода Х., Ғайратов М., Раҳмадов С.,  Баротов  К., Қурбонов А., Шамсиддинов Ш., Амонов Б., Ваҳобов А., муаллимони калон: Олимов Ғ.Я., Ибрагимова М.И., Маҳмудова Э.М., Қаҳорова Х.Д., Валиев А.И., Миразоров К., Наҷмидинов Т., Имонов М., Гулахмедов М., Эргашев У., Одинаев Н., Иронова С., Балхова Л.М., Қурбонова Н. С. ва дигарон саҳми арзандаи худро гузоштаанд ва мегузоранд.

 

 
free pokerfree poker

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: www.tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj