• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

Пеш рафтӣ, кор осон мешавад

Дар нишастҳои матбуотие, ки дар донишгоҳи мо баргузор мегарданд, теъдоди нисбатан бештари рӯзноманигорон ширкат меварзанд, ки инро метавон чун як далели таваҷҷуҳ ва эътимоди аҳли қалам ба таълимгоҳи омӯзгорони фардо тавзеҳ бахшид.  Дар ҳамин гуна ҳамоиши навбатие, ки оғози ҳафтаи равон дар донишгоҳамон созмон дода шуд, шумори рӯзноманигорон боз ҳам афзунтар буд.

 

Ин нишаст низ тибқи анъана бо суханронии фишурдаи ректори донишгоҳ, академик Носирҷон Салимӣ перомуни фаъолияти аҳли таълимгоҳ дар нимсолаи дуюми соли сипаригашта оғоз ёфт. Мавсуф, аз ҷумла, зикр намуд, ки таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва ироаи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар аз муҳимтарин рӯйдодҳои давраи мазкур буданд. Дар истиқбол ва таҷлили солҷашни Истиқлолият донишҷӯёни донишгоҳ фаъолона, бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ширкат варзиданд ва ин ҷашн дар радифи фазилатҳои дигараш ба боз ҳам боло рафтани ҳисси ифтихори миллии ҷавонони мо мусоидат кард. Дар донишгоҳ Паёми Сарвари кишвар ҳамовозии самимӣ ва рӯҳбаландии ҳамагониро ба вуҷуд овард ва вобаста ба он тадбирҳои зиёде ба нақша гирифта шуданду татбиқашон шурӯъ ёфтааст.

Ба сурати умум, шашмоҳаи охири соли 2016 барои донишгоҳ давраи пурбору бофайз буд, зеро дар ин давра корҳои зиёде анҷом бахшида шуданд, ки онҳо, пеш аз ҳама, ба такмили сатҳу сифати донишандӯзии шогирдон ва ба тақвияти фаъолияти устодон мусоидат карданд. Яке аз тадбирҳои муҳиму мондагор дар заминаи факултаи педагогика таъсис ёфтани ду факулта- факултаи таҳсилоти ибтидоӣ ва факултаи психология, таҳсилоти томактабӣ ва фарогир буд.

Ин навгонӣ ба фаро гирифтани теъдоди бештари донишҷӯён ба таҳсил, ба бартарафсозии мушкилот вобаста ба норасоии сафи омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ва кормандони соҳибтахассуси муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ мусоидат хоҳад кард. Дар соли гузашта донишгоҳ, ба вижа дар соҳаи табъу нашр дастовардҳои шоиста дошт. Устодони варзида дар ин сол 31 китоби дарсӣ, 15 монография, 65 дастури таълимию методӣ ва беш аз 700 мақолаи илмию методӣ таҳия намудаву ба нашр расонданд. Нашри китобҳои «Донишномаи химия барои наврасону ҷавонон» (муаллиф Л. Солиев), «Шеър-ул-Аҷам» (Шиблии Нуъмонӣ), «Фалсафа» (Р. Назариев, Б. Самиев), «Андар шинохти тоҷикон» (мураттиб Н. Убайдуллоев), «Шарҳи «Гулистон»» (Б. Шарифзода), «Муқаддимаи филологияи эронӣ» (А. Мирбобоев) ва «Этика» (Ш. Бердиев, Б. Шомуродов) ҳодисаи муҳим, на танҳо дар донишгоҳ, балки дар тамоми ҷумҳурӣ гардид. Минбаъд нашри боз як силсила китобҳои муҳиму пурсуд ба нақша гирифта шудааст. Дар донишгоҳ се маҷалла-«Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ», «Муҳаққиқ», «Навруста» ва як рӯзнома-«Омӯзгори ҷавон» мунтазам ва бо сатҳу сифати баланд ба нашр мерасанд ва ба густаришёбии доираи илму донишу пажӯҳиш дар таълимгоҳ мусоидат мекунанд.

Ректори донишгоҳ роҳандозии Барномаи иттилоотии идоракунии донишгоҳро аз дастовардҳои дигари муҳими таълимгоҳ арзёбӣ намуд. Дар идомаи суханрониаш Н. Салимӣ ба масоили марбут ба робитаҳои байналмилалии донишгоҳ, такмили сифати таҳсилот, бознигарии барномаҳои таълимӣ шароити таҳсил ва фаъолияти донишҷӯёну устодон, афзудани маоши кормандон, ободонии муҳити таълимгоҳ ва амсоли инҳо дахл кард ва дар фарҷоми сухани ифтитоҳиаш иброз дошт, ки аз кор кор бархезад, анҷоми фаъолияте барои оғози фаъолияти навин замина мегузорад, он гуна ки фармудаанд: «Пеш рафтӣ, кор осон мешавад, қуллаи нав ҳам намоён мешавад».

Дар қисмати дуюми нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ ва чанде аз масъулини факултаҳо ба суолҳои зумрае аз рӯзноманигорон посух гуфтанд. Намояндагони васоити ахбори омма бештар ба масоили табъу нашр, сифати таҳсилот, ҷалби олимону адибони маъруф ба машғулиятҳо бо донишҷӯён, риояи одобу тартибот, робитаҳои хориҷии донишгоҳ, нақши Паёми Президент дар таҳкими фаъолияти аҳли таълимгоҳ ... таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

 

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj