• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Забону адаби форсии тоҷикӣ дар пажуҳишҳои академик Семёнов

Ба андешаи олими тоҷик “А. Семёнов  дар шинохт, баррасии тарҷумаи ҳол, мероси илмиву адабӣ ва нақши Абӯалӣ ибни Сино дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ аз пажуҳандагони дараҷаи аввал маҳсуб меёбад”.

Касоне, ки ба пажуҳиш сарукор доранд, номи Александр Семёновро борҳо шунидаанд ва аз навиштаҳои ин олими пуркор истифода низ кардаанд.

Дар фаъолияти илмии А. Семёнов забони форсии тоҷикӣ ва мақому манзалати он дар байни забонҳои ҳиндуаврупоӣ аҳамияти вижа дорад,- менависад донишманди тоҷик, докторанти соли дуюми факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Бибисаломат Файзуллоева.

 

Ба андешаи олими тоҷик “А. Семёнов  дар шинохт, баррасии тарҷумаи ҳол, мероси илмиву адабӣ ва нақши Абӯалӣ ибни Сино дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ аз пажуҳандагони дараҷаи аввал маҳсуб меёбад”.

Кист Александр Семёнов?

Александр Александрович Семёнов аз ҷумлаи маъруфтарин шарқшиносони олам аст, ки дар шиносоии фарҳангу тамаддуни миллати мо хизматҳои шоистае кардааст.

Семёнов соли 1873 дар деҳаи Полное Конобеево Шаскии вилояти Тамбовский дида ба олам кушодааст. Баъди хатми Институти муаллимии Екатеринскии Тамбови Семёнов ба Институти забонҳои шарқи Маскав дохил шуд ва онро соли 1900 ба ихтисоси шарқшинос ба анҷом расонид. Семёнов соли 1898 бо ҳамроҳии Алексей Алексейвич Бобринский ба экпедитсия ё сафари тўлонӣ, ки аз Самарқанд шурўъ гардида, ба воситаи кўҳҳои Зарафшон, Қаротегин, Дарвоз ва водии дарёи Панҷ идома ёфт, ҳамроҳӣ кард, ки идомаи сафари онҳо ба деҳаи Калъаи Хумб ва водии дарёи Яхсу буд. Онҳо тадриҷан ба рустоҳои Ҳисор ва дар анҷом ба Самарқанд расиданд. Натиҷаи сафари онҳо дар китоби «Очерки этнографии кўҳҳои Зарафшон, Қаротегин ва Дарвоз» дар соли 1903 нашр гардид.

Вай дар соли 1921 дар факултаи Шарқии донишгоҳии Осиёимиёнагӣ дараҷаи профессориро соҳиб гардид. Соли 1954 А.А. Семёнов ба ҳайси директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва этнографии Академияи улуми Тоҷикистони шуравӣ буд.

Китоби «Дар бораи пайдоиши Сомониён» ва гузориши «Нақши Осиёи Марказӣ дар паҳн намудани арзишҳои моддӣ ва маънавӣ» ба қалами ӯ мутааллиқанд.

Ин олими барӯманд зиёда аз аз 50 китоб, мақолаҳо ва рисолаҳои илмӣ навиштааст, ки аксарияти онҳо муаррифгари фарҳанг ва тамаддуни миллати тоҷик аст.

 

Доктори илмҳои таърих, профессор ва яке аз муассисони Донишгоҳи Тошканд, академики Академияи улум Тоҷикистони Шӯравӣ, аъзо-корреспонденти академияи улуми Узбекистон, директори институти таърих, бостоншиносӣ ва этнографии Тоҷикистони Шуравӣ буд.

Дар бораи хизматҳои академик Семёнов дар таблиғи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ руҷуъ кунед ба мақолаи Бибисаломат Файзуллоева бо номи “Масъалаҳои забону адаби форсии тоҷикӣ дар пажуҳиши А.А. Семёнов, ки ахиран дар маҷаллаи Муҳаққиқ” чоп шудааст.

Ёдовар мешавем, ки “Муҳаққиқ” маҷаллаи илмӣ-омӯзишии муҳаққиқони ҷавон буда, нашрияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад.

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj