• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Китобхонаи Донишгоҳи омӯзгорӣ соҳиби бештар аз 130 номгӯй китоби нав шуд

Аз аввали соли равон бойгонии китобхонаи Донишгоҳи омӯзгорӣ бо бештар аз 130 номгӯ китоби нав ғанӣ шуд.

Акнун хонандагон метавонанд боз чанд ҷилд китоби Асосгузори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, китобҳо аз фаъолиятҳои дипломатӣ дар Тоҷикистон, рушди саноату энержӣ, пажуҳишҳои фарҳангиву илмӣ ва ғайра аз наздик ошно ва мутолиа намоянд.

 

Силсилаи китобҳои адибони муосир бо китобҳои “Табъи гуҳаррез”-и Марямбонуи Фарғонӣ, “Шаҳбоз ва Гулноз” ва “Қиссаҳои марғуби зиндагӣ”-и Дӯстмурод Уроқов, “Мӯсафед” ва “Муллобача”-и Аминии Деҳакӣ ва дигарон ғанӣ шудааст.

Дӯстдорони адабиёти классикӣ метавонанд акнун аз Ҳусайн Воизи Кошифӣ “Бадоеъ- ул- афкор” ва “Мунтахаби ашъор”-и Имлои Бухороиро мутолиа кунанд.

Ба китобхона ҳамчунин як силсила китобҳои вазири пешини корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ, аз ҷумла “Тоҷикистон – САҲА муколама ва ҳамкорӣ”, “Дипломатия    Таджикистана”, ”Дипломатияи Тоҷикистон дирўз ва имрўз”, “Многовекторная дипломатия Таджикистана” ва ғайра бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ворид шудаанд, ки чуноне аз номашон пайдост, аз сиёсати дипломатии кишвар ҳикоят мекунанд.

Ҳаводорони пажуҳишҳои адабиву фарҳангӣ ва таърихӣ имкон доранд китоби А. Сабоҳзод “Носиралии сарҳиндӣ ва ҷойгоҳи ў дар  адабиёти  форсӣ” ва боз чанд китоби дигарро варақ занад ва мутолиа намоянд.

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj