• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Баргузории Шӯрои илмии Донишгоҳи омӯзгорӣ

Ҷаласаи навбатии Шӯрои илмии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ субҳи имрӯз таҳти раёсати Ректори Донишгоҳ, академик Носирҷон Салимӣ баргузор шуд.

Шӯро Шартнома бо унвонҷӯёне, ки аз хориҷи Тоҷикистон рисолаашонро барои баррасӣ ва ҳимоя пешниҳод мекунанд, тасдиқ кард. Ин шартномаи рисолаи илмии

шаҳрвандони хориҷӣ барои дарёфти дараҷаи илмии номзад ва доктори илм дар Шӯроҳои дифои назди Донишгоҳ бе назардошти барномаи омода кардани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ дар шуъбаи аспирантура ва докторантура буда, миёни Донишгоҳ ва шаҳрванди хориҷие, ки рисола пешниҳод кардааст, баста мешавад.

 

Қарор шуд, ки ба Шӯро ва сексияҳои тахассусии адабиётшиносиву забоншиносӣ дар баробари пешниҳод кардани рисола ва фишурдаи он ба забони русӣ як нусха бо забони тоҷикӣ низ пешниҳод шавад.

Дар Шӯро ба он таъкид шуд, ки рисолаву фишурдаи он дар асоси талаботи КАО-и Русия таҳияи ва танзим гардад.

Қатори масоили дигар масъалаи ба ҳимоя иҷозат додани рисолаҳои номзадии Боҳир Раҷабов ва Ҷамшед Шокиров аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров баррасӣ шуд.

Боҳир Раҷабов таҳти роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, профессор Матлуба Хоҷаева дар мавзуъи “Афкорӣ адабӣ-танқидии Лоиқ Шералӣ дар асоси осори публистистии ӯ” рисолаи илмӣ навиштааст.

Мавзуъи рисолаи номзадии Ҷамшед Шокиров бошад “Абдулҳамиди Котиб ва нақши ӯ дар таҳаввули жанри номанигорӣ дар садаи аввали ислом” буда, роҳбари илмии ӯ доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомиддин Зоҳидов мебошад.

Ҷамшед Шокиров ва Боҳир Раҷабов ҳарду устодони Донишгоҳи ёдшудаи шаҳри Хуҷанд мебошанд.

Дар Шӯро масъалаи ба ташхисгарони забоншиносӣ пешниҳод намудани рисолаи Маҳина Калонова дар мавзуъи “Структурно-семантический анализ словообразования именных частей (имя сушествительное и прилагательное) в поэзии Хафиза Ширази» низ баррасӣ шуд. Роҳбари илмии Маҳина Калонова доктори илмҳои филологӣ, профессор Толиб Ваҳҳобов буда, бо забони русӣ иншо шудааст.

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj