• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

«Шеър-ул-аҷам»-раҳнамое дар арсаи адабиёт

Тибқи нақша муаррифии силсилакитобҳое, ки дар матбааи донишгоҳ рӯи чоп омадаанд, давом дорад. 18-уми ноябри соли равон рӯнамоии китоби «Шеър-ул-Аҷам»-и Шиблии Нуъмонӣ баргузор гашт. Ҷамъомадро ректори донишгоҳ, академик Носирҷон Салимӣ оғоз бахшида, аз заҳматҳои Абдухолиқи Набавӣ-тарҷумони асар ёдовар шуд ва дар бораи Шиблии Нуъмонӣ, ин нобиғаи замон, сухансанҷи донишманд маълумот дод. Мавсуф қайд кард, ки бо вуҷуди урдузабон будан Шиблии Нуъмонӣ ба адабиёти форс таваҷҷуҳи хосса дошт. Аз ин рӯ, ба таҳқиқи адабиёти форс миён баста, асари панҷҷилдаи худ «Шеър-ул-Аҷам»-ро иншо кард. Ин китоб раҳнамоест дар уқёнуси бепоёни адабиёт барои ҳар фарди илмдӯст.

Бадриддин Мақсудов, устоди ДМТ, муаррифии «Шеър-ул-Аҷам»-ро рӯйдоди муҳими фарҳангӣ арзёбӣ намуд. Дар охирҳои асри XIX ва аввалҳои асри XX Шиблӣ аввалин муҳаққиқест, ки адабиёти форсиро ба таври муфассал таҳқиқ намудааст. Агар тазкиранависон аз нигоҳи худ ба шоирон баҳо медода бошанд, муаллифи «Шеър-ул-Аҷам» сухансанҷест, ки ҳар як падидаи адабиёти моро санҷида, баҳогузорӣ кардааст.

Мубашшири Акбарзод, мунаққиди шинохта, зикр кард, ки Шиблӣ тазкиранавис нест, балки сухансанҷест, ки ҳусну қубҳи ашъори форсиро дарк карда, дар китобаш нишон додааст. Ҳамчунин, ба ғайр аз маълумоти шарҳиҳолии шоирон Шиблӣ вазъи иқтисодиву иҷтимоии ҳар як давраро муфассал баён намудааст.

Шоир Муҳаммадалии Аҷамӣ қайд кард, ки шеъри форсӣ ҷилваҳои пинҳоне дорад, ки на ҳама онҳоро дида метавонанд. Шиблии Нуъмонӣ ин ҷилваҳоро ошкор карда, пеши назари дӯстдорони ашъор падид овардааст. Сабаби кам будани шоирони номдори имрӯзаи моро Муҳаммадалии Аҷамӣ дар он мебинад, ки мо суханро дар сатҳи олӣ намедонем ва дар уқёнуси сухане, ки гузаштагони мо офаридаанд, шиновари комил нестем. То замоне ки инсон ҳаст, дунё ҳаст, ишқ ҳаст, шеър ҳам боқӣ мемонад.

Дар ҷамъбасти ҷамъомад ректор ин нуктаро ёдрас намуд, ки ҳар боре ки китоберо аз нав мехонӣ, чизи наверо барои худ кашф мекунӣ. Аз ин рӯ, такроран хондани китобҳои хуб ба манфиати кор хоҳад буд.

Илҳоми Абдулло

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj