• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Кафедрахо 54





Боқиев Ҳамза  Олимович

мудири кафедраи забони ва адабиёти тоҷик,
номзади илмҳои  филологӣ, дотсент

E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
Тел: 919 00 20 22




Боқиев Ҳамза  Олимович зодаи деҳаи Каздони н.Айнӣ, в.Суғд мебощад. Ӯ 15-уми январи 1969 дар ҳамин деҳа ба дунё омадаст. Ӯ аз хонадони зиёӣ мебошад. Солҳои (1976-1986) таҳсил дар мактаби миёнаи №5-и ба номи М.Бедил, н. Айнӣ.Солҳои (1986-1987) коргари корхонаи қаннодии н.Айнӣ. Солҳои (1987 – 1989) хизмат дар сафи Қувваҳои Мусалаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, дар ш. Боку, Ҷумҳурии Озарбойҷон. Солҳои (1989-1990)  аъзои колхози  «Тоҷикистон»-и н. Айнӣ. Солҳои (1990-1995) донишҷӯйи факултаи филологияи тоҷики  ДДОТ ба номи С.Айнӣ. Солҳои (1995-1996)  коромӯз-тадқиқотчии кафедраи адабиёти тоҷики ДДОТ. Солҳои (1996-1999) аспиранти  рӯзонаи кафедраи адабиёти тоҷики ДДОТ. Солҳои (1999-2001) муаллими калони кафедраи забон ва адабиёти тоҷики ДТТ ба номи А.И.Сино. Солҳои (2001-2005) мудири кафедраи  фанҳои гуманитарӣ ва маълумоти умумии Коллеҷи тиббии шаҳри Душанбе. Солҳои (2005-2008)  дотсенти кафедраи забонҳои Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон. Солҳои (2008-2009) дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики ДДЗТ ба  номи С.Улуғзода. Аз 01.03. 2009 то 01.04.2015 мудири кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ. Аз 10.09.2015 то 27.01.205 и.в. мудири кафедраи  забон ва адабиёти тоҷики ДДОТ ба номи С.Айнӣ. Аз 27.01.2017 мудири кафедраи  забон ва адабиёти тоҷики ДДОТ ба номи С.Айнӣ. Узви  Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2010).  Аълочии матбуоти Тоҷикситон (2003), «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2005), «Ифтихорнома»-и  Вазорати маориф ва илми ЧТ (2010).

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Собиқаи корӣ

Солҳо

Мансаб

1986-1987

коргари корхонаи қаннодии ноҳияи Айнӣ

1987-1989

хизмат дар сафи Армияи Советӣ

1989-1990

колхозчии колхози «Тоҷикистон»-и ноҳияи Айнӣ

1990-1995

донишҷӯи  факултети филологияи ДДОТ ба номи С.Айнӣ

1995-1996

коромӯз-тадқиқотчии кафедраи адабиёти тоҷики факултети филологияи ДДОТ ба номи С.Айнӣ

1996-1999

аспиранти кафедраи адабиёти тоҷики  факултети филологияи ДДОТ ба номи С.Айнӣ

1999-2001

муаллими калони кафедраи забон ва адабиёти тоҷики ДТТ ба номи А.И.Сино

2001-2005

мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва маълумоти умумии Коллеҷи тиббии шаҳри Душанбе

2005-2008

дотсенти  кафедраи забонҳои ДНТ

2008-2009

дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики ДДЗТ ба номи С.Улуғзода

2009- 2015

мудири кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ

2015- 2017

и.в. мудири кафедраи забони тоҷикии факултети таҳсилоти ибтидоии  ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

27.01.2017

мудири кафедраи забони тоҷикии факултети таҳсилоти ибтидоии  ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

 

КАФЕДРАИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

Кафедра тибқи қарори Шурои  илмии донишгоҳ аз 26-уми  октябри соли 1998 дар заминаи кафедраи методикаи таълими ибтидоӣ бо номи  кафедраи  забон ва адабиёти синфҳои ибтидоӣ таъсис  ёфта буд. Дар аввали таъсисёбӣ ҳайати кафедраро 10 нафар устодон, аз он ҷумла 1 нафар номзади илмҳои педагогика, дотсент, 2 нафар номзади илмҳои филология, ки яке дотсент ва дигаре муаллими калон, 2 нафар муаллими калон (бе дараҷаи илмӣ) ва 4 нафар ассистентон ташкил медоданд. Иҷрои вазифаи мудири кафедра ба зиммаи номзади илмҳои филологӣ, дотсент (ҳоло доктори илмҳои филология) Муллоев А. гузошта шуда буд.

Аз соли 2008 то соли 2015 кафедраи мавриди назар ба кафедраи методикаи таҳсилоти ибтидоӣ ҳамроҳ карда шуд.

Кафедраи забон ва адабиёти тоҷик бо назардошти фанҳои тадрисшавандаи бахши филологӣ, аз ҷумла забони адабии ҳозираи тоҷик, таърихи адабиёти тоҷик, адабиёти бачагона дар шуъбаи таҳсилоти ибтидоӣ, таъсисёбии ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ – забон ва адабиёти тоҷик (2013) ва фарогирии ҳамаи фанҳои бахши филологӣ бо Қарори Шурои олимони донишгоҳ аз 03.07.2015 № 6/8,3 ба номи кафедраи «Назария ва методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик»  таъсис ёфт. Дар кафедра асосан аз рўйи ду равия: адабиётшиносӣ ва забоншиносӣ  корҳои илмӣ дар мавзўи «Нақши илмҳои забон ва адабиёти тоҷик дар таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон» корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бурда мешавад.

Соли 2015 ба сифати мудири кафедра олими соҳибтаҷриба, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Боқиев Ҳамза Олимович таъин гардид.

Дар оғози фаъолияти кафедра ҳайати онро дотсентон Боқиев Ҳамза, Ғаффоров Абдушукур; муаллимони калон Зиёев Маҳмадалӣ, Раҳимов Холмаҳмад, Қаландарова  Дунёзода ва лаборант Одинаева Гулбаҳор ташкил медоданд.

Бинобар  сабаби он ки дар факултет кафедраи методикаи таълими ибтидоӣ амал менамуд, зарурати тағйирот дар номи кафедра пеш омад ва кафедра бо номи «Забон ва адабиёти тоҷик» тағйири ном кард

Кафедра аз рӯйи  равияҳои «забоншиносӣ»  ва “адабиётшиносӣ” корҳои илмию методӣ мебарад. Шумораи умумии китобҳои дарсӣ, дастури таълимӣ ва мақолаҳо зиёда аз 300 номгӯйро ташкил медиҳад.

Айни  замон дар кафедра  омӯзгорон: дотсент Боқиев Ҳ.О., номзадҳои илм, муаллимони калон Ҳамроев Р.З., Ҷӯраев Ҳ.А., Қодирова Д.Л., ассистентон Тағоев С.С. ва Аҳмадхонов К.Н. фаъолият доранд.

Аз ҳисоби устодони кафедра  3 нафар «Аълочии маорифи Тоҷикистон», 1 нафар «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», 1 нафар узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва 3 нафар узви  Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошанд.

 

Ҳайати профессорону омӯзгоронии кафедраи Забони ва адабиёти тоҷик


Ҳамроев Равшанқул Замонович
номзади илмҳои филологӣ, муаллими калон
Е-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
Тел: 927692017

Ҷӯраев Ҳасан Акрамзода
номзади илмҳои педагогӣ, муаллими калон
Е-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
Тел: 935264146

Қодирова Дилноза Лутфуллоевна
номзади илмҳои филологӣ, муаллими калон
Е-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
Тел: 9011111680

Тағоев Салим Саидмуминович
ассистенти кафедра
Е-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
Тел: 935824287

Аҳмадхонов Комрон Наҷбуддинович
ассистенти  кафедра
E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
Тел: 985653200

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj