• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Баррасии 1328 маърӯзаи илмии устодон ва донишҷӯён дар конфронси  апрелии соли равон

Муовини Ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, профессор Абдусамад Муллоев иттилоъ дод, ки имсол дар конфронси илмии апрелӣ аз ҷониби устодони Донишгоҳ 603 маърӯза ва аз тарафи донишҷӯёни факултаҳои гуногун 725 маърӯза пешниҳод ва баррасӣ гардид.

Ин конфронс рӯзи 17-уми апрел оғоз ва 20-уми апрел ба анҷом расид. Бино ба гуфтаи Муовини Ректори Донишгоҳ  устодони ин боргоҳи маърифату дониш дар қиёс ба як

соли пеш ба конфронси илмии апрелӣ 27 дарсад бештар маърӯза пешниҳод кардаанд. Шумори маърӯзаҳои илмии донишҷӯёни факултаҳои гуногун дар муқоиса ба конфронси апрелии соли 2016  93 маърӯза ё худ 18,8 дарсад бештар буд.

 

Абдусамад Муллоев афзоиши ширкаткунандагон дар конфронси апрелиро далели фароҳам омадани шароти хубу мусоид дар корҳои пажуҳишии устодон ва ҷалби беш аз пеши донишҷӯён унвон крад.

Дар конфронси апрелии соли равон дар маҷмуъ  1328 маърӯзаи устодони кафедраҳои гуногуни Донишгоҳ ва донишҷӯёну унвонҷӯён ба барномаи конфронс ворид гардиданд.

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj