• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Смартфон насиби кӣ мешавад?

1-уми декабр Рӯзи мубориза алайҳи ВНМО (СПИД) дар тамоми ҷаҳон эълон шудааст. Барои иттилои бештари ҷавонон доир ба ин навъи беморӣ 30-юми ноябр дар донишгоҳ вохӯрии намояндагони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар бо донишҷӯён баргузор гардид.
Нодир Аминзода, масъули иттилоотии ҷамъияти мазкур, дар бораи пайдоиши ин вирус, макони пайдоиш ва давраҳои инкишофи он маълумот дод. Аз ҷумла, зикр кард, ки айни ҳол шумораи ба қайд гирифташудаи беморони ВНМО дар Русия ба 480000 нафар расидааст.
Дар идомаи мулоқот филми мустанад, ки дар он чӣ тавр вирус ба организми инсон дохил мешавад ва ба кадом системаи ҷисм таъсир мерасонад, намоиш дода шуд.
Илҳом Раҳимов, сардори шуъбаи тиббии иҷтимоии ҳамин ҷамъият, бори дигар дохилшавии вирусро ба организм возеҳу равшан фаҳмонд.
Дар фарҷом аз ҷониби И.Раҳимов ба донишҷӯён саволҳо пешниҳод гардид ва шаш фаъоле, ки ба саволҳо посух гуфтанд, барои ба финал баромадан байни ҳам сабқат намуданд, ки дар натиҷа як нафар пирӯз шуд. Ғолиб дар мусобиқаи финалӣ, ки довталабон аз шаш донишгоҳ ширкат меварзанд, қувваозмоӣ менамояд.  Ба ғолиби мутлақ смартфон ва ба дигар иштирокчиён туҳфаҳои мухталиф тақдим мешаванд.

И.Қосимов

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj