• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Тоҷикистон барои рушди туризми дохилӣ тамоми шароитҳои заруриро муҳайё месозад

Қисми илмии донишгоҳ баргузории Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявиро дар мавзӯи «Муҳимияти рушди туризми дохилӣ» муҳимтарин чорабинии илмӣ дар оғози соли 2017 ҳисобида, иттилоъ медиҳад, ки он дар партави супоришу нишондодҳои дар Паёми сарвари давлатамон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикрёфта сурат гирифтааст.

 

Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Муҳимияти рушди туризми дохилӣ» бо ибтикори кафедраи методикаи таълими география ва туризми факултети география ва Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе рӯзи 11 феврали соли 2017 дар толори Шӯрои олимони факултети технология баргузор гардид.

Дар кори конференсия намояндагони Раёсати донишгоҳ, муовини ректор оид ба илм профессор Муллоев А., сардори шуъбаи илм ва инноватсия Сулаймонов И., декани факултети география дотсент Самиев А, профессор кафедраи МТГ ва туризм Муҳаббатов Х., профессори кафедраи геоэкология Эргашев А., мудири кафедраи туризми донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дотсент Қодиров Ф., сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе Мирзоев И. ширкат ва суханрони кардан. Дар маҷмуъ дар кори конференси 25 нафар олимону муҳаққиқони марбут ба соҳаи туризм, омӯзгорон, аспирантону унвонҷӯён, мутахассисон аз идораву ташкилотҳои соҳавӣ ва мактабҳои олии шаҳри Душанбе ва 30 донишҷуёни ихтисоси хизматрасонии ичтимоӣ-маданӣ ва туризм иштирок доштанд.

Дар конференсия маърӯза ва гузоришҳои зерин шунида шуд:

  1. Самиев А. Фархуддинов С. Масъалаҳои омода намудани кардҳо барои соҳаи туризм;
  2. Кодирзода Д., Сафаров У. Мониторинг современного состояния и особенности развития туристической сферы Республики Таджикистан;
  3. Қодиров Ф. Паёми Пешвои миллат ва масоили таҳкими минбаъдаи рушди туризм дар Тоҷикистон;
  4. Қодирова М. Международный опыт и разаработка новых подходов подготовки кадров в Таджикистане;
  5. Ашуралиев М.И. Сармоягузорӣ ба соҳаи туризм ва таваҷҷӯҳи давлату ҳукумат ба ин масъала дар Тоҷикистон;
  6. Ядгарова Г. А. Мақом ва нақши туризми табобатӣ ва беҳдоштӣ дар Тоҷикистон;
  7. Мирзоалиев А.А., Раҳмонов И. К., Икониятҳои соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;
  8. Раҳмонов И. К. Рушди туризм яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёт;
  9. Ҷураев А. Баҳори Кишвар. Роль културного туризма в прчинени туристов по случаю призника “Навруз”
  10. Ибодов Ш. Ҳақбердиев Ҳ. Нақши ландшафтҳои антропогении водии Ҳисор дар рушди туризм ва рекратсия;
  11. Раҳмов М. М. Сабуриён ММ. Сравнительный подход к экологическому туризму на примере Памирского регионе;
  12. Раҳмов М.М. Сабуриён ММ. Туризми эологӣ ҳамчун туризми афзалиятнок дар Тоҷикистон;
  13. Рауфов Р.Н., Имомов А.А. Развития културно-исторического туризма в Таджикикстане.
  14. Рауфов Р.Н., Наимов Х.Ф. Использование водных ресурсов республики для отдыха и туризма;
  15. Ҳисориев Г.Т. Социально – экономические аспекты развития сферы туризма в Республики Таджикикстане;
  16. Наврузова М. А. Соҳаи хизматрасонӣ ҳамчун асоси бизнеси тарабхона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  17. Иброҳимов Р. А. Дурнамо ва монеаҳои рушди туризм дар минтақаи Кӯлоб;
  18. Абдуғаниев  Ш. Қ. Нақши мутахассис дар Рушди Туризми дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  19. Диловаров Р. Д, Ташкили ҳудудии туризм ва рекреатсия дар мавзеи туристӣ ва рекреатсионии Варзоб;
  20. Валиев С. Гулмирзоев Қ. Масъалаҳои ҳифзи захираҳои туристӣ ва рекреатсионии  Тоҷикистон.
  21. Муҳаббатов Х. Содиқов Ш. Имкониятҳои рушди туризми дохилӣ дар Тоҷикистон;
  22. Мирзомуддинов Д. Содиқов Ш. Роҳҳои истифодаи самараноки захираҳои туристӣ-рекреатсионии водии Рашт;
  23. Гуруков Т. Содиқов Ш. Масъалаҳои истифодабарии манбаҳои туристӣ-рекреатсионии дараи Ромит.

Ҷараёни баргузории  конференсияро намояндгони воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон, телевизионии Пойтахт, радиои Тоҷикистон, рӯзномаи Ҷумҳурият ва “Омӯзгори ҷавон” дар гузоришҳои худ инъикос намуданд.

Сардори Раёсати илм ва инноватсия                        Сулаймонов И.О.

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj