• Tajik
  • Russian
  • English
Эълон
There are no translations available.

ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН

БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ

734003   ш.Душанбе,   хиёбони Рӯдакӣ, 121,  Тел: 224-13-83  e-mail: This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it

_____________№_____________

Ба иттилои Шумо мерасонем, ки 27 май соли 2017 дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, Конференсияи ҷумҳуриявии илмию-амалӣ дар мавзӯи «Проблемаҳои ҷойгиркунонии қувваҳои истеҳсолкунанда ва рушди иқтисодиёти Тоҷикистон» бахшида ба 90 солагии узви вобастаи академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Қандил Ҷураев гузаронида мешавад. Аз ин ру аз Шумо эҳтиромона хаҳиш менамоем, ки дар конференсияи мазкур иштирок намоед.

 

Самтҳои асосии конференсия

  • Саҳми Қ.Ҷураев дар ҷойгиркунонии   қувваҳои истеҳсолкунанда ва рушди иқтисодиёти Тоҷикистон.
  • Захираҳои обӣ ва таъсири он ба рушди устувори иқтисодиёти  Тоҷикистон.
  • Проблемаи рушди устувори туризм ва рекреатсия
  • Ҷойгиркунонии  самараноки соҳаҳои саноати кишвар.
  • Ҷойгиркунонии  соҳаҳои КАС (комплекси агросаноатӣ)  ва самаранок истифода бурдани захираҳои Замин дар Тоҷикистон
  • Проблемаҳои оқилона истифода бурдани захираҳои меҳнатӣ дар  Тоҷикистон.
  • Баъзе проблемаҳои иқтисодию-иҷтимои дар муносибатҳои берунии Тоҷикистон

Кори конференсия

Ба барномаи илмии конференсия дохил мешаванд: баромадҳои пленарӣ, кор бо сексияҳо, барномаи фарҳангӣ.

Шахсоне, ки дар кори конференсия иштирок кардан мехоҳанд, хоҳиш менамоем, ки то 10.05.2017 с. ба суроғаи Кумитаи тадорукот: 734025. Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 21, ДДОТ баноми С.Айнӣ, ё бо почтаи электоронии This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it дархост барои иштирок ва мақолаи илмию маводҳои баромадиро бо нишон додани суроға, вазифа, ҷои кор ва ё e-mail ирсол намоянд.

Талаботҳо барои таҳияи маводҳои конференсия

Маводҳои баромади дар ҳаҷми то 5 саҳифа, (бо назардошти ҷадвалҳо ва расмҳо дар формати китобӣ, формат А4) нусхаҳои қоғази ва электронӣ, бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод карда  мешаванд.

Нусхаи қоғаз бояд дар компютер бо тахрири Word for Windows чоп карда шавад. Маводҳо бояд, ки барои чопи компютерӣ тайёр бошанд. Times New Roman ё ин, ки  Times New Roman ТJ. Масофаи байни сатрҳо яклухт. Сархат то 0,5 см. Ҳошияҳо: аз чап-2,5 см; аз рост- 1,5 см; аз боло ва поён -2,0 см. Дар боло УДК (аз тарафи  чап) ифода карда мешаванд, дар хати дигар номи мавзуъи бо шрифти  калон навишта шуда, дар сархати нав, ном ва номи  падари муаллифон, дар хати дигар – ташкилот, шаҳр (дар марказ баробар карда шуда) ва пас аз як хат матн ифода карда мешавад.

Кумитаи тадорукот ҳуқуқ дорад, ки маводҳои бар ҳилофи талаботҳои мазкур пешниҳод гардидаро баррасӣ накунад.

Маводҳо дар шакли таҳрирӣ муаллифон нашр карда мешаванд.

Телефонҳо барои тамос +992 919 07 80 70.

Шахси масъул- Қаландаров Аҳрорҷон Аҳмадович

 

Бо эҳтиром,

Ректор                                                                      Н. Салимӣ

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj