• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Ободкорӣ мароми мост

Тибқи супориши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи шанбе, 21-уми январ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ ва корхонаҳо шанбегӣ эълон карда шуд. Аҳли донишгоҳи мо низ дар тозагиву ободии донишгоҳ саҳм гузоштанд.

Инчунин, 70 нафар омӯзгор ва корманди донишгоҳ дар маҳаллаи назди соҳил 140 метри  квадратиро ҳамвор намуданд. Дар ҳама факултаву кафедраҳо омӯзгорону кормандон якдилона ба тоза кардани утоқҳои корӣ машғул шуданд. Ҳамчунин, қисматҳои шикастаи фаршу ҷевонҳо таъмир гардиданд.

Кормандони қисми хоҷагӣ ва омӯзгорон дар гирду атрофи донишгоҳ 5000 бех гулҳои мавсимӣ, 2200 бех гули садбарг ва 70 дона арча шинонданд. Коменданти хобгоҳи №2 Маҳмадалӣ Шарифов бо аҳли хобгоҳ илова бар заминҳои назди хобгоҳ бехи дарахтону гулҳои назди роҳравро нарм карданд. Дар шанбегӣ зиёда аз 400 омӯзгору корманд ширкат доштанд. Мавриди зикр аст, ки донишгоҳи мо дар ҳама корҳои ҷамъиятӣ пешсаф аст.

И.Қосимов

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj