• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Суҳбат аз масоили лингвистика, тарҷума ва  методикаи таълими забонҳои хориҷӣ

Ширкаткунандагони Конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ масъалаҳои мубрами лингвистика, тарҷума, адабиётшиносӣ ва методикаи таълими забонҳои хориҷӣ дар мактабҳои олиро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.

Ин конфронс субҳи рӯзи ҷумъа, 19-уми май дар толори фарҳанги Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид.

Ҷонишини Ректори Донишгоҳ оид ба корҳои илмӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдусамад Муллоев дар сухани ифтитоҳии худ ба масъалаи омӯзиши забонҳо дар партави дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дахл кард ва гуфт ҳукумати кишвар барномаҳои зиёдеро дар ин самт рӯйи даст гирифтаву амалӣ мекунад. Вай ҳамчунин гуфт, ки Донишгоҳи омӯзгорӣ омӯзиши забонҳоро ҳанӯз соли 1939 оғоз кардааст ва ҳамон сол дар факултаи таъриху забоншиносӣ як гуруҳи таълимӣ бо ихтисоси забони олмонӣ кушода шуд.  Дар аввалин факултаи забонҳои хориҷӣ, ки соли 1940 боз шуд, ду гуруҳ: як гуруҳи забони олмонӣ ва гуруҳи дигари забони инглисӣ  таъсис шуд. Теъдоди донишҷӯёни он ҳамагӣ 21 нафар буданд. Вале ҳоло вазъ ба гунаест, ки ҳам теъдоди донишҷӯён ва ҳам шумораи кафедраву факултаҳо ва омӯзгорони соҳибтахассус ба он солҳо қиёснашаванда аст.

Дар Конфронс муовини декани факултаи романию германӣ Раҳматулло Куҷов дар як сухани муқаддамотӣ ин таърихи ҳудудан 80-солаи омӯзиши забонҳо дар Донишгоҳи омӯзгориро мухтасар варақгардон кард.

Баъдан дар се бахш ширкаткунандагон мавзуъҳои лингвистика ва типологияи муқоисавӣ, технологияи таълими забонҳои хориҷӣ ва робитаҳои адабӣ ва тарҷумашиносиро баҳс карданд.

Аз ҷумла,  ширкаткунандагони гуруҳи аввал аз А.Ҷаҳонов “Истифодаи феълҳои модалӣ дар забонҳои олмонӣ ва тоҷикӣ”, аз М.Холмуъминова “Ҳоли тарзи амал дар забонҳои тоҷикию олмонӣ”, аз профессор Саъмиддин Ҷоматов “Истифодаи калимоти иқтибосӣ ҳангоми ташкили истилоҳоти морфологии забонҳои тоҷикӣ ва инглисӣ”, аз З.Нурова “Оиди таърихи пешояндҳо дар забони олмонӣ” ва ғайра маърӯзаҳо шуниданд.

Дар гуруҳи дуюм Зулфиқори Р. дар бораи ашъори Ҷомӣ дар осори адиби Олмон  Фридрих Рюккерт, Т.Муҳиддинов “Масал дар адабиёти ҷаҳон”, Ф.Раҷабова “Тарҷумаи осори Саъдӣ ба забони олмонӣ”, Ф.Одинаев “Рюккерт и Хафиз”, З. Одилова “Тарҷумаи асарҳои адибони фаронсавӣ бо забони тоҷикӣ дар замони Шӯравӣ” суханронӣ карданд.

Дар гуруҳи сеюм, ки таҳти роҳбарии профессор З.Сайфуллоева гузашт, масъалаҳои технологияи таълими забони хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ва ширкаткунандагон  паҳлуҳои гуногуни методикаи таълимро ба баҳс кашиданд.

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj