• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Баррасии мавзуъоти фармоишии илмӣ-тадқиқотие, ки давлат сармоягузорӣ мекунад

Сивушаш нафар омӯзгорон Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ атрофи 9 мавзўи илмӣ-тадқиқотии фармоишӣ, ки аз ҳисоби буҷаи давлатӣ 368, 559,00 сомонӣ сармоягузорӣ шудааст, саргарми корҳои пажуҳишанд. Аз ин 36 нафар 12 нафар докторон, 15 нафар номзадони илм ва 9 нафар асссисентонанд.

Тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани натиҷаи корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва бо мақсади таҳлилу натиҷагирии мавзўъҳои илмию тадқиқотӣ, ки аз буҷети давлат маблағгузорӣ карда мешаванд гурўҳи корӣ дар ҳайти мутахассисони  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, ки дар назди Шўрои ҳамоҳангсозии Корҳои илмӣ-тадқиқотии Академияи илмҳои Ҷумҳўрии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, мавзўъҳои лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотии аз буҷаи давлат маблағгузоришавандаро мавриди санҷиш карор дод.

Санҷиш бо мақсади таҳлилу натиҷагирии лоиҳаҳои илмию тадқиқотӣ, ки аз ҳисоби буҷаи давлатӣ дар 36 Муассисаи таҳсилоти олии кишвар дар доираи 331 лоиҳа маблағгузорӣ шудааст, гузаронида шуд. Ба ин натиҷа расиданд, ки як қисми мавзўъҳои фармоишӣ дурнамои пажуҳишӣ надоранд ва зарурати идомаи ин тарҳҳо нест.

Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди таҳлил ва натиҷагирӣ чунин қарор кард, ки  аз 331 лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотии фармоишӣ 24 лоиҳа бо сабаби фаъолияти хуб надоштан қатъ карда шавад, дар ин радиф лоиҳаи илмӣ-тадқиқотии «Асосҳои психологию педагогии ташаккули донишҳои элементарӣ оиди фанҳои табиӣ-илмӣ дар хонандагони синфҳои ибтидоӣ», ки дар факултети педагогика бо роҳбарии Бегимов Ҳ. корҳои илмӣ бурда мешуд катъ карда шуд.

Дар давоми сол аз ҷониби омўзгороне, ки ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ  машғуланд барои баланд бардоштани иқтидори  илмии Донишгоҳ кушиш карда, ба комёбиҳои назарраси илмӣ ноил гардиданд. Аз ҷумла, онҳо дар конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳурӣ ва донишгоҳ ширкат карданд. аз натиҷаи пажуҳишҳои худ 77 мақолаи илмӣ, 30 фишурдаи маърӯзаҳои илмӣ таҳия карданд.  13 мақола дар маҷаллаҳои бонуфузи хориҷи кишвра, 40 мақола дар рӯзномаву маҷаллаҳои дохили мамлакат чоп карданд.

Панҷ дастури таълимӣ-методӣ, 2 монорафия ва як китоби дарсӣ таҳия ва чоп шуд.

Бахши корҳои илмӣ-тадқиқотӣ барои пешрафти самти илми донишгоҳ нисбати дарёфт ва кор бо лоиҳаҳои илмӣ ва грантҳои хориҷӣ кўшиш ба харҷ дода истодааст. Ба нақша гирифтани проблемаҳои бунёдӣ, ки фарогири масъалаҳои муҳим мебошад, имрӯз масъалаи асосӣ дар назди раёсати донишгоҳ маҳсуб меёбад.

Дар маҷмўъ, иҷрокунандагони мавзўъ аз рўи нишондодҳои марҳилаи аввали тадқиқ, ки ба фароҳамоварии маводи илмӣ ва адабӣ бахшида шудааст, машғул шуда, барои равнақ бахшидани тадқиқот аз имконоти мавҷуда истифода мекунанд.

Ҳамзамон аз ҷониби Бахши корҳои илмӣ-тадқиқотӣ барои соли 2017-2021  4-лоиҳаи нав барои маблағгузорӣ пешниҳод карда шуд, 2 лоиҳа аз ташхиси Шўрои ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бо маблағи 593, 360 сомонӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳўрии Тоҷикистон  маблағгузорӣ гардид.

Ва як лоиҳаи грантӣ дар ҳамкори бо Вазорати маориф ва илмӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи “Дигаргуншавии иқлим ва таъсири он ба захираи пиряхҳои Тоҷикистон” ба фонди Байналмилллии Покистон ба маблағи  1,33000 доллар пешбинӣ шуда, ба рўзҳои наздиқ мавриди пазириш ва маблағгузорӣ қарор хоҳад гирифт.

Зикр бамаврид аст, ки бахши корҳои илмӣ-тадқиқотӣ барои баланд бардоштани сатҳи  дониш  дар самти истифода аз техникаву технологияи муосир, барои ҳамкорӣ дар ин самт ба Сафири фавқулода ва мухтори Ҳинд дар шаҳри Душанбе дархост оид ба маблағгузорӣ дар як лоиҳаи нав ирсол намуд. Умедворем, ки дар рўзҳои наздик мавриди пазириш қарор ҳоҳад гирифт.

Ҳабибулло Сатторов,

Роҳбари баҳши таҳияи грантҳо

ва лоиҳаҳои инноватсионӣ

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru