• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

ШӮРОИ ОЛИМОНИ ДДОТ БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ

Шӯрои олимони Донишгоҳ дар шаш моҳи нимсолаи дуюми соли таҳсили 2017-2018 тибқи нақшаи корӣ 7 ҷаласаи навбативу ғайринавбатӣ доир намуд.

Дар ин ҷаласаҳо  27 масъалаҳои асосӣ, ба монанди: «Ҷамъбасти давраи асосӣ ва омодагӣ ба ташкил ва гузаронидани давраи иловагӣ (триместр)-и сессияи имтиҳонии зимистонаи соли таҳсили 2017-2018», «Созишнома ва қарордодҳо бо донишгоҳҳои хориҷи кишвар ва рафти татбиқи онҳо», «Ҷамъбасти фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ дар соли 2017 ва вазифаҳо дар соли 2018», «Иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Татбиқ ва иҷрои фармон ва дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Чумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳ», «Рафти татбиқи «Барномаи давлатии рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010-2020», «Ҷамъбасти фаъолияти Комиссияи зимистонаи барқарор ва интиқоли донишгоҳ», «Ҳисоботи конференсияи илмии омӯзгорон ва донишҷӯён», «Фаъоляити нашрияҳои донишгоҳ ва такмили бунёдии иқтисодиву техникии он», «Мониторинги сифати машғулиятҳои дарсии омӯзгорони кафедраҳои донишгоҳ» ва ғ. мавриди баррасиву муҳокима қарор гирифтанд.

Дар масъалаҳои ҷорӣ (24) тасдиқи мавзӯъҳои рисолаҳои номзадиву докторӣ, кам кардани маблағи таҳсил ва аз гуруҳи ғайриройгон ба гуруҳи ройгон гузаронидани донишҷӯён, оид ба иваз намудани номи факултетҳо ва дигар масъалаҳои рӯзмарра ҳаллу фасл гардиданд.

Масъалаҳои асосиву ҷорӣ дар асоси лоиҳаи қарор баррасӣ гардида, дар он масъулин барои идомаи фаъолият ва ислоҳи камбудиву норасогиҳо мушаххас вазифадор карда шудаанд.

Дар назди Шӯрои олимон гурӯҳи кории доимоамалкунанда фаъолият мекунад, ки дар се моҳ як маротиба вазъи иҷроиши қарорҳоро дар донишгоҳ санҷида, ба Шӯрои олимон гузориш манзур месозад.

Дар радифи корҳои назаррас дар самти фаъолияти Шӯрои олимони донишгоҳ баъзе камбудиҳо низ мавҷуданд ва бо мақсади ислоҳи онҳо зарур аст:

  • масъалаҳои баррасишавандаро бо лоиҳаи қарор (дар шакли хаттиву электронӣ) дар муҳлати муқарраршуда, яъне як ҳафта қабл аз Шӯрои олимон ба котиб пешниҳод намоянд;
  • қаблан масъаларо дар ҷаласаи факултет, кафедра ва ё шӯъба муҳокима намуда, пас ба Шӯрои олимон пешниҳод созанд;
  • ҳангоми баррасиву муҳокима дар Шӯрои олимони донишгоҳ, таъмини иштироки шахси масъули масъалаи муҳокимашавандаро таъмин созанд.

 
free pokerfree poker

 


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: www.tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj