• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
15.03.2017 06:05

Паёми Пешво-сармашқи кори мо

Барои тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯёни факултаи психология, таҳсилоти томактабӣ ва фарогир ва факултаи таҳсилоти ибтидоӣ 17-уми феврал вохӯрӣ баргузор шуд.

Декани факултаи таҳсилоти ибтидоӣ  А.Ғаффоров қайд кард, Паёме, ки аз ҷониби Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, барои як соли рушду нумуи кишвар аҳамияти хоса дорад.

 

Декани факултаи психология, таҳсилоти томактабӣ ва фарогир М.Обидова дар бораи эълон гардидани Соли ҷавонон аз ҷониби Пешвои миллат сухан гуфта, қайд кард, ки ҳама заҳмату талошҳои Сарвари муаззами давлатамон аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҷавонони мо бояд босавод, ихтироъкор ва эҷодкору навовар бошанд.

Декани факултаи таърих А.Муродов дар бораи аҳамияти таърихӣ доштани Паём ҳарф зад. Ӯ гуфт, ки дар Паёми Президент якчанд масъалае зикр гардидааст, ки аҳамияти глобалӣ доранд. Яке аз онҳо Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мебошад. Бинобар ин, вазифаи ҷонии ҳар як сокини ҷомеаи мо аз он иборат аст, ки баҳри амалӣ шудани  ин нақшаҳо камари ҳиммат бандад.

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj