• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
15.03.2017 06:08

Донишҷӯи мо-кадбонуи беҳтарин

Тибқи нақша-чорабиниҳои Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо қисми тарбияи донишгоҳи мо 3-юми март дар донишгоҳ озмуни маърифатӣ-фарҳангии «Кадбонуи беҳтарин» миёни донишҷӯдухтарони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва донишҷӯдухтарони донишгоҳи мо баргузор гардид.

Нахуст сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Шоира Саидалиева ҳадаф ва мақсади озмунро, ки дар рушду нумӯ ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи ҳунарҳои миллии духтарон ва мақоми онҳо дар ҷомеа нақш мебозад, баён намуд. Дар озмун муовини сардори Раёсати макотиби олии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудхон Шоев ва муовини ректор оид ба тарбия Раъно Бобокалонова иштирок доштанд.

Озмунро Шоира Саидалиева, муовини сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Саида Зикаева, директори «Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе» Зуҳро Мирзоева ва намояндаи Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Олия Аббосова баҳогузорӣ намуданд.

Ҷавоб ба ду савол, омода намудани хӯриш, хондани суруд дар васфи Ватан ва гиёҳҳои пешниҳоднамудаи ҳайати ҳакамонро аз рӯи таъму бӯяшон муайян намуда, хусусиятҳои шифобахшии онро шарҳ додан, шартҳои озмун маҳсуб меёфтанд.

Дар рафти баргузории озмун эҳтиром ба арзишҳои миллӣ (одоби гуфтору рафтор, либоси миллӣ ва мӯи дарози тоҷикона) ба инобат гирифта мешуд.

Дар натиҷа Муборак Назриева, донишҷӯи факултаи биологияи донишгоҳи мо сазовори ҷои аввал, Азима Сариева донишҷӯи факултаи забони англисӣ ва Ҳабиба Қосимова, донишҷӯи факултаи таърих сазовори ҷои 2-юм ва Фараҳноз Абдураҳимова ва Хоним Шоҳмузаффарова, донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон соҳиби ҷои сеюм гардиданд.

Саидаброр Саидӣ, хабарнигори ҷамоатии «Омӯзгори ҷавон»

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj