• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Гуфтаву ногуфтаҳо аз маҳфилҳои донишгоҳии донишҷӯён

Навиштаи зер аслан гузориши муфассал аз ҷараёни фаъолияти маҳофили Донишгоҳи омӯзгорист. Маҳфилҳо чун идомаи дарсҳои амалӣ дар ҳама фкултетҳо вуҷуд доранд ва теъдоди зиёди донишҷӯён узи онҳоянд.

Тибқи нақшаи кории Раёсати Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барои нимсолаи дуюми соли таҳсили 2016-2017 ҳафтаи гузашта вазъи баргузории маҳфилҳои фаннии донишҷўён ва семинар илмӣ аз ҷониби қисми илмии донишгоҳ мавриди омўзиш қарор дода шуд. Бояд зикр кард, ки Донишгоҳ дар маҷмуъ 58 кафедра (49 кафедраи тахассусӣ ва 9 кафедраи умумидонишгоҳӣ) дорад, ки дар соли таҳсили 2016-2017 дар назди онҳо дар маҷмўъ 66 маҳфили фаннӣ амал мекунад.

 

Санҷиш собит намуд, ки вазъи фаъолияти маҳфилҳои илмию эҷодии донишҷўён ва семинарҳои илмии кафедраҳо дар донишгоҳ   нисбат ба солҳои қаблӣ ва нимсолаи аввал хубтар ба роҳ монда шуд.

Факултети филологияи тоҷик

Дар кафедраи Назария ва таърихи ададбиёт ду маҳфили илмӣ-адабӣ бо номҳои “Адибони ҷавон” таҳти роҳбарии Ҳафизов Т. ва “Адабиётшиносони ҷавон” таҳти роҳбарии профессор Солеҳов Шамсиддин фаъолият дошта, ҳар ду маҳфил моҳе ду маротиба гузаронида мешавад.

Нақшаи кори маҳфил вуҷуд дорад.“Адибони ҷавон” рўзи сешанбе соати 11:00 ва “Адабиётшиносони ҷавон” рўзи панҷшанбе соати 11:00 гузаронида мешавад. Дар маҳфили якум 27 нафар донишҷўён ва дар маҳфили дуюм 29 нафар донишҷўён аъзо мебошанд.

Дар кафедраи Назария ва таърихи забоншиносӣ маҳфили “Забоншиноси ҷавон” амал мекунад. Дар тахтаи эълонҳои кафедра нақшаи маҳфил вуҷуд дорад. Тибқи нақша  ин маҳфил дар нимсолаи дуюми соли хониш 4 маротиба гузаронида шудааст. Суратҷаласаҳо вуҷуд доранд, аммо дар ҷузвдон нусхаи маърўзаҳои донишҷўён дида намешавад. Ба маҳфил 25 нафар донишҷўён ҷалб карда шудаанд.

Дар кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик маҳфили “Методистони ҷавон” амал мекунад. Тавре санҷиш маълум кард, ҳар як донишҷўе, ки дар маҳфил баромад мекунад, оид ба мавзўи худ аёният дар шакли овеза ё худ плакат омода кардааст. Дар нимсолаи дуюм маҳфил се маротиба то ба имрўз гузаронида шудааст.

Факултети забони англисӣ

Дар назди кафедраи Забони англисӣ ва типологияи муқоисавӣ маҳфили “Забоншиносон” таҳти  Роҳбарии ассистенти кафедра У.Қаюмова тибқи нақша  фаъолият менамояд. Аммо суратҷаласаҳои маҳфил бо маърўзаҳои донишҷўён дар ҷузвдони маҳфил ба миқдори зарурӣ вуҷуд надорад. Ба маҳфил 20 нафар донишҷўён аз курсҳои гуногун ҷалб шуда, дар нимсолаи дуюм 6 маротиба ҷамъомад тибқи нақша гузонида шудааст.

Дар назди кафедраи Услубшиносӣ ва назарияи тарҷума маҳфили “Тарҷумон” таҳти роҳбарии ассистент Раҷабалии Қ. амал карда истода, нақшаи кории маҳфил, рўйхати аъзоён, суратҷаласаҳо ва маърўзаю  тарҷумаҳои  порчаҳо аз асарҳои бадеии донишҷўён мавҷуд ҳастанд.

Дар назди кафедраи Методикаи таълими забони англисӣ таҳти роҳбарии Ҳалимова З. маҳфили “Омўзгори ҷавон” тибқи нақшаи маҳфил фаъол буда, ба он 15 нафар донишҷўён узвият доранд.   Маҳфил тибқи нақша дар нимсолаи дуюм 4 маротиба  гузаронида шудааст.

Дар назди кафедраи Филологияи забони англисӣ таҳти роҳбарии ассистент Н.Аҳатов Маҳфили “Забондон” гузаронида мешавад. Ба маҳфил 15 нафар донишҷўён аъзо буда, он тибқи нақшаи тасдиқшуда баргузор мешавад. 

35 нафар донишҷӯён дар маҳфили “Кишваршинос”-и кафедраи Забонҳои шарқ, ки таҳти роҳбарии муаллима Д.Шодмонова мегузарад, узвият доранд.

 

Факултети забонҳои романӣ-германӣ

Дар кафедраи Забони олмонӣ ва методикаи таълими он маҳфили“Тарҷумони ҷавон”амал мекунад, ки роҳбарии онро муаллима З. Хоркашова ба уҳда дорад. Ба мафҳил 25 нафар донишҷўён ҷалб карда шуда, суратҷаласаҳои  маҳфил вуҷуд доранд. Маҳфил тибқи нақша доимӣ ва саривақт баргузор мешавад.

Дар кафедраи Забони франсавӣ ва методикаи таълими он бошад, маҳфили “Тарҷумони ҷавон” таҳти роҳбарии муаллими калон Т.Муҳиддинов амал мекунад.  Вазъи баргузории маҳфил дар маҷлиси кафедра баррасӣ шуда, тибқи нақша фаъолона гузаронида мешавад.

Факултети забон ва адабиёти рус

Дар кафедраи Адабиёти рус ва чаҳон маҳфили “Адиб” таҳти Роҳбарии А.Наврўзов дар ҳайати  15 нафар аъзоёни маҳфил фаъолият менамояд. Суратҷаласаҳои маҳфил маърўзаҳои донишҷўён мавҷуд буда, вазъи баргузории маҳфил дар маҷлиси кафедра баррасӣ шудааст.

Дар кафедраи Забони муосири рус ва забоншиносии умумӣ маҳфили “Каломи русӣ” таҳти роҳбарии ассистент Потёмкина Н.Б. амал мекунад. Маҳфил тибқи нақша гузаронида шуда истодааст. Суратҷаласаҳо ва маърўзаҳои донишҷўён дар ҷузвдони маҳфил вуҷуд доранд.

Факултети таърих

Дар кафедраи Таърихи халқи тоҷик маҳфили “Занд” таҳти роҳбарии Маҳмудов Д. амал мекунад. Ба маҳфил 22 нафар донишҷўён аъзо мебошанд. Маҳфилҳо сари вақт гузаронида шуда, суратҷаласаҳо мавҷуданд.

Дар назди кафедраи Таърихи умумӣ маҳфили “Ховаршинос ” таҳти роҳбарии Ш. Ҷонмуродов амал мекунад. Маҳфил 35 нафар аъзо дорад. Дар ҷузвдони маҳфил ҳисобот, проктоколҳои маҳфил ва маърўзаи донишҷўён нигоҳдорӣ  карда мешавад.

Дар назди кафедраи Ҳуқуқ маҳфили “Ҳуқуқшиноси ҷавон” фаъол аст. Онро Н. Шарипов роҳбарӣ мекунад. Ба маҳфил 20 нафар донишҷў аъзо буда, маҳфил дар нимсолаи дуюм 4 маротиба гузаронида шудааст.

Дар назди кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ маҳфили илмӣ бо номи “Роҳнамо” амал мекунад. Роҳбари маҳфил ассистент С. Абдуҷабборзода буда, суратҷаласаҳои он ва маърўзаҳои донишҷўён вуҷуд доранд.

Факултети география

Дар кафедраи Туризм ва методикаи таълими георафия маҳфили “Сайёҳ таҳти роҳбарии Д.Мўсоев фаъолият менамояд. Аъзои маҳфил  27 нафарро ташкил намуда, тавре ки санҷиш нишон дод, маҳфилҳо гузаронида шудаанд, вале суратҷаласаҳои ба таври комил дар ҷузвдони дўхта нашудааст.

Дар кафедраи Георафияи иқтисодӣ-иҷтимоӣ маҳфили “Географ” таҳти роҳбарии  Ҳ. Ҳақбердиев  дар ҳайати 24 нафар донишҷўёни болаёқат фаъолият дорад. Маҳфили мазкур тибқи нақша амал намуда, дар нимсолаи дуюм 4 маротиба баргузор шудааст.  Суратҷаласаҳо оиди баргузории маҳфил дар ҷузвдони маҳфил дўхта нашудааст.

Дар кафедраи Географияи табиӣ маҳфили илмӣ бо номи маҳфили “Глобус” таҳти роҳбарии ассистент Ҳ. Наимов амал карда, дар нимсолаи дуюм 3 маротиба гузаронида шудааст. Суратҷаласаҳо ва маърўзаи донишҷўён вуҷуд  доранд. Ба маҳфил 24 нафар донишҷў аъзо мебошад.

Дар кафедраи Геоэкология маҳфили илмии “Эколог” роҳандозӣ шудааст. Суратҷаласаҳои маҳфил вуҷуд доранд. Тавре ки санҷиш нишон дод, маҳфил тибқи нақша таҳти роҳбарии С. Валиев амал мекунад.

Факултети биология

Дар кафедраи Зоология маҳфили “Зоологони ҷавон” таҳти роҳбарии муаллими калон М. Имонов моҳе ду маротиба - рўзҳои паншанбе аз соати 13:00 то соати 14:00 баргузор мешавад. Суратҷаласаҳои маҳфил ва маърўзаҳои донишҷўён дар ҷузвдони маҳфил маҳфуз аст. Вазъи баргузории маҳфил дар маҷлиси кафедра баррасӣ шудааст.

Дар кафедраи Биологияи умумӣ маҳфили “Биологони ҷавон” таҳти роҳбарии ассистент Миразоров К. амал мекунад. Тавре ки дар ҷараёни санҷиш маълум гардид, ҳар моҳ ду маротиба  маҳфил рўзҳои ҷумъа соати 13:00 баргузор мегардад. Суратҷаласаҳо ва маърўзаҳои донишҷўён дар ҷузвдони маҳфил вуҷуд доранд.

Дар кафедраи Анатомия ва физиология маҳфили “Физиологони ҷавон” дар ҳайати  22 нафар донишҷўён бо Роҳбарии омўзгори калон С. Иронова фаъолият менамояд. Маҳфил дар нимсолаи дуюм 3 маротиба гузаронида шудааст.

Дар кафедраи Ботаника маҳфили “Ботаникони ҷавон” таҳти  роҳбарии ассистент Н.Қурбонова фаъолият дошта, маҳфил дар нимсолаи дуюм 3 маротиба баргузор шудааст. Суратҷаласаҳо ва маърўзаҳои донишҷўён вуҷуд доранд.

 

Факултети химия

Дар кафедраи Технология ва экологияи химиявӣ маҳфили “Экологони ҷавон” дар ҳайати 59 нафар донишҷў таҳти роҳбарии М.Усмонов гузаронида мешавад. Тавре ки дар ҷараёни санҷиш  маълум намуд,  маҳфил  моҳе  2 маротиба тибқи нақша  баргузор мешавад. Вале суратҷаласаҳо пас аз маҳфил дар кафедра дида нашуд.

Дар кафедраи Методикаи таълими химия маҳфили “Омўзгори ҷавон” таҳти роҳбарии ассистент М.Файзуллоева гузаронида мешавад. Суратҷаласаҳои маҳфил дар кафедра дида намешаванд.

Дар кафедраи Химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ маҳфили илмии   “Ҳалли масъалаҳо аз химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ” бо  Роҳбари ассистент М.Ҷумаев тибқи нақша гузаронида шуда истодааст. Суратҷаласаҳо дар кафедра  мавҷуд мебошанд.

Дар кафедраи Химияи органикӣ ва биологӣ маҳфили илмии “Ҳалли маъалаҳо аз химияи органикӣ ва биологӣ” амал мекунад. Маҳфилро номзади илмҳои химия Д.Муродов роҳбарӣ мекунад. Маҳфил дар нимсолаи дуюм 4 маротиба гузаронида шудааст. Вале дар ҷузвдони маҳфил суратҷаласаҳовуҷуд надоранд.

 

Факултети математика

Дар кафедраи Алгебра ва назарияи ададҳо маҳфили “Алгебра ва назарияи ададҳо” амал мекунад. Дар нимсолаи дуюм маҳфил 4 маротиба гузаронида шуда,  дар кафедраи Анализи математикӣ маҳфили “Анализи математикӣ ва назарияи наздиккунӣ” таҳти роҳбарии доктори илмҳои физика ва математика М. Азизов ва  М. Холиқова амал мекунад. Тавре санҷиш нишон дод, маҳфил ҳар рўзи панҷшанбе ду маротиба дар як моҳ гузаронида мешавад.

Дар кафедраи Методикаи таълими математика ду маҳфил, яке бо номи “Ҳалли масъалаҳои мушкилфаҳм” ва дигаре “Методикаи таълими математикаамал мекунанд. Роҳбарони маҳфил дотсент М.Маҳкамов ва  муаллими калон Х.Хушов мебошанд.  Маҳфилҳо тибқи нақша гузоронида шуда истодааст.

Дар кафедраи Геометрия маҳфили “Пайравони Евклид” таҳти роҳбарии  К.  Бойматов  тибқи нақша то ба имрўз се маротиба гузаштааст. Суратҷаласаҳо вуҷуд доранд.

Дар кафедраи Технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ маҳфили “Барномасозони ҷавон” амал мекунад. Маҳфил 14 нафар аъзо дошта аз ҷониби О.Муртазов гузаронида мешавад.

 

Факултети физика

Дар кафедраи Физикаи назариявӣ маҳфили “Мафҳумҳои физикӣ ва ҳалли масъалаҳои душворфаҳм” амал мекунад, ки он таҳти сарпарастии З.Нуриддинов мегузарад. Санҷиш нишон дод, ки ин маҳфил дар сатҳи хуб роҳандозӣ шудааст.

Дар кафедраи Физикаи умумӣ маҳфили “Хосиятҳои гармофизикии моддаҳо” амал мекунад. Маҳфил аз ҷониби дотсент А.Неъматов роҳбарӣ карда мешавад. Маҳфил дафтари қайд дорад, вале суратҷаласаҳои он дар ҷузвдони маҳфил вуҷуд надоранд.

Дар кафедраи Методикаи таълими физика ду маҳфил бо номҳои “Омўзгори ҷавон” ва “Ҳалли масъалаҳои физикаи мактабӣ гузаронида мешавад. Маҳфилҳо тибқи нақша амал карда, суратҷаласаҳо ва маърўзаи донишҷўёни аъзои маҳфил вуҷуд дорад.

 

Факултети иқтисодиёт дар соҳаи маориф

Дар кафедраи Баҳисобгирии буҳалтерӣ маҳфили илмии “Ҳисобдон” амал мекунад ва он аз ҷониби муаллима Норову сарварӣ мешавад. Маҳфил тибқи нақша мегузарад ва суратҷаласаҳо дар шакли дастнавис вуҷуд доранд.

Дар кафедраи Менеҷменти молиявӣ бошад, маҳфили “Менеҷмент” таҳти роҳбарии ассистент Л.Сулаймонова гузаронида  мешавад. Маҳфил дар нимсолаи дуюм гузаронида  шуда, баъзе  маърўзаҳову маводи маҳфил ҳаст, вале суратҷаласаҳо вуҷуд надоранд.

Дар кафедраи Назарияи иқтисодӣ маҳфили “Иқтисоддони ҷавон” бо роҳбарии ассистент Ҳ. Ализода фаъол аст. Суратҷаласаҳо ва маърўзаҳои донишҷўён вуҷуд доранд.

 

Факултети технология ва соҳибкорӣ

Дар кафедраи Технология ва соҳибкорӣ як маҳфил бо номи “Дастони моҳир” таҳти роҳбарии ассистент М.Холова гузаронида мешавад. Нақшҳои маҳфилҳо вуҷуд доранд. Дар ҷузвдони маҳфил баъзе суратҷаласаҳои онҳо вуҷуд надоранд.

Дар кафедраи Технология ва мошинсозӣ маҳфили “Дўстдорони автомобил” таҳти роҳбарии дотсент Н. Олимов моҳе ду  маротиба мегузарад.

Мащфили “Рассомон ва лоиҳакашони ҷавон” мансуб ба кафедраи Технология ва механикаи амалӣ мебошад, ки он низ тибци нацша ба таври доимӣ баргузор мешавад.

 

Факултети педагогика

Факултети педагогика  соҳиби ду маҳфили донишҷӯён аст. Аз ҷумла, кафедраи Педагогика ва психология маҳфили “Педагог-психологи ҷавон” дорад, ки таҳти роҳбарии муаллимаи калон М. Мамадносирова мегузарад ва он 37 аъзо дорад.

Маҳфили “Ҳусни баён”-и кафедраи Забон ва адабиёти тоҷик-ро Х. Раҳимов сарварӣ мекунад ва он низ аз ҷумлаи маҳофили фаъол ба шумор меравад.

Факултети психологияи таҳсилоти томактабӣ ва фарогир

Дар кафедраи Педагогикаи махсус ва таҳсилоти фарогир маҳфили “Медонам ва метавонам” таҳти роҳбарии Г.Одинаева гузаронида  мешавад.

Инчунин дар кафедраи Назария ва методикаи таҳсилоти томактабӣ маҳфили “Дунёи кўдакон” низ фаъол аст, ки онро доктори илмҳои педагогӣ Б. Маҷидова сарварӣ мекунад. Дар маҳфили мазкур оид ба масъалаҳои таълим ва тарбияи кўдакони имконияти маҳдуддошта  маърўзаҳо баррасӣ шуда, ҷамъомадҳои он маҳфил дар сатҳи хело баланд гузаронида мешавад.

 

КАФЕДРАҲОИ УМУМИДОНИШОҲӢ

Дар назди кафедраи Тарбияи ҷисмонӣ панҷ маҳфил: “Шоҳмот” (таҳти роҳбарии Намозов Т.Б.), “Варзиши сабук” (таҳти роҳбарии Гадоев М.А.), “Волейбол” (таҳти роҳбарии омўзгори калон Муминов Ф.С.), “Баскетбол” (таҳти роҳбарии Шамсидинов Ҳ.М.), “Тенниси рўи миз” гузаронида мешаванд.

Дар кафедраи Психологияи умумидонишгоҳӣ маҳфили “Психологони ҷавон”, дар кафедраи Сиёсатшиносӣ маҳфили “Сиёсатшиносони ҷавон, дар кафедраи Забони русӣ маҳфили “Изучаем русский язык” дар кафедраи Педагогикаи умумӣ маҳфили “Омўзгори ҷавон”  дар кафедра Забонҳои хориҷӣ маҳфили “Чамани андеша”, дар кафедраи Фалсафа маҳфили “Файласуфи ҷавон”  роҳандозӣ шудааст. Ин маҳфилҳо низ тибқи нақшаи чорабиниҳо фаъоланд, ҳарчанд на ҳамаи онҳо суратҷаласа доранд, ё ҳаддиақал онро нигоҳ надоштаанд.

Пӯшида нест, ки ташкили маҳфилҳои фаннӣ яке аз воситаҳои муҳими беҳтар шудани раванди таълиму тарбия ва фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии донишҷўён маҳсуб меёбад. Аммо, мутаассифона, тавре омўзишу таҳлил нишон медиҳад, фаъолияти аксарияти маҳфилҳои фаннии донишҷўён дар маҷмўъ ба мақсаду вазифа ва ҳадафҳои аслии чунин маҳфилҳо ҷавобгўй нест. Масалан, маҳфилҳои фаннӣ қадами аввалини донишҷўён дар самти машғул шудан ба кори илмию таҳқиқотӣ маҳсуб мешаванд. Дар ин раванд бояд ба омода намудани маърўзаву рефератҳо диққат дод, ки баъдан дар маҳфилҳо ва ё дар конфронсҳои илмии факултету кафедраҳо мебояд шунида шаванд. Аммо ҳеҷ роҳбари маҳфил натавонист татбиқи амалияшро нишон диҳад.

Илова ба ин тарзи ташкили кор, тартиб додани нақшаи фаъолият, навиштани суратҷаласаҳои қариб қисми зиёди маҳфилҳо ба талабот мувофиқ набуда, дар баробари ҷой доштани ғалатҳои зиёди имлоиву китобатӣ, инчунин тарҳрезии беҳтару ҷиддитар ниёз доранд.

Чанд пешниҳод дар ин замина

Барои ташкили фаъолияти дурусту ҳадафноки маҳфилҳои фаннии донишҷўён ба назар гирифтани нуктаҳои зерин ба мақсад мувофиқ аст:

-  дар кори таҳияи нақшаи фаъолияти маҳфилҳо, интихоби мавзўъҳои таҳқиқотӣ, ҳуҷҷатдорӣ, навиштани суратҷаласаҳо ва пешниҳоди маълумоти кафедраҳо ва роҳбарони маҳфилҳо таваҷҷўҳи бештар зоҳир намоянд;

-  ҳар як маҳфил бояд дар протокол дарҷ шуда, дар ҷузвдон нигоҳдорӣ шавад;

-  маърўзаҳои беҳтарини донишҷўён бояд ба конфронси солонаи донишҷўён пешниҳод карда шаванд;

-  бинобар талаботи имрўзаи донишгоҳ дар самти навиштани корҳои курсӣ ва рисолаҳои хатм, бояд кўшиш кард, ки донишҷўёни болаёқати факултетҳо ба маҳфилҳои фаннӣ ҷалб карда шавад;

-  аъзои маҳфилҳо бо самтҳои илмӣ-таҳқиқотии фаъолияти устодони кафедра шинос кунонида шаванд, то дар мавриди зарурӣ вобаста ба мавзўи реферату маърўзаҳои худ донишҷўён ба онҳо муроҷиат намоянд;

-  кафедраҳоро зарур аст, ки оид ба фаъолияти маҳфилҳо ва натиҷаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотии аъзои он ба қисми илмии донишгоҳ ҳар семоҳа ҳисоботи муфассал пешниҳод намоянд;

-  тавсия карда мешавад, ки маҳфилҳо минбаъд дар як моҳ як маротиба гузаронида шаванд. Ин имконият медиҳад, ки ҷаласаҳои маҳфилҳо бо омодагии бештар гузаронида шуда, натиҷаи дилхоҳ ба даст оварда шавад.

 

Ҳабибулло Сатторов,

Роҳбари баҳши таҳияи грантҳо

ва лоиҳаҳои инноватсионӣ

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj