• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Зери парчам муттаҳид мешавем

Дар чорабиние, ки бахшида ба Рӯзи Парчам дар донишгоҳ баргузор гардид, нахуст ректори донишгоҳ, академик Носирҷон Салимӣ сухан гуфт. Мавсуф Парчамро нишони ягонагии давлату миллат унвон карда, даъват ба амал овард, ки дар муттаҳидӣ зери ин ливо барои ободии кишвар бикӯшем.

Дар идома декани факултаи филологияи тоҷик, номзади илмҳои филологӣ Боймурод Шарифзода дар хусуси таърихи пайдоиши

парчам маълумоти муфассал ироа кард. Дар такя бар қавли ӯ, аввалин парчам пешдомани чармини Коваи оҳангар будааст, ки Кова онро ба нӯги найза гирифта, мардумро ба мубориза бар зидди Заҳҳок даъват намудааст. Подшоҳони баъдӣ низ дирафши ковиёниро арҷгузорӣ намуда, лаълу гавҳар бар он насб мекарданд. Ин пораи чарм, ки бо сангҳои қиматбаҳо оро ёфта буд, то замони халифаи дуюми араб Умар ибни Хаттоб (р) маҳфуз будааст. Баъди забти Порс арабҳо дирафшро ба назди Умари Хаттоб (р) мебаранд. Халифаи араб амр мекунад, ки лаълҳову гавҳарҳоро бигиранд ва чармро оташ зананд.

 

Ҳамчунин, Б.Шарифзода дар бораи маънои луғавии парчам, дирафш, ливо ва байрақ маълумот дода, зикр кард, ки парчам рамзи давлатдорӣ ва ифтихори тамоми миллатҳост.

Барномаи фарҳангӣ дар иҷрои гурӯҳи ҳаваскорони донишгоҳ идомабахши ҳамоиш гардид.

Илҳоми Абдулло

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj