• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Қории маъруфи Қуръон дар «бачабозӣ» муттаҳам шуд

Саиди Тӯсӣ (аз рост) ҳамроҳи Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ

Муҳаммади Гандумнажод, маъруф ба Саиди Тӯсӣ, яке аз қориёни маъруфи байналмилалии Қуръон, ба озору азияти ҷинсӣ муттаҳам шудааст. Теъдоде аз шогирдони ӯ эълон карданд, ки дар чанд соли қабл аз тарафи ӯ мавриди сӯиистифодаи ҷинсӣ қарор гирифта ва даъвояшон дар гузашта бе ҷавоб монда буд.

Сухангӯи дафтари қувваи қазоияи Эрон Муҳсини Эжаӣ охири ҳафтаи гузашта гуфт, чаҳор нафар алайҳи Саиди Тӯсии 46-сола шикоят кардаанд. Вай яке аз иттиҳомоти Тӯсиро "ташвиқ ба фасод" номид ва гуфт, ки дар аввал дар ин маврид қарори манъи таъқиб содир шуда буд, аммо додгоҳ ин қарорро бекор кардааст.

Вай афзуд, парвандаи ин қории маъруф барои машварат ба яке аз қозиҳои бодиёнат ва ботаҷриба супурда шудааст. Ин мақоми қувваи қазоияи Эрон дар айни ҳол гуфт, "ахбору матолибе, ки дар мавриди ин парванда мунташир шуд, ҷурми қобили таъқиб аст ва аммо исботи бархе аз иттиҳомот кори мушкил аст. Мумкин аст, ҳақ бо даъвогарон бошад, вале исботашон мушкил аст."

Яке аз даъвогарон гуфтааст, ки Саиди Тӯсӣ ду бор ба номуси ӯ дастдарозӣ кардааст. Ба қавли ин даъвогар, ин ҳодиса тақрибан панҷ-шаш соли пеш, замоне ки 12-13 сол дошт, иттифоқ афтода буд. Ин даъвогар, ба қавли худаш, ба хотири беобрӯ нашудани хонаводаи рӯҳонӣ исмашро ошкор накардааст, вале гуфтааст, дар айёми наврасӣ ба назди Саиди Тӯсӣ рафта ва бовар дошт, ки мисли ӯ донандагони Қуръон барояш ёрӣ хоҳанд дод.

Вай мегӯяд, Тӯсӣ дар ҷараёни тадрис “саволҳои беҷо” медод ва як рӯз бо баҳонаи онки ҳаво гарм аст, ӯро ба ҳаммоми умумӣ бурда, дар онҷо ба номусаш дастдарозӣ кардааст.

Саиди Тӯсӣ

Ин шикояткунанда гуфтааст, то чанд сол ба хотири беобрӯ накардани худу хонаводааш дар ин бора лаб фурӯ баста буд, вале вақте фаҳмид, мисли ӯ ҷавонҳои дигар "қурбонии нафси Тӯсӣ" шудаанд, дар ин бора шикоят кард.

“Аз ин ҳодисаҳо панҷ ё панҷуним сол мегузарад. Вале мебинем, ки ҳукумат алайҳи ӯ кадом коре накардааст”, - таъкид дошт даъвогар. Ӯ гуфт, бо даъвогарони дигар ба додгоҳ чанд далели қонеъкунанда, аз ҷумла ду номаи Саиди Тӯсиро пешниҳод кардаанд.

Баъди пайдо шудани хабари даст доштани қории маъруф дар озору азияти ҷинсӣ миёни тарафдорону мухолифонаш баҳси доғе барпо шуд. Яке аз корбарони хабаргузории Исно аз хонандагон хостааст, ки ба ин бовар накунанд. Аммо яке корбарони Твиттер бо писханд навиштааст, ки “баргузории консертҳо бо ҳадафҳои Ҷумҳурии Исломӣ мухолиф аст, аммо таҷовузи шогирдоне, ки Қуръон меомӯзанд, бо талаботи тарбияи исломӣ мувофиқ аст.”

 

Бознашр аз «Озодӣ», 27-уми октябри соли 2016

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj