• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Баҳси ҷадидону маорифпарварон аз марҳила ба марҳилаи дигар

Он чи то ҳол дар бораи ҷадидизм навиштаем, аз илм дур аст, зеро мо онро фақат танқид мекардем, балки дашном медодем”.

Муҳаммадҷон Шакурӣ

Таърихи аввали садаи ХХ халқи тоҷик саҳифаҳои зиёди норушан дорад ва ин бахш шояд ҳоло ҳам як бахши комилан омӯхтанашуда боқӣ мондааст. Ҳарчанд то кунун даҳҳо асарҳо дар ин бора навишта шудаанд, вале аксари онҳо дар инкори ҳамдигаранд. Бахусус, арзёбии мафкураи ба истилоҳ “ҷадидон” дар давраҳои гуногун таҳаввулоти зиёдро пушти сар кард.

Дар оғоз сиёсати коммунистии солҳои аввал намегузошт, ки маорифпарварон, ки ҳамон ҷадидон буданд, чун неруи мутарақии замони амирӣ ва як қувваи пешрафта ва зидди маорифи манғитӣ муаррифӣ шавад. Ҳадаф шояд он буд, ки мубориз бо анъанаҳои куҳан танҳо ҳизби болшевикӣ шинохта шавад. Аз сӯйи дигар ин ба сифр баробар кардани тамаддуни пешрафтаи Осиёи Марказӣ буд. Яъне, мехостанд бигӯянд, ки тамаддунро коммунистон оварданд, мактаб мактаби коммунистист.

Ҳоло гузарем аз умумигӯӣ ва руҷуъ намоем ба мақолаи докторанти  факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Комрон Ҷӯраев, ки ақидаҳои зидду нақиз дар бораи ҷадидонро таҳлил кардааст ва исбот намуда, ки арзёбии фаъолияти онҳо зина ба зина дучори таҳаввулот шуда, имрӯз барои омӯзиши ақидаи маорифпарварон роҳҳо бозтар ва фазо мусоидтар шудааст.

Муаллиф дар мақолаи “Ҷадидия ҳамчун марҳилаи нави афкори маорифпарварӣ”, ки маҷаллаи  илмӣ-омӯзишии муҳаққиқони ҷавони донишгоҳ “Муҳаққиқ” чоп кардааст, ҷадидияро “падидаи мураккабтарини таърихӣ, фарҳангӣ ва сиёсии мардумони минтақа” номидааст ва навиштааст, ки бо гузашти як садсола ҳам баҳс атрофи ин мафкура ҳамоно идома дорад.

Муаллиф менависад, ки “Аз ошноӣ бо осори ҷадидон чунин бармеояд, ки онҳо аз мавқеъи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аз ақибмондагии фарҳанги ҷомеа ва ҳукмронии ҷаҳлу бесаводии мардуми худ сахт нороҳат буда, беҳбдии вазъи омма, адолати иҷтимоӣ, рафъи зулму ситами мансабдорони давлатию маҳаллӣ нисбат ба мардумро мехостанд. Ҷадидон ақида доштанд, ки барои рафъи ин камбудиҳо бояд таълиму тарбияро дастраси мардум гардонд, то ки мардум аз хоби ғафлат бедор шаванд ва зиндагии шарафмандона дошта бошанду ҳақиқати худро дарёбанд”.

Аммо ба назар мерасад ҳадафи муаллифи мақола таҳлили марҳилаҳои шинохти ҷадидон аз ҷониби донишмандон дар асри ХХ аст. Дар оғоз ақидаҳо дар бораи онҳо манфӣ буданд ва таҳлилҳо нишон медоданд, ки ин афрод барои ҷомеа чизи наве наоварданд, асари шоистаи ислоҳгарӣ таълиф накарданд ва ҳамаи иддиои онҳо пуч буду ба ҷомеа нафъ надошт. Вале дар марҳилаҳои баъдӣ афкори илмӣ тағйир ёфт. Бо нашри китобҳои намояндагони барҷастаи ин равия таҳлилҳо маънии дигар гирифтанд.

Мақолаи таҳлилӣ дар маҷаллаи “Муҳаққиқ” чоп шудааст ва ҳар касе мехоҳад муфассал он он ошно шавад, пас шумораи 18-уми ин маҷалларо дастрас ва мутолиа намояд.

 

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru