• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Чопи чорумин шумораи “Тулӯи сухан”

Чорумин шумораи замимаи маҷаллаи “Навруста” - “Тулӯи сухан” дар ҳаҷми 400 саҳифа аз чоп баромад.

Дар ин шумора намунаҳо аз беҳтарин нигоштаҳои адибони олам, ки солҳои гуногун дар кишварҳои мухталиф чоп шудаанд, ҷой гирифтаанд.

Хонандагон метавонанд дар ин шумора аз адибони шинохтае чун Артур Конан Дойл, Ҷ. Даррелф, Оскар Роналд Даторн, Агата Кристи, Элизабет Кинзи, Теодор Драйзер, Ҷорҷ Крокин, Морли Калахан, Ҷон Рид, Ҷон Инвер ва дигарон намунаҳо бихонанд.

Намунаҳо аз осори адибони зикршударо аз забони асл донишҷӯён Гулдаста Неъматхонова, Шодихон Зиннатов, Шамсия Давлатова, Шавкат Қурбонов, Абдулло Давлатов, Майрамбӣ Қаландарова, Нигина Раҳимова, Раҷаббӣ Мадудова ва дигарон тарҷума кардаанд.

Нашри “Тулӯи сухан” падидаи соли таҳсили  2016-2017 буда, тибқи қарори Раёсати Донишгоҳ хатмкунандагони риштаи бакалавр дар заминаи асноди расмӣ муаззаф гардида буданд, ки ба сифати кори дипломӣ як асарро аз адиби машҳури бурунмарзӣ аз забони асл дар ҳаҷми 50-100 саҳифа тарҷума кунанд.

Бино ба қарори ёдшуда тарҷумаи донишҷӯён то рӯзи имтиҳони давлатӣ бояд дар шакли китоби алоҳида интишор ёбад. Дар шумораи аввали “Тулӯи сухан” тарҷумаҳои шаш нафар аз донишомӯзони ихтисоси забони муосири инглисӣ гирдоварӣ ва нашр шуда буд.

То ин замон чорумин китоб аз ин силсила рӯйи чопро дидааст, ки ин аз табъу завқи ба тарҷумаи адабӣ доштаи донишомӯзон ҳикоят мекунад.

Маҷаллаи “Навруста” чанд сол пештар  бо ибтикори Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ бо ҳадафи эҳёи мактаби тарҷума  ва тарбияи тарҷумонҳои ҷавон таъсис шудааст.

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj