• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
27-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК!///ДДОТ ба номи С.Айнӣ рӯзи 10-уми ноябри соли 2018 конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалиро дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор менамояд.



Саидова Гулхумор Зинатовна,
Раиси шӯрои занон ва духтарон



Саидова Гулхумор Зинатовна хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики  собиқ ИДПД  ба номи Т.Г. Шевченко (1990) имрӯза ДДОТ ба номи  Садриддин Айнӣ мебошад. Аз моҳи августи  соли 1990 то имрӯз дар кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  кор кардааст.

Муаллифи зиёда аз 10 мақола мебошад.

Аз давраи фаъолият доштан дар кафедра мунтазам барои  дар амал татбиқ кардани қарору фармонҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати Донишгоҳ, риоя доштани талаботҳои низоми меҳнат, возеҳ кардани ҷаҳонбинии шогирдон, ба низом даровардани барномаҳои таълимӣ, саволномаҳои тестӣ, марҳила ба марҳила навиштани кори илмӣ ҷаҳду талош намудааст.

Саидова Г.З. дар тамоми чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва дигар корҳои ҷамъиятии Донишгоҳ фаъолона ширкат меварзад. Барои татбиқ кардани Қонунҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ, бандҳои алоҳидаи Барномаҳои давлатии марбут ба таҳсилот, илм, тарбия, қарорҳои Мушовараи Вазорати маориф, қарорҳои Шӯрои олимон ва Раёсати Донишгоҳ ҷаҳду талош меварзад.

 
free pokerfree poker

 


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: www.tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj