• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Маҳфили «Зарифон» дар факултаи физика

Барои баланд бардоштани завқи донишандӯзии муҳассилин, рағбати  бештари онҳо ба таҷрибаву ҳодисаҳои физикӣ ва омӯхтани кор бо асбобҳои физикӣ таҳти роҳбарии муаллимаи калон Гулчеҳра Бобониёзова дар факултаи физика маҳфили зарифон доир гардид.

Дар маҳфил донишҷӯёни соли сеюм ҳаштнафарӣ ба ду гурӯҳ тақсим шуда, бо номҳои «Эврика» ва «Электрон» қувваозмоӣ намуданд. Муҳибулло Шерматов, Бобоқул Қодиров, Хушнуд Муҳаббатов ва Абдуқодир Неъматов, ки ҳамагӣ мутахассиси соҳа ҳастанд, ба дониши гурӯҳҳо баҳогузорӣ намуданд.

Дар шарти аввали маҳфил сардорони гурӯҳҳо ном ва шиори дастаи худро ташреҳ бахшиданд. Дар шарти дуюм шеърҳои мазмуни физикидошта қироат шуданд. Пешниҳоди саволҳо аз ҷониби барандаи маҳфил ба дастаҳо шарти сеюмро ташкил медод. Шарти чорум нишон додани се таҷриба ба иштирокчиёнро дар бар мегирифт. Дар шарти панҷум сабқат байни сардорони гурӯҳҳо сурат гирифт. Ба ҳар як сардор ду савол ва як супориш доданд, ки бомуваффақият аз иҷрои он баромаданд. Баъди ҷамъбаст маълум гардид, ки дастаи «Электрон» бо касби 62 хол ғолиб омадааст.

И.Қосимов

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj