• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Барои дарси хуб вақт муҳим ё сифат?

Дар семинаре, ки 12-уми январ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, омӯзгори факултаи географияи донишгоҳи мо Шоҳимардон Содиқов роҳҳои истифодабарии усулҳои интерактивӣ дар таълими географияи мактабиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод. Мавриди зикр аст, ки дар семинар аз чор ноҳияи пойтахт омӯзгорони фанни географияи аксар мактабҳо иштирок доштанд.

Нахуст ректори донишгоҳ, академик Носирҷон Салимӣ семинарро оғоз бахшида, қайд кард, ки аз рӯи мушоҳидаҳо таҷрибаомӯзон ба таври бояду шояд дарс гузашта наметавонанд. Аз ин рӯ, дар якҷоягӣ бо омӯзгорони мактабҳои миёна ва мутахассисони соҳаи географияи Донишгоҳи омӯзгорӣ ин мушкилотро ҳал кардан зарур аст.

 

Ш.Содиқов тафовут ва бартарии усули интерактивиро шарҳ дода, таъкид кард, ки ин метод ба инкишофи тафаккури талаба таъсири мусбӣ расонда, хислатҳои пуртоқатӣ, эҳтироми ақидаи дигарон, бовар доштан ба худро ташаккул медиҳад. Ҳамчунин, қайд гардид, ки шавқи хонандагон нисбат ба география хеле поин рафтааст ва омӯзгорон мақсади омӯзиши ин фанро дуруст ба толибилмон шарҳ дода наметавонанд. Ш.Содиқов тариқи тахтаи электронӣ бо слайду нақшаҳои содаву фаҳмо ба омӯзгорон тарзи гузаштани дарсро баён намуд.

Дар идома омӯзгорон андешаҳои худро перомуни семинар изҳор доштанд. Онҳо кам будани соати дарсиро дар мактабҳои миёна омили асосии азхуд нашудани барномаи таълимӣ аз ҷониби хонандагон маънидод карданд. Инчунин, нарасидани асбобҳои аёнӣ (харита, глобус ва дигар ашёи барои фан зарурӣ) ба раванди дарс таъсири манфӣ мерасонанд, қайд карданд омӯзгорон.

Муовини сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ.Муҳиддинов омилҳои пешниҳоднамудаи омӯзгоронро беасос арзёбӣ намуд. Ӯ иброз дошт, ки хонандагони мо то хатми мактаб 2380 соат дарси забони тоҷикӣ мехонанд, вале ҳанӯз ҳам дар баёни мақсад бо забони адабӣ мушкилӣ мекашанд. Аммо меҳмонони хориҷӣ, ки фақат се моҳ дар курсҳои омӯзиши забони тоҷикӣ иштирок мекунанд, бо забони мо буррову равон ҳарф мезананд. Барои таъмини асбобҳои аёнӣ бошад, худи муассисаҳои таълимӣ муваззафанд, зеро онҳо ба маблағгузории сарикасӣ гузаштаанд ва бояд ашёи заруриро барои мактаб харидорӣ намоянд.

Дар поёни семинар аҳли нишаст ба чунин қарор омаданд, ки моҳе як маротиба чунин семинарро ба роҳ монанд, то барои баланд бардоштани мавқеи фанни география дар байни фанҳои дигар табодули назар намоянд.

Илҳоми Абдулло

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj