• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

“Ҳаёт як бор меояд”

Чунин ном дошт саҳнае, ки баъди зуҳри имрӯз, 11-уми май меҳмонон аз ноҳияи Панҷакент дар толори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон намоиш доданд.

Саҳнаи диданиву шуниданӣ дар ин бора ки чӣ бояд кард, то насли ҷавон рӯ ба ормонҳои фарҳангӣ дошта бошад, на ки фикри пайвстан ба гуруҳҳоеро дар сар парварад, ки аз онҳо ба ин ҷомеа нафъе нест.

Таҳиягарони саҳна бар ин назаранд, ки танҳо омӯзиш

парвариш ва мутолиаи китоб метавонад садди роҳи ифротгароӣ бошад. Дар ин саҳна аз Муҳайё ном духтаре нақл мешавад, ки бемодар ба камол расидааст. Вале падараш, ки гӯш ба ҳарфу маслиҳат ва машваратҳои моиндар аст, ба тақдиру сарнавишти фарзандаш бепарвост.

 

 

Гулчеҳра бошад дар хонаводаи хуб ба камол мерасад, духтари фаъол дар корҳои мактаб ва пешсафу аълохон дар омӯзиш аст. Оилаи онҳо баръакси оилаи Муҳайё аз пешрафту камолоти духтарашон шод мешаванд ва пайваста мекӯшанд, ки фарзандашон дар оянда шахси донишманду закӣ ба камол расад.

Меҳвари саҳнаҳои баъдӣ атрофи ҳамин ду сарнавишт давр мехӯрад. Модари Муҳайё аз бемории саратон даргузаштааст ва ин духтар орзу доштааст, ки ба Донишгоҳи тиббӣ равад ва иллатҳои марги одамон аз саратон ва бемориҳои дигарро омӯзад. Вале падараш розӣ нест.

Хулосаи муаллифони саҳна ин аст, ки таҳсилро барои духтарону писарон дар аввалият қарор диҳанд ва сиёсати ҳукуматро ҳам ба мардум фаҳмонанд, ки давлати мо хостори саводнок шудани насли наврас аст, чун ҷомеаи ободро шахсоне ободтар мекунанд, ки дониш доранд. Вале касоне, ки аз таҳсил дур мешаванд, дар зиндагӣ ба сад мушкили дигар мепечанд. Инро муаллифони саҳна дар сарнавишти баъдии Муҳайё нишон додаанд, ки соҳиби ду фарзанд мешавад, ки яке маҷруҳ аст. Зиндагии нобасомон дорад, шавҳар бекор ва боз машғул ба айшу нӯш аст.

Дар остонаи вуруд ба донишкадаву донишгоҳҳо ин гуна саҳнаҳо касро ба андеша водор месозанд. Чӣ бояд кард, ки насли мо савод омӯзад?

Намоишро ҳунармандони як бахши Хонаи фарҳанги ноҳияи Панҷакент дар рустое бо номи Ғӯсар, ки дар ҷамоаи деҳоти ба номи Лоиқ Шералӣ ҷойгир аст, рӯйи саҳна оврдаанд.

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj